АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА ҲАСТ
Қисмати саввум
Бовар надорам, ки ин ҳама аз ёди шумо баромада бошад. Дар сарҳадҳо, чуноне, ки ашхоси бовариноки ман нақл мекунанд, чи қадар марду занро, аз ҷавонону пирон, паронданд. Аллоҳ ба гузаштагонамон ва ба тариқи зулм фавтидагон раҳмат карда бошад!
Ҳамаи ин бало ва мусибат магар ба хотири вайрон шудани низоми амн дар Тоҷикистон набуд!? Худ бояд дарк кунед, ки сабаби вайронии амн ҳамон асҳоби аҳзоби сиёсӣ ва ғайри сиёсии Исломӣ ва ғайра буданд. Боз намедонам, ки чаро ва бо кадом ақлу фаросат шумо шомили ин ва он гурӯҳ ва аҳзоби Исломӣ мешавед. Ҳоло онки сад дар сади роҳбарони кишвари мо мусалмонанд аз ҳама чизи муҳим он аст, ки нагуфта намонад, дар Ислом ҳизбгароӣ нет. Чуноне, ки Аллоҳ таъоло фармуд:
Яъне, “Ҳамчун итоъаткунанда, ба сӯи Ӯ муроҷиъат кунет ва намозро бар пой доред ва аз мушрикон мабошед. Аз касоне, ки дини хешро фирқа-фирқа карданд ва дар натиҷа ҳизбҳо шуданд. Ҳар ҳизб ба он чӣ, ки дорад фараҳман аст”. (Сураи Рум, ояти 31-32).
Ин оёти карима, далолат ба он мекунад, ки Ислом ҳизбгароиро ҳаром қарор медиҳад. Гарчӣ, асҳоби ин ё он ҳизб, аз ҷаҳолат инро қабуд надоранд
Аз Аллоҳ масъалат дорам, ки дидаи мо ва шуморо ба дидани ҳаққ боз кунад!
Аллоҳ таъоло фармуд:
Яъне, “Ва ҳар кас, ки аз ёди ман эъроз кунад, зиндагиаш танг шавад ва дар рӯзи қиёмат нобино машҳураш созем”. (Сураи Тоҳо, ояти 124).
Зарари чаҳорум: Дар фитна афтидан аст; дар фитнаи шаҳват ва дар фитнаи шубҳа. Ҳангоме, ки низоми амн вайрон шавад, мардуми бад аз контрол берун мешаванд, ба дуздӣ ва ғоратгарӣ ва ба фаҳшу зинокорӣ даст мезанад. Инро фитнаи шаҳват меноманд.
Мардуми заъифимон, аз дину ойин дур мешаванд, ба дигар дину ойинҳо ва ба ҳар гурӯҳҳои мухолифи Исломӣ ва ғайри исломӣ шомил мешаванд. Инро фитнаи шубҳа меноманд. Зеро чунин касҳо, пеш аз фитна, аз Ислом ба тариқи дуруст маълумот надоштанд ва диндорияшон, тақлидӣ буд. Умедвор ҳастам, ки аз шумо касоне ҳаст, ки ин ҳодисаҳоро дида аст!
Аллоҳ таъоло фармуд: Яъне, “Онон, ки аз фармони ӯ сар печӣ мекунанд, бояд битарсанд, ки мабодо ба онҳо фитнае ё азобе дардовар бирасад!”. (Сураи Нур, ояти 63).
Зарари панҷум: Дар муқобили он амн, ки қадри онро бисёр касҳо намедонанд, ба вуҷуд омадани анвоъи гуногуни хавф аст. Вайрон шудани низоми амни сиёсӣ, иқтисодӣ, муҳит, иҷтимоъӣ, сиҳҳӣ, фикрӣ, нафсӣ ва ғайра, ки ҳисобаш нест, ба ҳалокат рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Зеро тамоми инҳо амнталабанд.
Зарари шашум: Бе қадр ва бе арзиш шудани ҷони ҳама ҷондор, хусусан ҷони инсон. Касе кушта мешавад, намедонад, ки чаро кушта шуд ва кушанда низ намедонад, ки чаро мекушад!?
Аз Шақиқ ривоят мекунанд, ки Абдуллоҳ ва Абу Мусо нишаста суҳбат мекарданд ва Абу Мусо дар суҳбат чунин гуфт: Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва ало олиҳи ва саллам, чунин фармуд:
“Пеш аз Қиёмат рӯзҳое пеш меояд, ки илмро бардошта мешавад ва ҷаҳолат ҳама ҷоро фаро мегирад ва қатл бисёр мешавад”.
Субҳоналлоҳ! Бародарон ва хоҳарони азиз! Воқеъан ҳама ин ношукрии неъмати амн ва вайрон кардани низоми он ва ин хунҳои ноҳақро рехтан, аз ҷаҳолат буданашонро ин ҳадиси мазкур далолат карда истодааст. Вой бар ҳоли он касоне, ки аз ҷаҳолат низоми амни Тоҷикистонро вайрон карда истодаанд ва вой бар ҳоли он касоне, ки инро дидаву дониста хомушанд.
Шайхамон, Муҳаммад Иброҳими Асарии Мисрӣ, Аллоҳ онро муҳофазат кунад, бисёр вақт дар маҷлиси илм чунин суханро вирди забон мекунад: “Ҳақро дониста сукуткунанда, шайтони лол аст ва ҳақро надониста ҳарфзананда, шайтони нотиқ аст”.
Абуҳурайра, разияллоҳу анҳу, аз Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва ало олиҳи ва саллам, чунин ривоят мекунад, ки фармуд: “Қасам ба он Зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, дунё нахоҳад рафт, то ба сари мардум рӯзе наояд, ки қотил намедонад, чаро кушт ва кушташуда низ намедонад, ки чаро онро куштанд”. Пурсиданд, ки ин чигунааст? Ӯ, саллаллоҳу алайҳи ва ало олиҳи ва саллам, фармуд: “Кушокушист; кушанда ва кушташуда ҳарду дар оташи ҷаҳаннаманд”.
Инаст далел ба он ҳодисаи хунине, ки дар сари мардуми ситамдидаи тоҷик фаромад ва низ он ҳодисае, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва баъди он ходимони давлатро ба қатл расониданд. Оё шумо гумон мекунед, ки ин қотилҳо аз рӯи ҳаққоният вайҳоро ба қатл расониданд ва оё он қатлшудагони марҳум донистанд, ки чаро эшонро ба қатл расониданд!?
Мо ҳама бояд, ки ба Аллоҳ паноҳ бибарем, то чунин вақту, чунин ҳол ба сари мо наояд!
МАСЪУЛИЯТИ МО ДАР БАРОБАРИ АМАЛӢ ГАРДОНИДАНИ АМН
Акнун навбат ба вазифаи мо шаҳрвандон расид, ки чӣ бояд кард, то амн дар ин кишвар амалӣ ва маҳфуз гардад!?
Шак нест, ки масъулияти мо дар баробари амни Тоҷикистон, ин танҳо ба ходимони амни давлат, бо тамоми ақсомаш вобаста нест. Балкӣ ин корест ба ҳар фарди мусалмон ва сокини ин кишвар вобастагӣ дорад ва барои он як чанд далел аст:
Аз ҷумла далоиле, ки ҳифзи амн дар Тоҷикистон масъулияти ҳама шаҳрвандон аст:
-ин ҳифзи Дин, ҷон, номус, мол ва ақл аст. Зеро бе амн ягонтои ин панҷ заруриётро ҳифз ва ҳимоя карда намешавад.
Наход ки душмане омада Динатонро вайрон карда истад ва сӯи қасди ҷони мардуми бегуноҳ кунад ва номуси касеро таҷовуз кунад ва дузде моли мардумро ғорат кунад ва маводдеро ба кишваратон дохил гардонад, ки мардумро аз ақл бегона кунад ва аз ҳамаи ин корҳои ҷиноятӣ шумо огоҳ бошед ва ба хадамоти давлат хабар накунед ва ҳамаи инро ба ӯҳдаи давлат супоред ва худро канор ва бетараф қарор диҳед!.
Ин хатост! Мо бояд, ки барои пешгирии ин корҳои ҷиноятӣ аз ходимони амн заррае дур набошем ва гарна дар пеши Аллоҳ ҷавоб хоҳем дод!
Шотибӣ, раҳимаҳуллоҳ, чунин гуфт: “Уммат, ҳатто тамоми миллат муттафақанд, ки шариъатро барои муҳофазат ва ҳимояи панҷ заруриёт гузошта шудааст ва мурод аз онҳо: Дин, ҷон, номус, мол ва ақл аст”.
Низ аз ҷумла далоиле, ки ҳифзи амн дар Тоҷикистон масъулияти ҳама шаҳрвандон аст:
-ин амалӣ гардонидани манфаъат аст, ҳам барои бандагон ва ҳам барои кишвар ва барои ин амн лозим аст. Зеро нест ҳаёт бе амн ва қонунҳои илоҳӣ ба хотири ҷалби манфаъат ва дафъи вайронӣ омадаанд.
Низ аз ҷумла далоиле, ки ҳифзи амн дар Тоҷикистон масъулияти ҳама шаҳрвандон аст:
-ба корҳои писандида амр кардан ва аз корҳои нописандида боз доштан аст, зеро ин амал аз сифатҳои ин уммат аст. Бинобар ин, даъват ба амни Тоҷикистон кардан, дар амр ба корҳои писандида дохил мешавад ва аз вайрон кардани низоми амн боз доштан, дар наҳйи аз мункар дохил мешавад. Ин сухани Аллоҳ таъоло аст. Аз ҳамин хотир касе, ин низомро вайрон кунад, ӯ аз гуфтаи Аллоҳ мухолиф хоҳад шуд. Аллоҳ таъоло фармуд:
Яъне, “Шумо беҳтарин уммате ҳастед аз миёни мардум падид омадаед, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунед ва ба Аллоҳ имон доред. Агар аҳли китоб низ имон биёварданд, барояшон беҳтар буд. Баъзе аз эшон мӯъмин аст, вале бештарашон табоҳкоранд”. (- Сураи Оли Имрон, ояти 110).
Аз ин ояи карима бар меояд, ки чун мо амр ба корҳои писандида накунем ва аз корҳо нописандида боз надорем, мо аз ин сифати беҳтарият, маҳрум хоҳем шуд.
Субҳоналлоҳ! Чи қадар инсонҳо ҳастанд, ки аз ин сифати беҳтарият маҳруманд. Аллоҳ таъоло аҳли имонро васф кардааст, ки чун ба эшон имконият диҳад, парчами амр ба корҳои писандида ва наҳй аз корҳои нописандидаро бар пой хоҳанд кард. Аллоҳ таъоло фармуд:
Яъне, “Ҳамон касон, ки агар дар замин имконияташон диҳем, намозро бар пой медоранд ва закот медиҳанд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд. Ва саранҷоми ҳамаи корҳо ба Аллоҳ аст”. (Сураи Ҳаҷҷ, ояти 41).
Имрӯз шукри Аллоҳ, ки барои мо Аллоҳ таъоло ҳамаи ин имкониятҳоро дар Тоҷикистон дода аст, хусусан ба ходимони Дин. Мо бояд, ки аз ин имконият истифода барем ва барои амни ин кишвар талош бикунем. Низ аз ҷумла далоиле, ки ҳифзи амн дар Тоҷикистон масъулияти ҳама шаҳрвандон аст:
-мо бояд, ки шарр ва бадии аҳли фасодро ва аҳли ботилро аз кишвари хеш дафъ бикунем ва дасти касонеро, ки аз беақлӣ ва беилмӣ ягон кори ноҷӯя мекунанд бигирем ва боз дорем ва набаяд, ки хешовандӣ, бародарӣ ва дигар ёру ёрбозӣ моро аз ин амали бузург боз дорад. Зеро дар акси ҳол, дар мо сифате аз сифатҳои бади Банӣ Исроил дохил мешавад.
Ин кор ва ин хислати бад ба мардуми мо низ сироят кардааст. Ин оқибати ёрбозӣ аст, ки кишвари амн ва ороми мо рӯз аз рӯз гирифтори хавфу хатар аст. Ин чунон хислати бад аст, ки инсон ба сабаби он, монанди Банӣ Исроил муҷиби лаънат хоҳад шуд. Аллоҳ таъоло фармуд:
Яъне, “Аз банӣ Исроил, онон, ки кофир шуданд, ба забони Довуд ва Исо писари Марям лаънат шуданд ва ин лаънат подоши исён ва таҷовузашон буд. Аз кори зиште, ки мекарданд, якдигарро наҳй намекарданд ва ҳаройина бадкорӣ мекарданд. Бисёре аз эшонро мебинӣ, ки бо кофирон дӯстӣ меварзанд. Бад аст он чӣ пешопеш барои худ фиристоданд. Хашми Аллоҳ бар онҳост ва дар азоби ҷовидонаанд. Агар ба Аллоҳ ва паёмбар ва он чӣ бар ӯ нозил шуда, имон оварда буданд, кофиронро ба дӯстӣ намегирифтанд, вале бештарашон фосиқонанд”. (Сураи Моида, ояти 78 то 81).
Низ аз ҷумла далоиле, ки ҳифзи амн дар Тоҷикистон масъулияти ҳама шаҳрвандон аст: -ин ба анҷоми корҳои неку тақво, ҳамкорӣ кардан аст ва дар корҳои баду таҷовуз ҳамкорӣ накардан аст. Аллоҳ таъоло фармуд: Яъне, “Ва дар некӯкорӣ ва тақво ҳамкорӣ кунед ва дар гуноҳу таҷовуз ҳамкорӣ макунед”. (Сураи Моида, ояти 2).
Аз Маъқал писари Ясор, разияллоҳу анҳу ривоят мекунанд, ки Расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва ало олиҳи ва саллам, чунин фармуд: “Кадом бандае, ки Аллоҳ онро дар раъиййате роҳбар қарор диҳад ва он насиҳатро барояшон дареғ дорад, бӯи ҷаннатро ҳисс нахоҳад кард”.
Ин ҳадис, ба умумаш ҳамаро фаро мегирад, падарро, ҳамсарро, мудирро, вазирро ва тамоми касоне, ки дар зери даст касонеро дорад, ки аз эшон масъул аст. Аммо ҳама мушкилотро болои роҳбарони Давлат қарор додан, ин хатои маҳз ва мухолиф аз нишондоди Қуръон ва Суннат аст. Воқеъан дар ин маврид, ба кумаки Илоҳӣ китоби комил навиштан мумкин буд, вале бо ҳамин миқдор кифоят кардам!
ХОТИМА
Дар охир барои худ ва Шумо мусалмонони азиз ва ҳамдиёрон, аз Аллоҳи карим тавфиқ металабам ва ба тамоми ходимони Давлатамон аз мақомоти майда то ба боло, дар тамоми корҳои писандидаашон барори кор металабам ва Аллоҳ эшонро аз тамоми мусибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар нигаҳдорашон бошад, хусусан ба Раиси Ҷумҳур Муҳтарам Эмом Алии Раҳмон. Аллоҳ онро ба анҷом додани корҳои хайр муваффақ дода, салоҳият ва беҳбудии ин кишварро дар дасти он муқаррар карда, онро Худ муҳофазат карда бошад!
Бо эҳтиром Имом-Хатиб дар назди Идораи Динии Мусалмонони Қисми Осиёвии Руссия Мақсуди Ғайбуллоҳи Асарӣ
01/01/1432
Шарҳҳо
Бадин марзу бум аз дасти катаган як тан зинда мабод.
Точикистон ба чуз Эрон гамхори асил надорад ва нахохад ёфт.
Дигарон ахдофи гаразнок доранд ва дар пайи истисмор ва нобудии миллати Точиканд. Густариши хамкори ва муносибот бо ин кишвари бародар, хамзабон ва мусалмону хамфарханг барои худшиноси ва бедориву баргаштан ба асли хеш ба мо кумак ва мусоидат хохад кард. Эрон омода хаст дар хама чанбахо миллати моро дастгири намояд.
Дустии бародарони Эрону Афгону Точик поянда бод.
Ман аз бегонагон харгиз нанолам,
Ки бо мо хар чи кард, он ошно кард.
ин мардра пулпараст меган, лекин Эронра ба хотири пулуш қабул доранду аз ақидаи ширколудуш бехабаран. То касера бе илм туҳмат задана брен бихонен баъд гап занен
Бадин марзу бум аз дасти катаган як тан зинда мабод.
Точикистон ба чуз Эрон гамхори асил надорад ва нахохад ёфт.
Дигарон ахдофи гаразнок доранд ва дар пайи истисмор ва нобудии миллати Точиканд. Густариши хамкори ва муносибот бо ин кишвари бародар, хамзабон ва мусалмону хамфарханг барои худшиноси ва бедориву баргаштан ба асли хеш ба мо кумак ва мусоидат хохад кард. Эрон омода хаст дар хама чанбахо миллати моро дастгири намояд.
Дустии бародарони Эрону Афгону Точик поянда бод.
Ман аз бегонагон харгиз нанолам,
Ки бо мо хар чи кард, он ошно кард.
RSS Обуна