АМИРҚУЛ АЗИМОВ БАРАНДАИ ИНТИХОБОТИ ҲАВЗАИ СИНО
Бино ба натиҷагирии ҳавзаи интихоботии Сино, Амирқул Азимов барандаи интихобот дар ин ҳавза шудааст. Абдулло Ҳабибов, раиси ҳавзаи интихоботии Синои шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба ”Озодӣ” гуфт, дар ин интихобот ҳудуди 81 дарсади раъйдиҳандагон иштирок карда, 62 дарсади онҳо ба ҷонибдорӣ аз Амирқул Азимов раъй додаанд.
Номзадии Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Сино аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократӣ пешниҳод шуда буд. Ҷаноби Ҳабибов ҳамчунин гуфт, Толибшоҳи Сайидзода, номзади мустақил ва муҳаррири ҳафтаномаи “Миллат” ҳудуди 16 дарсади раъйи мардумро соҳиб шудааст.
"Сафарбек Маннонов, муовини сарпизишки беморхонаи Қарияи Боло 9,9 ва Музаффар Мирзоев, намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон 7,59 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст оварданд",-илова кард раҳбари ҳавзаи Синои пойтахт.
Бино ба гуфтаи Абдулло Ҳабибов, 1 ҳазору 157 варақаи раъй алайҳи ҳамаи чаҳор номзад дар интихоботи миёндаврӣ хонапурӣ шудааст.
Аммо то кунун Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар бораи натиҷаи ниҳоии интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе, ки рӯзи якшанбеи 15-уми майи соли ҷорӣ доир шуд, ҳарфе нагуфтааст.
Шоми дирӯз, 15-уми май, ин комиссия эълон карда буд, ки то соати 8-и бегоҳ ҳамагӣ 77 дарсад аз тақрибан 70 ҳазор раъйдиҳанда дар интихобот иштирок карда, ба ҷонибдорӣ аз номзадҳо овоз додаанд.
Интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Сино ба дунболи қатъи зудраси фаъолити вакили ин ҳавза дар парлумон Шермуҳаммади Шоҳиён баргузор шуд. Шермуҳаммади Шоҳиён, вакили пешини ноҳияи Сино дар парлумони кишвар ҳамакнун раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аст.
«Озодӣ»