16:53:44 02-уми Июни 2025 сол

ТОЛИБШОҲИ CАЙИДЗОДА: "ИНТИХОБОТ БАРГУЗОР НАШУД"

Ситоди интихоботии довталаби мустақил Толибшоҳи Сайидзода, интихоботи ҳавзаи Синоро баргузорнашуда ҳисобид.

tolibsho_4544474.jpgДар ҳоле, ки мақомот аз ширкати тақрибан 80 дарсад аз 70 ҳазор раъйдиҳанда дар интихобот сӯҳбат мекунанд, ситоди интихоботии оқои Сайидзода бо такя ба гузоришҳои нозирони худ дар қитъаҳои раъйдиҳӣ, аз ҳузури ниҳоят камранги мардум хабар медиҳад.Бар пояи ҳисобҳои нозирони ҷаноби Сайидзода, дар қитъаҳои раъйдиҳии ҳавзаи интихоботии Сино мизони иштироки интихобкунандагон ҳудуди 17-20 дарсад будааст, ки дар ин сурат интихобот баргузорнашуда ҳисоб меёбад.

Ҳамчунин раиси ҳавзаи интихоботии Сино, Абдулло Ҳабибов, дар ҳоле натоиҷи ба дастовардаи Толибшоҳи Сайидзодаро 15.99 дарсад эълон кард, ки бино ба иттилои ироакардаи комиссияҳои қитъавӣ, ки шоми дирӯз ба дасти нозирони номзади мазкур расид, раъйи ба дастовардаи ӯ ҳудуди 25 дарсадро ташкил медиҳад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) шоми рӯзи 15-уми майи соли ҷорӣ интихоботи миёндаврии вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанберо баргузоршуда эълон кард.

Намояндагони ситоди интихоботии Толибшоҳи Сайидзода ба "Озодӣ" гуфтанд, ки дар интихоботи рӯзи 15-уми май, мавориди густурдаи тақаллуб, аз ҷумлаи раъй додани як кас ба ҷои чанд нафар, кӯшишҳои чанд дафъа раъй додан, мавориди овоз додан бидуни шиноснома ва фишори мақомот ба назар расидааст.

Ба қавли баъзе аз нозирон, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ба манфиати номзади ҲХДТ аз ҳар васила кор мегирифтанд. Ба гуфтаи онҳо, дар баъзе аз маҳаллаҳо ҳатто обу барқро қатъ намудаанд, то мардум ба ҳавзаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд. Аз ҷониби дигар, ҳатто кормандони биноҳое, ки қитъаи раъй дар он ҷо воқеъ будааст, ба раъйдиҳандаҳо таъсир мекардаанд.

Дар ҳамин ҳол имрӯз, 16-уми май, соати 1-и зӯҳр нишасти матбуотии Толибшоҳи Саидзода дар муҷтамаи табъу нашри "Шарқи озод" баргузор мегардад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854