12:28:40 01-уми Июни 2025 сол

ДАЪВАТИ РАҲМОН БА ИҶЛОСИ ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ДАР ТЕҲРОН

Дар дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо Муҳаммадризо Шайбонӣ, муъовини вазири умури хориҷии Эрон, мавзӯъи мубориза бо терроризм ва вазъи амниятии минтақа баррасӣ шудааст.

rahman304b3232.jpg

Ин дидор рӯзи сешанбеи 10 май дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Ба гуфтаи манобеъи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, оқои Шайбонӣ даъватномаеро ба оқои Раҳмон барои ширкат дар иҷлоси байналмилалии "Муборизаи ҷаҳонӣ алайҳи терроризм" супурдааст. Қарор аст ин иҷлос дар ояндаи наздик дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон, баргузор шавад.

Иҷлоси зидди терроризм

Эрон дар ҳоле аз баргузории як иҷлоси зиддитерроризм хабар медиҳад, ки нерӯҳои амрикоӣ ҳафтаи гузашта Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи Алқоъидаро куштанд ва ин рӯйдод пурсишҳоеро дар мавриди ояндаи ҷанг алайҳи терроризм дар Афғонистон матраҳ кардааст.

Таҳлилгарон мегӯянд Эрон хостори хурӯҷи ҳарчи сареътари нерӯҳои амрикоӣ ва НОТУ аз Афғонистон аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ба назар мерасад, ки мақомҳои эронӣ мехоҳанд бо баргузории як иҷлоси байналмилалӣ дар бораи терроризм ин мавзӯъро ба гӯши ҷаҳониён бирасонанд.

Муҳаммадҳусейни Шерхонӣ, як масъули сафорати Эрон дар Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳадаф аз сафари Муҳаммадризо Шайбонӣ ба Душанбе тақдими паёми Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон, ба ҳамтои тоҷики вай будааст.

Вай афзуд: "Ташрифи муъовини вазири умури хориҷаи Эрон ба Тоҷикистон фақат ба хотири ирсоли паём буд ва дар мулоқоти ӯ бо оқои Раҳмон баъзе масоили дуҷониба низ матраҳ шуд. Аз ҷумла, баъзе тарҳҳое, ки тарафҳои эронӣ дар Тоҷикистон доранд, аз ҷумла нерӯгоҳи "Сангтуда-2", мароҳили ифтитоҳи ин тарҳ дар 20-умин солгарди истиқлоли ин кишвар ва масъалаҳои дигар."

Зимнан, хатароти терроризм ва ифротгароӣ аз нигарониҳои умдаи Президент Раҳмон низ ҳаст. Тайи ду соли гузашта нерӯҳои давлатии Тоҷикистон бо пайкорҷӯёни мухолифи давлат дар минтақаи Рашт, дар шарқи ин кишвар, даргир буда ва мақомот онҳоро ба гурӯҳҳои теруристӣ муртабит мехонданд.

Оқои Раҳмон низ дар суханрониҳои ахири худ мукарраран аз хатароти терроризм ва ифротгароӣ ҳушдор дода ва масалан, бо дастури вай теъдоди зиёде аз донишомӯзони тоҷик аз мадориси динии кишварҳои исломӣ ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд.

Ба гуфтаи манобеъи сафорати Эрон, Муҳаммадризо Шайбонӣ зӯҳри рӯзи сешанбе бо як ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" дубора ба Эрон баргаштааст, чун "қарор аст даъват аз руасои ҷумҳурии кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ" ба иҷлоси зидди терроризм низ сурат бигирад. Зимнан, оқои Шайбонӣ масъулияти умури кишварҳои Ховари Миёна ва Муштаракулманофеъро дар Вазорати хориҷаи Эрон ба ӯҳда дорад.

Бозори муштараки китоб

Дар ҳамин ҳол, сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ хабар додааст, ки оқоён Раҳмон ва Шайбонӣ дар дидори рӯзи сешанбеи худ ба омодагии ду кишвар барои тавсеъаи бештари ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла дар заминаҳои иқтисоду сармоягузорӣ таъкид намудаанд.

Эрон ба далели муштаракоти забонию фарҳангӣ бо Тоҷикистон ин кишварро аз шарикони умдаи худ дар Осиёи Миёна медонад. Душанбе ва Теҳрон дар солҳои ахир барои тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ ва ҳатто низомии худ талошҳое ба харҷ додаанд. Зимнан, рӯзҳои душанбе ва сешанбе гурӯҳе 120-нафара аз мақомот ва фарҳангиёни тоҷик барои боздид аз намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон озими Эрон шуд.

Тибқи иттилоъи сойти сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Душанбе, рӯзи душанбе дар ҷамъи ин ҳайъат, ки озими Теҳрон буданд, пешниҳод карда, ки кишварҳои форсизабон як бозори муштараки китоб ташкил диҳанд.

Вай аз ҷумла гуфтааст: "Интишори китобҳои тоҷикҳо ба форсӣ ин имконро барои дигар форсизабонҳо фароҳам мекунад, то битавонанд аз таҳқиқот, пажӯҳишҳо ва мутолеъоти шумо дар бахшҳои илмӣ, назири физик, шимӣ (химия), ахлоқӣ, динӣ, таърихӣ, пажӯҳишӣ ва ғайра баҳрагирӣ кунанд."

Оқои Шеърдӯст дар бораи намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон гуфтааст, ки ин тадбири фарҳангӣ ҳамасола падидоварандагони китоб, аз ҷумла муаллифон, мутарҷимон, ноширон, тавзеъкунандагон ва фурӯшандаи китоб ва ҳатто масъулони чопхонаҳоро зери як сақф ҷамъ мекунад.

"Як рӯҳи дар ду бадан"

Сафири Эрон намоишгоҳи китоби Теҳронро фурсати муносибе барои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар арсаи тавлидоти фарҳангӣ хондааст.

Вай афзудааст: "Дар дунёе, ки кишварҳо дунболи авомили ҷузъӣ ҳастанд, то бо якдигар иртибот барқарор кунанд, Эрон ва Тоҷикистон як рӯҳ дар ду бадан ҳастанд. Ва ин ки бихоҳем авомил ва аносири муттасилкунандаи ин ду кишварро бишуморем, коре абас аст, зеро бояд пурсид, ки байни ин ду кишвар чи чизе муштарак нест."

Бо ин вуҷуд, оқои Шеърдӯст аз он ибрози таассуф кардааст, ки дар муъарифии фарҳанги ба гуфтаи ӯ "мутаъолӣ ва муҳимми тоҷикҳо" ба ҷомеъаи Эрон ва кишварҳои дигар кори зиёде анҷом нашудааст. Вай аз гурӯҳи эъзомии тоҷикҳо ба намоишгоҳи китоби Теҳрон хостааст, ки барои чоп ва интишори осори фарҳангӣ ва илмии худ ба хатти форсӣ ва забонҳои дигар талош кунанд.

Ба гуфтаи Алиасғари Шеърдӯст, барои ширкат дар намоишгоҳи китоби Теҳрон 670 нафар аз Тоҷикистон муъаррифӣ шуда буданд ва аз байни онҳо 120 нафар аз мудирони бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, аҳли фарҳанг ва ҳунар, китоб ва расонаҳо интихоб шудаанд.

Қарор аст дар ҳошияи ин сафар ҳайати тоҷикистонӣ аз маконҳои фарҳангию сайёҳии шаҳрҳои Теҳрон, Исфаҳон ва Кошон низ дидан кунад. Бисту чаҳорумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон аз 4 то 14-уми май дар Теҳрон доир мешавад.

Дар солҳои пешин ҳам гурӯҳҳои бузурге аз мақомот ва фарҳангиёни тоҷик бо ҳимояти сафорати Эрон дар Тоҷикистон барои ширкат дар намоишгоҳҳои китоб ва тадобири дигари фарҳангӣ ба Эрон сафар кардаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854