17:06:44 23-уми Январи 2025 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2025 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ДАРХОСТ АЗ МАРДУМ БАРОИ ЗАХИРАИ ГАНДУМ

 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баёнияе аз мардуми ин кишвар даъват кардааст, ки маводди ғизоӣ, бавижа гандумро барои ду соли оянда захира кунанд. Оқои Раҳмон бо ишора ба идомаи буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва асароти он бар вазъи иқтисоди Тоҷикистон ва омилҳои дигаре чун ҳаводиси табиъӣ, хушксолӣ ва камобӣ, ҳушдор додааст, ки таъмини маводди ғизоӣ дар солҳои оянда ба мушкиле ҷиддӣ дар ҷаҳон табдил хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вай, давлат барои коҳиши асароти буҳрони ҷаҳонӣ тадобире ба мавриди иҷро гузошта вале "дар чунин шароити душвор ҳар як сокини мамлакат, дар навбати аввал кишоварзон ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ як порча замин доранд," бояд ба нерӯ ва зарфиятҳои худ такия кунанд.

Дар ин баёния, ки рӯзи 27 июл дар поёни ҷаласаи ҳайъати давлат мунташир шуд, аз деҳқонон ва масъулони воҳидҳои кишоварзӣ ва олимону мутахассисони ин арса хоста мешавад, ки барои парвариш ва захираи анвоъи серҳосили зироъатҳо, бавижа ғалладона, ҳама гуна тадобири мумкинро бияндешанд.

"Раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоъатҳои деҳот, роҳбарону мутахассисони арсаи кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд суръати кишти такрориро, ки мутобиқи дурнамо дар ҳаҷми 200 ҳазор гектар муайян шудааст, тезонида, инчунин корҳои омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла захираи ангишт ва гази моеъро вусъат бахшанд."

Оқои Раҳмон ҳамчунин аз роҳбарону масъулони корхонаҳои коркарди ғалла хостааст, ки ҳарчи бештар гандумро аз аҳолӣ харидорӣ ва захира намоянд. Кишоварзон низ бояд бо истифода аз обу ҳавои мусоъид барои кишти такрорӣ ва рӯёнидани ду ҳосил ҳар рӯзро ғанимат шуморанд.

Вай афзудааст: "Дар баробари ин, ҳар касе, ки имконият ва тавоноӣ дорад, фаровонии имсоларо ғанимат дониста, барои ду соли оянда маводди хӯрока ва махсусан гандумро захира намояд. Яъне ҳар як оила бояд бо истифода аз фаровониву афзоиши имсола захираи дусола дошта бошад."

Ба эътиқоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, "танҳо бо роҳи истифодаи оқилонаву самаранок аз замин ва афзоиш додани истеҳсоли (тавлиди) маҳсулоти ватанӣ мо метавонем фаровонии дастурхони мурдуми кишвар ва амнияти озуқавории (ғизоии) давлати худро таъмин намоем."

Фарохони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолест, ки мақомҳои кишоварзӣ ахиран аз афзоиши бесобиқаи ҳосили гандум ва ғалладона дар 18 соли ахир хабар дода ва гуфтаанд, ки имсол дар саросари кишвар дар маҷмӯъ беш аз як милюн тун гандум ҷамъоварӣ хоҳад шуд.

Худи оқои Раҳмон бо ишора ба ҳамин мавзӯъ меафзояд: "Имсол бо инояту меҳрубонии Худованди таъоло, обу ҳавои мусоъид ва саъю кӯшиши кишоварзони мамлакат ҳосили хуби ғалладона ва умуман ҳамаи навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ба даст омадааст. Имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосили ғалладона ба итмом расида истодааст ва аз рӯи маълумоте, ки ман дар даст дорам, ҳосилнокӣ хеле хуб аст."

Аммо раҳбари фақиртарин кишвар дар Осиёи Миёна муътақид аст, ки "табиъат ҳар сол чунин саховатманд намешавад. "Бинобар ин, вай умедвор аст, ки мардум бо таваҷҷуҳ ба тағйирёбии сареъи вазъияти ҷаҳон ва бо истифода аз обу ҳавои мусоъид ва замини ҳосилхези Тоҷикистон барои таъмини амнияти ғизоӣ, ки аз аҳдофи истротежики давлат маҳсуб мешавад, "минбаъд низ софдилона заҳмат кашанд."

Ин барои аввалин бор нест, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз мардум дархост мекунад, ки худашон ба таъмини ниёзҳои иқтисодӣ ва рафъи мушкилоти молияшон иқдом кунанд. Вай дар гузашта низ чунин дархостҳоеро мукарраран пахш кардааст.

Соҳибназарон мегӯянд, ки ин дархостҳо баёнгари нотавонии давлат дар ҳалли мушкилоти иқтисодии мардум аст ва мақомот мехоҳанд бо чунин шева аз масъулияти худ барои тангдастию бекорӣ ва гуруснагии густарда дар кишвар шона холӣ кунанд.

Бо панҷ сол таҷрубаи яке аз маргбортарин ҷангҳои дохилӣ ва паёмадҳои мусибатбори он, иқтисоди варшикаста, зербиноҳои харобу фарсуда ва фасоди густарда дар ниҳодҳои давлатию маданӣ, Тоҷикистон фақиртарин кишвар дар қаламрави Шӯравии собиқ маҳсуб мешавад.

Бар асоси омори расмӣ, беш аз 54 дарсади ҷамъияти ин кишвар дар фақр ва ҳудуди 17 дарсад дар ниҳояти фақр ба сар мебаранд. Коршиносон мегӯянд, ки талошҳои давлат ва созмонҳои байналмилалӣ барои коҳиши фақр дар ин кишвар чандон муассир набудааст. Ҳамчунин, бахши аъзаме аз ҷамъияти қобили кори Тоҷикистон барои рафъи ниёзҳои хонаводаҳои худ дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва кишварҳои дигари ҳамсуд ба сар мебаранд ва пули муҳоҷирон тақрибан ниме аз тавлидоти нохолиси дохилии ин кишварро ташкил медиҳад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi