05:10:57 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25
27 28 29 30      

ТАВИЛДАРА ДАР РОҲИ БОЗГАШТ БА СӮИ ОРОМӢ

Вазъ дар Тавилдара зоҳиран ором шудааст, вале мардумаш ҳамчунон дар ҳоли ташвиш ва дар интизори бозгашт ба рӯзгори оддиву осуда ба сар мебаранд.

Замоне ки мо аз минтақаи Тавилдара ба Душанбе бармегаштем, соат тақрибан 8 субҳ буд ва дар мавзеъи Ҳавзи Кабуд , 40 километр берунтар аз Тавилдара шоҳиди манзарае шудем, ки чархболи низомӣ ва мошини ёрии ӣаъҷилӣ ба кӯмаки сарбозони вазорати умури дохила расида буданд. Дар ду тарафи роҳи мошингард афсарони бо силоҳ камин гирифта буданд ва аз дур яке аз қумандонҳо бо дасташ ишора мекард, ки зудтар аз ин мавзеъ гузаред. 

Аммо то ин ҷо дар посгоҳи низомии вазорати умумри дохила ба ронандаи мо гуфтанд, ки дар соати яки шаби панҷшанбе миёни нерӯҳои умури дохила ва гурӯҳи мусаллаҳи Неъмат Азизов, мулаққаб ба "Шайх Неъмат", як даргирии давомдор ба амал омадааст. Аммо дар бораи талафоти тарафҳо хабар надоданд. 

Дар посгоҳе ки мо қарор доштем, дар деҳаи Ёфуч, ки поинтар аз Ҳавзи кбуд ҷойгир аст, кормандони умури дохила ва амният камин гирифта интизори ҳамлаи гурӯҳи силоҳбадаст буданд.

Як корманди милиса дар постгоҳи кӯпруки Тавилдара гуфт, ки ду рӯз пеш дар ҳамаи посгоҳҳои масири Сариҷар то Чилдара кормандони умури дохила назорат мекарданд, аммо имрӯз постгоҳҳо тақвият дода шуда, кормандони ОМОН, амният ва таъиноти махсус ҷалб шудаанд. 

Замоне ки мо аз посгоҳ убур мекардем, ҳамин корманди милиса гуфт, ки дар мавзеъҳои алоҳидаи минтақаи Тавилдара ба шакли пароканда ва ғайримунтазира гурӯҳҳои силоҳбадаст ба кормандони умури дохила ҳамла мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар чанде аз деҳаҳои мавзеъи Чилдара: Ҳафтчароғ, Даштиғурк ва Ғарибон, ки мавзеъи аслии задухӯрдҳо гуфта мешаванд, дар бархе аз хонаҳо танҳо мӯсафеду пиразанҳоро мешавад дид, ки барои нигоҳубини молу амволи хона мондаанд, аммо дигар аъзои хонаводаҳо, хусусан занону кӯдакон ва ҷавондухтарон муваққатан ба ҷойҳои амнтар рафтаанд. 

Сокини 70-солаи ин минтақа, ки худро Саттор муаррифӣ кард, дар ин бора дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: "Онҳо ҳама ба сабаби нотинҷӣ рафтанд, ҳамин мӯсафедон мондаанд, ки ба гову мол нигоҳубин мекунанд."

Аммо мусоҳиби дигари мо момои Холисаи куҳансол мегӯяд, ин гирудорҳо ва ноамниҳо ӯву ҳамдеҳагонашро ба танг овардааст: "Муҷоҳидон халқро ғам медиҳанд.Худо бедавлаташон кунад." Вай мегӯяд, ин дар ҳолест ки замини гандум ва алафзор бедарав мондаву мавсими кишту кори заминҳои наздиҳавлигӣ кайҳо расидааст.

Сокини дигари мавзеи Чилдара,ки аз овардани номаш худдорӣ кард, гуфт, вай шоҳиди чанде аз даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои силоҳбадасте, ки дар кӯҳистон паноҳ бурдаанд, будааст.

Дар ҳоли ҳозир, вазъ дар маркази ноҳияи Тавилдара ором ба назар мерасад, мардум ба корҳои ҳаррӯзаи худ машғул буда, мошинҳои ҳомили мусофирон равуо доранд, вале дар маҷмӯъ ба назар чунин мерасад, ки мардум начандон хотирҷамъанд ва дар меҳмониву нишастҳои хусусӣ сӯҳбат ҳама аз ҳаводиси як ҳафтаи ахир, хусусан куштори мармузи генерал Мирзо Зиёев ва ташаннуҷ пайдо кардани вазъ меравад. 

Аммо дар ҳузури афроди ношинос сокинони маркази ноҳияи Тавилдара аз овардани назари худ дар ин маврид худдорӣ меварзанд ва аз эҳтиёт кор мегиранд. Ва дар ҳоле ки як идда бо таассуф аз марги генерал Мирзо Зиёев сӯҳбат карда, ӯро ба истилоҳ "девори Тавилдара" ном мебаранд, ки аз байн рафт, гурӯҳи дигар марги Мирзо Зиёевро ҳосили аъмоли ӯ медонанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi