22:25:05 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

ИЗҲОРОТИ ҲИУ ДАР РОБИТА БА МАРГИ МИРЗО ЗИЁЕВ

 

Шахсе, ки худро Тоҳир Юлдош, раҳбари ҲИУ муаррифӣ мекунад, мегӯяд, ин ҳаракат дар куштори Мирзо Зиёев нақше надорад. Чанде пеш бахши тоҷикии Радиои Озодӣ навореро дастрас намуд, ки дар он гӯяндае худро Тоҳири Юлдош, пешвои Ҳаракати Исломии Узбакистон муарррифӣ намуда, гуфтааст, ин ҳаракат дар куштори Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи нерӯҳои мухолифини тоҷик, ҳеҷ нақше надорад. 

Дар ин навор шахсе, ки Тоҳири Юлдош, пешвои созмони террористии Ҳаракати Исломии Узбакистон номида мешавад ва муқаррар кардани ҳақиқати ин номумкин аст, гӯянда аз марги Мирзо Зиёев изҳори таассуф намуда, мегӯяд, ки иддаои ҳукумат дар заминаи рабт додани Зиёев бо Ҳаракати Исломии Узбакистон беасос меномад. 

Ӯ меафзояд, Мирзо Зиёев ҳеҷ гоҳ узви Ҳаракати Исломии Узбакистон набуд. Тоҳир Юлдош гуфтааст, ҷангиёни узбак аз соли 1992 то соли 1997 дар сафи муҷоҳидини тоҷик зидди ҳукумати Тоҷикистон ҷангидаанд. Ҳамчунон сухангӯй таъкид кардааст, ки ӯ аз хиёнати мухолифини тоҷик дар соли 1997, қатъи ба гуфтаи ӯ "ҷиҳод" ва созиш бо ҳукумат ҳамеша норизо будааст.

Авохири ҳафтаи гузашта баъди марги мармузи собиқ вазири ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва собиқ фармондеҳи нерӯҳои Иттиҳоди мухолифони Тоҷикистон, генерал Мирзо Зиёев, мақомоти амниятии кишвар гуфтанд, ки Зиёев дар роҳ ба музокирот аз тарафи як гурӯҳи мусаллаҳ ба қатл расид. Дар изҳороти ҳукумат омадааст, ки Мирзо Зиёев бо чанд нафар аз пайравонаш дар паи як амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ боздошт шуда буд. 

Ба қавли мақомот Зиёев мувофиқат кард бо гурӯҳи мусаллаҳ музокирот пеш бурда, онҳоро ба таслимшавӣ водор намояд. Дар нишасти матуботии мақомоти Тоҷикистон Мирзо Зиёев бо кӯшиши ғасби қудрат ва дигар ҷиноятҳо муттаҳам шуд. 

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон пайравони Ҳаракати Исломии Узбакистон таҳти раҳбарии қумондон Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳири Юлдош дар сафҳои нерӯҳои мухолифони тоҷик бар зидди ҳукумати Тоҷикистон ҷангида буданд. 

Аммо ба қавли мухолифини тоҷик баъди имзои созиши умуми сулҳи миёни тоҷикон ва ваъдаи ҳамоиши намояндагони мухолифини тоҷик ба ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон силоҳбадастони Ҳаракати Исломии Узбакистон ва аъзои оилаҳояшон аз қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон кӯч бастанд. 

Назар ба маълумоти расмӣ соли 2001-ум Ҷумъаи Намангонӣ бар асари бомбаборони ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар Афғонистон ба қатл расид. Чанд ҳафта пеш мақомоти Покистон иттилоъ дода буданд, ки дар ҷараёни амалиёти артиши Покистон дар манотиқи назди марзи Афғонистон Тоҳири Юлдош маҷрӯҳ шудааст. 

Вале дар наворе, ки бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дастрас намуд, шахсе бо садои шабеҳи овози Тоҳири Юлдош иброз доштааст, ки пайравони Ҳаракати Исломии Узбакистон тасмим гирифтаанд бо мурури замон ба Осиёи Марказӣ ё худ Мовароуннаҳр баргарданд.

Искандари Хоҷа Мирзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi