12:02:39 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ДАВЛАТЗОД: "ТОҶИКИСТОН ҶАНГИ ИТТИЛООТИРО БОХТ"

"Васоили иттилорасонии умумии Тоҷикистон дар ҷанги иттилоъотӣ бо расонаҳои хориҷӣ нотавон аст." Ин суханро Давлаталӣ Давлатзод, намояндаи порлумон ва муъовини аввали собиқи раҳбари ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 22 октябр дар баррасии порлумонии раванди иҷрои Қонуни “Будҷаи давлатии Тоҷикистон барои 2010” дар Маҷлиси Намояндагони ин кишвар эрод кард.

 

Вай афзуд дар ҳоле ки нашрияҳо ва расонаҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди воқеъиятҳои Тоҷикистон иттилоъоти "нодуруст ва иғвоангезро" мунташир кардаанд, расонаҳои ин кишвар натавонистаанд ба онҳо посух гӯянд. Оқои Давлатзод аз матолиби ба гуфтаи вай "саропо таҳриф ва бардурӯғ"-и расонаву нашрияҳои хориҷӣ дар бораи ҳаққи қонунии Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ аз манобеъи энержии обии худ ва нооромиҳои ахир дар шарқи ин кишвар ёдовар шуд.

 

Бо ишора ба ин, вай пешниҳод кард, ки ба ҳангоми баррасӣ ва тасвиби қонуни "Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2011" ҳазинаи расонаҳо ва нашрияҳои давлатӣ ҷиддан коҳиш дода шавад. Ин намояндаи порлумон гуфт, ки ҳоло дар вазорату идороти давлатӣ ва шаҳру навоҳӣ нашрияҳое мунташир мешаванд, ки дар фазои иттилорасонии кишвар тақрибан нақше надоранд. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола барои табъу нашри ин нашрияҳо аз буҷети давлат маболиғи зиёде ихтисос меёбад.

 

Ҳамзамон, оқои Давлатзод таъкид кард, ки ин пешниҳоди вай ба нашрияҳои давлатии саросарие чун "Ҷумҳурият", нашрияи ҳукумат, "Садои мардум", нашрияи порлумон, ва ё "Народная газета", нашрияи расмии русизабон, рабт намегирад. Вай аз нашрияҳое ном бурд, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравии пешин дар шаҳрҳо, навоҳӣ ё муассисот мунташир мешуданд ва иддаи зиёди онҳо то ба ҳол боқӣ мондаанд.

 

Давлаталӣ Давлатзод аз маъдуд мақомҳои давлат ё порлумони Тоҷикистон аст, ки аз фаъолияти расонаҳои давлатӣ башиддат интиқод карда ва хостори бастани бархе аз ин нашрияҳо шудааст. Вай, ки солҳои зиёде муъовини аввали Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари ҳизби ҳокими халқи демукрот, буд, дар авохири соли гузашта ва дар остонаи интихоботи порлумони моҳи феврал аз симати худ барканор шуд ва дар пайи ин интихобот ба порлумон роҳ ёфт.

 

Аз сӯйи дигар, соҳибназарон мӯътақиданд, ки пешниҳоди бастани нашрияҳои расмӣ баёнгари мушкилоти ҷиддӣ дар дахлу харҷи буҷети давлатии Тоҷикистон аст. Дар ҳамин ҳол, Ато Мирхоҷа, сардабири "Нақлиёт", нашрияи Вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон, низ таъкид кард, ки бархе аз нашрияҳои шаҳрҳо ва навоҳӣ ҳатто услуби кори даврони шӯравии худро тағйир надода ва танҳо ба тавсифу таблиғи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ машғул ҳастанд.

 

Ба эътиқоди оқои Мирхоҷа, ин гуна нашрияҳо, ки ба далели гаҳ-гоҳе чоп шудан "гоҳнома" низ маҳсуб мешаванд, бо адади нашри ночиз мунташир шуда ва дар фазои иттилорасонии Тоҷикистон чандон нақше надоранд. Бо ин ҳол, вай таъкид кард, ки ҳарчанд "Нақлиёт" нашрияи Вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон маҳсуб мешавад, аммо аз лиҳози молӣ худкифо буда ва ба ҳисоби фурӯши нашрия фаъолият мекунад.

 

Вале ба гуфтаи манобеъи огоҳ, бештари нашрияҳои расмии ба истилоҳ "соҳавӣ", ки ба ин ё он вазорат ва идора тааллуқ доранд, бештар дар миёни кормандони ин ниҳодҳо ба таври иҷборӣ ба фурӯш мерасанд ва ё кормандон ба обунаи иҷборӣ водошта мешаванд. Зимнан, Ҷумъаи Давлат, намояндаи давлати Тоҷикистон дар порлумон, низ аз пешниҳоди коҳиши сармоягузорӣ дар нашриёт ва расонаҳои давлатӣ пуштибонӣ карда ва гуфт, ки давлати Тоҷикистон дар садад аст дар ин замина тасмимоте бигирад.

 

Коршиносон мегӯянд ҳимояти молии давлат аз фаъолияти расонаҳо ва нашрияҳои расмӣ, аз эҷоди рақобат миёни нашриёт ва рушди бозори озоди матбуот ва расонаҳо дар Тоҷикистон монеъ мешавад. Дар Тоҷикистон садҳо нашрия чоп мешавад, вале теъдоди андаке аз онҳо хусусӣ ё мустақил ҳастанд.

 

Мунтақидони нашриёт, родиюҳо ва телевизиюнҳои давлатӣ мегӯянд, ки ҳарчанд ҳазинаи онҳо бештар аз пули молиёти мардум фароҳам мешавад, вале бештари онҳо аз манофеъи мардум сарфи назар карда ва танҳо ба бозтоб ва таблиғи яктарафаи фаъолияти мақомҳои давлатӣ машғуланд. Ин дар ҳолест, ки ахиран нигарониҳо аз фишор бар нашриёт ва расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳизае афзоиш ёфтааст.

 

Мақомоти Тоҷикистон бархе аз расонаҳо ва нашрияҳои мустақилро ба инъикоси ба қавли онҳо "якҷониба"-и ҳаводиси водии Рашт ва "ҳимоят аз теруристон" муттаҳам кардаанд. Ҳамакнун бо далоили мухталиф нашрияҳои мустақили "Фараж", "Пайкон" ва "Нигоҳ" аз чоп бозмонда ва сойтҳои интернетии "Avesta.tj", "tjknwes.com", "centrasia.ru" ва "fergana.ru" масдуд шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3404--q---q.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi