12:49:37 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КАБИРӢ: "ДАР КОРИ ПОРЛУМОН НАВОҚИС ЗИЁД АСТ"

 

Аз рӯзи сешанбеи 30 июн аъзои Маҷлиси Намояндагон ё маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистон ба муддати се моҳ ба мураххасии тобистонӣ рафтанд. 

Саъдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси Намояндагон, фаъолияти яксолаи порлумонро "муассир ва дархури манофеъи мардуми Тоҷикистон" арзёбӣ кард. Вале бархе аз аъзои порлумон, дар ин бора назароти мутафовите доранд. Мардони Муҳаммад, ҳамкорамон дар мусоҳибае бо Муҳиддин Кабирӣ, узви порлумон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, назароти ӯро дар ин бора ҷӯё шудааст:

-Муҳиддин Кабирӣ: Воқеъан фаъолияти Маҷлиси Намояндагон дар як соли ахир дар муқоиса бо солҳои қаблӣ беҳбуд ёфта ва дар ин муддат 148 қонун ва асноди дигари ҳуқуқӣ баррасӣ ва тасвиб шуд. Ҳамзамон, дар порлумон асноде низ ба тасвиб расид, ки ба нафъи аксари кулли ҷомеъаи Тоҷикистон набуд.

-Манзуратон кадом қонунҳост?

-Метавон дар ин замина аз тасвиби қонуни “Ипотека” ё ба гарав гузоштани замин ном бурд. Тибқи Қонуни Асосии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат маҳсуб мешавад, вале дар ин қонун ба ҳайси моликият ба гарав гузоштани замин муҷоз шудааст.

Ба андешаи ман, дар заминаи тақсими замин ба шитобзадагӣ набояд роҳ дод. Зеро дар Тоҷикистон чун дар Русия ва Қазоқистон заминҳои бекарон вуҷуд надорад ва тақсимоти нодуруст метавонад дар оянда ба пайдо шудани як иддаи заминдор ва гурӯҳи бузурге аз муздурон, ки дар ин заминҳо кор хоҳанд кард, мунҷар шавад.

-Тасвиби ин қонун ба манфиъати кадом гурӯҳ нахоҳад буд? Дар бархе нашрияҳои мустақил Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки Миллӣ ва муъовини нахуствазир, аз мубтакирони ба гарав гузоштани замин барои дарёфти вом муъаррифӣ шуда буд. 

-Ман наметавонам аз гурӯҳи мушаххасе ном барам. Вале бешак, доираҳои муайяне барои дар чунин шакл тасвиб шудани қонуни “Ипотека” алоқаманд буданд. Бахусус, афроде, ки ба тавлид, балки ба фурӯши панба машғул ҳастанд.

Дигар аз қавонини баҳсбарангез ин қонуни “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” буд, ки бо вуҷуди мухолифатҳо дар порлумон тасвиб гардид ва дар пайи он сару садоҳо дар бораи ин санад дар ҷомеъа зиёд шуд. Ин санади ҳуқуқӣ суолоти марбут ба масоили мазҳабӣ дар Тоҷикистонро ҳал накарда, балки худ суолоти зиёдеро ба миён овард.

Дар натиҷа, назари масъулони давлатӣ ба ҳангоми ташреҳи нукоти қонуни “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” зидду нақиз будааст. Иддае аз масъулони давлатӣ адои намоз дар маҳалли корро ҷоиз медонанд, аммо иддаи дигар ин амрро хилофи қонун арзёбӣ мекунанд.

-Зимнан, чаро пешнависи қонуни “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, ки аз сӯйи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қабл аз пешнависи қонуни давлат ба порлумон пешниҳод шуда буд, дар иҷлоси порлумон баррасӣ нашуд?

-То ҳол ин масъала барои мо норӯшан аст. Зеро тибқи асноди меъёрию ҳуқуқӣ пешнависи қонуне, ки дар як мавзӯъ пас аз пешнависи дигар ба порлумон ворид мешавад, қонуни олтернотив маҳсуб мешавад.

Аммо бар хилофи ин муқаррарот пешнависи қонуни давлат тарҳи аслӣ талаққӣ шуд ва дар порлумон баррасӣ ва тасвиб гардид. Агар дар пешнависи ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳамкории дину давлат таъкид шуда бошад, дар пешнависи қонуни давлат таваҷҷӯҳ ба кунтрул ё назорати давлат бар ҷониби дигар мутамаркиз шудааст.

-Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон пешнависи қонуни “Интихоботи Маҷлиси Олӣ”-ро таҳия карда ва тавассути Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби кумунист ва узви Маҷлиси Намояндагон барои баррасӣ ба порлумон ироа карда буданд. Қарор аст ин санад кай баррасӣ шавад?

-Мо умедвор будем, ки қонуни ҷадиди интихобот дар баҳори соли ҷорӣ тасвиб шавад, аммо ин кор ба таъвиқ афтод. Шояд мақомоти давлатӣ барои ислоҳи қонуни интихобот омода нестанд.

Имкон дорад ин қонун дар моҳи октябр ё ноябри соли ҷорӣ, яъне се ё чаҳор моҳ қабл аз замони баргузории интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шавад. Дар натиҷа, барои аҳзоб фурсати зиёде барои омодагӣ ба интихобот боқӣ нахоҳад монд.

-Нукоти калидӣ дар қонуни ҷадиди интихобот кадомҳост? 

-Ду нуктаи калидӣ, ворид намудани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба кумисиюнҳои марокизи (участкаҳои) раъйгирӣ ва аз байн бурдани гаравпулӣ, ки ғайримантиқӣ ва ғайримунсифона аст.

Ман ба ворид шудани ин нукот дар қонуни ҷадиди интихобот чандон хушбин нестам. Вале мегӯянд, ки умед аз ҳама охир мемирад ва мо ба ислоҳи қонун умед дорем. Ин танҳо ба нафъи аҳзоб нест, балки ба нафъи ҷомеъаи Тоҷикистон аст.

Ба ин васила, эътимоди мардум ба интихобот ҳамчун меконисми ягонаи қонунӣ ва демукротик барои тағйири ҳокимият ва таъйини кодрҳо бештар хоҳад шуд.

-Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми хеш ба порлумон дар моҳи апрели соли гузашта ба мавориди зиёди таноқузи қавонине ишора карда буд, ки дар порлумон тасвиб мешаванд. Дар сурати вуҷуд доштани теъдоди зиёди ҳуқуқдонҳо, бахусус бахши ҳуқуқии порлумон, чаро ин гуна навоқис иттифоқ меуфтад? 

-Ҳудуди 80 дар сади қавонин аз ҷониби ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон таҳия шуда ва барои баррасӣ ба порлумон ироа мешаванд. Табиъист, ки ҳар вазоратхона ё кумитаи давлатӣ дар қадами аввал манофеъи ниҳоди худро муқаддам мешуморад ва таваҷҷӯҳ намекунад, ки ин қонун бо асноди ҳуқуқии дигар мувофиқат дорад ё хайр.

Аз сӯйи дигар, вазифаи порлумон мушаххас кардани мухолифати як қонун бо қонуни дигар нест, ин вазифаи додгоҳи Қонуни Асосӣ аст. Бо ин вуҷуд, дар ҷомеъа чунин тасаввур вуҷуд дорад, ки дар куллияи мушкилоти сатҳи қонунгузорӣ Маҷлиси Намояндагон муқассир аст.

Бешак, навоқис дар фаъолияти Маҷлиси Намояндагон зиёд аст ва дар сурати пайдо шудани мухолифат дар қавонин онро ошкор мегӯем. Аммо дар баъзе маворид барои наранҷондани дӯстон аз навоқис дар муфодди қонун чашм мепӯшем. Ин вазъ ба эътибори порлумон ба унвони шохаи мустақилли ҳокимият латма ворид мекунад.

-Теъдоди намояндагони аҳзоби мухолиф дар порлумон ночиз аст. Оё садои онҳо дар фаъолияти порлумон шунида мешавад?

-Садои мо шунида мешавад, вале аз марҳилаи шунидан ҷилавтар намеравад. Баъзан пешниҳоди намояндагони аҳзоби мухолиф дар иҷлоси порлумон пазируфта мешавад, аммо на дар масоили калидӣ ва қавонини сарнавиштсоз барои миллат.

Бояд эътироф кард, ки пазируфтани раъйи аксарият ин табиъати порлумон аст ва қавонин низ бо аксари оро тасвиб мегарданд. Вале ин аксарият бояд бори масъулияти қонунро низ ба ӯҳда дошта бошанд.

-Ҳизби наҳзати исломӣ дар порлумон ду намоянда дорад. Аммо Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба далели беморӣ дар кори порлумон ширкат надошт ва ҳузури Шумо низ дар иҷлоси порлумон камтар ба назар мерасад. Ин вазъ ба ҳузури ҳизби наҳзати исломӣ дар порлумон асаре нахоҳад гузошт? 

-Дар сурати доштани ду ва ҳатто панҷ намоянда ҳам ҳузури як ҳизб дар порлумон ба таври возеҳ маълум нахоҳад шуд. Вале мо дар мавқеъи ақаллият низ дар масоили калидӣ садо баланд кардем ва ҷомеъаи Тоҷикистон садои моро шунид. Мо талош накардем, ки аз масоили ночиз ҳангома созем. Аммо дар масоили сарнавиштсоз назари худро иброз доштаем.

-Ташаккур барои суҳбат.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi