17:03:57 02-уми Июни 2025 сол

ДУБНОВ ИДДАОЪИ САФОРАТИ ТОҶИКИСТОНРО ҚАБУЛ НАДОРАД

Аркадий Дубнов, хабарнигори рӯзномаи “Время новостей”-и чопи Маскав, вокуниши сафорати Тоҷикистон дар Русияро бепоя медонад. Сафорати Тоҷикистон рӯзи душанбе бо пахши баёнияе Аркадий Дубновро барои чопи матлабе дар бораи даст доштани атбоъи тоҷик дар ҳаводиси Қирғизистон ба “дурӯғгӯӣ” муттаҳам кард. Дар ин матлаб Аркадий Дубнов навиштааст, афроде, ки дар ҷанги дохилии Тоҷикистон даст доштанд, бо дарёфти санадҳои ҷаълӣ вориди Тоҷикистон шуда, сипас ба Қирғизистон рафтаанд.

 

Масъулони сафорати Тоҷикистон ин иддаъоро бепоя хонда, оқои Дубновро ба “дурӯғгӯйӣ” муттаҳам карданд ва иддаъо карданд, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав таҳияи “асноди тақаллубӣ” ғайримумкин аст. Вале, ба гуфтаи оқои Дубнов, вай дар матлабаш сафорати Тоҷикистонро дар таҳияи асноди тақаллубӣ муттаҳам накардааст, балки танҳо навиштааст, ки атбоъи тоҷик дар сафорати кишвари худ метавонанд аснодеро бо акси худ, аммо бо асомии дигар дарёфт кунанд.

 

Оқои Дубнов ба унвони мисол мегӯяд, ки соли гузашта як табаъаи тоҷик хостааст бародараш Шамсиддин Боевро ба сурати иҷборӣ аз Маскав ба Тоҷикистон фиристад ва бо ин ҳадаф аз сафорати Тоҷикистон чунин санадеро дарёфт кардааст. Аммо, Шамсиддин Боев, ки намехост ба Тоҷикистон баргардад ба марзбонони фурӯдгоҳи "Домодедово" гуфтааст, ки дар санад исми шахси дигаре омадааст.

 

Дар натиҷа, ба гуфтаи Аркадий Дубнов, оқои Боев барои 1,5 сол равонаи зиндон шуда ва танҳо ба тозагӣ пас аз озод шуданаш, ба сурати қонунӣ ба Тоҷикистон бозгаштааст. Каромат Шарипов, раиси Чунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия” дар ихтиёри рӯзномаи “Время новостей” асомии атбоъи зиёди тоҷикеро қарор додааст, ки зимни истифода аз чунин асноди ҷаълии сафорати Тоҷикистон дар Маскав боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

 

Шоҳини Самад, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ин иддаъоҳои оқои Дубновро "бепоя" хонда ва мегӯяд, ки сафорат аз оқои Дубнов хостааст "ҳадди ақал исми як нафарро", ки ба гуфтаи Дубнов аз сафорат "санади тақаллубӣ" дарёфт кардааст, пешниҳод кунад. Оқои Самад зимни таъкид бар ин, ки Дубнов ба ин дархости сафорат посух надодааст, изҳороти вайро дар ин бора "тӯҳмат" арзёбӣ кард.

 

Аз сӯи дигар ба гуфтаи оқои Дубнов сафорати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи рӯзномаро ба изҳороти ахири Қуват Байболов, муъовини раиси Сервиси амниятии Қирғизистон, ки ҳамзамон масъули вазъияти изтирорӣ дар шаҳри Ҷалолобод аст ҷалб сохтааст. Гузориш шуда буд, ки оқои Байболов гуфта буд, атбоъи тоҷик дар ҳаводиси Қирғизистон даст доранд, аммо дертар оқои Байболов ин гузоришҳоро рад карда ва гуфт, ки ба ҳеҷ хабарнигоре чунин нагуфтааст.

 

Вале, Аркадий Дубнов ба навбаи худ таваҷҷӯҳи сафорати Тоҷикистон дар Маскавро ба изҳороти ахири Алик Орозов, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон ҷалб сохт. Хабаргузориҳо гузориш додаанд, ки дар сӯҳбат бо хабарнигорон оқои Орозов гуфтааст, ки ниҳодҳои амниятии ин кишвар дар канори атбоъи қирғиз ва ӯзбак чанд табаъаи Тоҷикистонро низ боздошт кардаанд ва ҳоло онҳо “баёноти аҷибе медиҳанд.”

 

Абдураҳим Хайриддинов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта аз мақомоти қирғиз хоста буд, ки дар заминаи чунин иттиҳомот тавзеҳ ироа бидиҳанд ё узрхоҳӣ кунанд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон низ чунин иттиҳомро бепоя хонда буд.

 

 

Зимнан, Аркадий Дубнов аз ҷумлаи он хабарнигорони рус маҳсуб мешавад, ки пайваста дар бораи вазъ ва ҳаводиси кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон ва Афғонистон матолиб ба чоп мерасонад. Бархе аз матолиби ин хабарнигор мавриди вокуниши тунди мақомоти кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон низ шуда буд. Ҳамчунин оқои Дубнов аз сӯйи давлати Сапармурод Ниёзов, президенти вақти Туркманистон мавриди пайгарди қонунӣ низ қарор дошт.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2532-2010-06-22-17-32-35.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854