00:36:22 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИМОМИ АЪЗАМ ҲУКУМАТ ВА НАҲЗАТРО БА ҲАМ ПАЙВАСТ

 

Аввалин чорабинии фарҳангие, ки дар созмон додани он Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва яке аз ниҳодҳои ҳукуматӣ муштаракан саҳм гирифтанд, баргузор гардид. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш Муҳаммадшарифи Ҳимматзода раҳбари маънавии ҲНИТ ба нишонаи эътироз аз бархе бандҳои қонуни ба тозагӣ ба тасвибрасида «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» аз мақоми вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон истеъфо дода буд.

 

18-уми апрели соли 2009 дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе ҳамоише бахшида ба «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон шудани соли 2009 барпо гашт. Ширкаткунандагони он, ки асосан аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ буданд, суханрониҳои мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар мавзӯйи «Меъёрҳои фиқҳии илмии Абӯҳанифа (р)» ва Абдулвоҳид Шамолов, доктори илмҳои фалсафа, директори Институти фалсафаи Академияи Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзӯйи «Баҳси каломии Имоми Аъзам (р)» шунида мавриди мубоҳиса ва муҳокима қарор доданд.


Мавлавӣ Муҳаммадалӣ дар маърӯзаи худ бештар сари масъалаи меъёрҳои фиқҳии Имоми Аъзам ибрози андеша намуд ва изҳор дошт, ки тибқи навиштаи уламо ва муҳаққиқини мутақаддимин меъёрҳои фиқҳии Абӯҳанифаро ҳафт қисм донистаанд: Қуръони Маҷид, Суннат, ақволи саҳоба, иҷмоъ, қиёс, истеҳсон ва урф. Сипас ӯ ҳар яке аз ин меъёрҳоро тибқи ақидаи Имоми Аъзам шарҳу эзоҳ дод.

 

Имоми Аъзам ба хотири ҳифзи исломи ноби муҳаммадӣ дар замони худ илми каломро аз устодони давр ҳамаҷиҳата фаро гирифта дар ин ҷода нобиғаи замони худ гардид, гуфт дар суханрониаш профессор Абдулвоҳид Шамолов. Ба ин мақсадҳо имом Абӯҳанифа мунтазам ба минтақаҳои мухталифи хилофат сафарҳо дошта бо шахсиятҳои гуногуни фирқаҳои мухталиф баҳсҳои илмӣ доштааст.

Дар баҳсҳои каломиаш ба ӯ илмҳои фалсафа, мантиқ, ки ҳанӯз дар ҷавониаш андӯхта буд, кӯмаки зиёд мекарданд. Баҳсҳои каломии ӯ то синни 31 солагиаш, яъне то даврони ба хидмати устодаш Ҳаммод ибни Сулаймон расиданаш, идома доштааст. Чун ӯ мебинад, ки баҳсу мунозираҳои бардавом ҷомеъаи исломиро ба тафриқа меоваранд, аз идомаи онҳо худдорӣ меварзад ва бо ҳидояти устодаш ӯ ба таҳқиқу омӯзиши илми фиқҳ рӯ меоварад,- афзуд дар идома профессор Шамолов.


Саидиброҳими Муҳаммадназар, мудири шӯъбаи таҳлил ва барномарезии ҲНИТ дар ҷараёни баҳсу мунозира аз он ибрози ташвиш намуд, ки бархе аз муассисаҳое, ки ба таблиғи фарҳанг машғул ҳастанд, чеҳраи Имоми Аъзамро тавре ба мардум нишон медиҳанд, ки худи онҳо онро ҳамон гуна дидан мехоҳанд, на ба он тарзе, ки дар ҳақиқат ӯ ҳаст. Аз сӯйи дигар ӯ таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзамро таъкид карда хотиррасон намуд, ки имом Абӯҳанифа дар таълимоти хеш аҳли қибларо ба ҳеҷ ваҷҳ кофир нахондааст.


Дар ҳамин ҳол Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин дар суханронии худ ба ҳамин нукта такя карда гуфт, ки ҳукуматдорон бо баҳонаи он ки Имоми Аъзам таҳаммулгаро буд, аз номи ӯ дар татбиқи барномаҳои ба таври густурда сӯиистифода мебаранд. «Чунончи мегӯянд «мо тарафдори мазҳаби Имоми Аъзам ҳастем», вале онҳоеро, ки садди ҳиҷоб мешаванд, кофир намегӯянд. Мегӯянд, ки Имоми Аъзам аз сиёсат дур буд. Ин нодуруст аст. Ӯ қозии қозиҳо буд».

 


Мавлавӣ Абдулҳайи Искандар низ изҳор дошт, ки «чун солро соли Имоми Аъзам эълон кардем, чун мазҳаби имом Абӯҳанифаро расман дар сатҳи давлатӣ мазҳабӣ хеш донистем, бояд ки тибқи талаботи ҳамин мазҳаб амал кунем. «Ҳазрати Имоми Аъзама ягон мантабааъаш арақ намехӯрд, ягон мантабааъаш зино намекард, ягон мантабааъаш зидди ислом гап намезад. Ҳамаи қонунаш тибқи қонуни ислом буд. Ҳазрати Имоми Аъзам амр бар маъруф мекард, наҳй аз мункар мекард. Тибқи мазҳаби Имоми Аъзам зан бояд сари луч дар кӯча нагардад… Мо низ чун худро ҷонибдори мазҳаб меномем, инро набояд фаромӯш кунем».


Директои Институти фалсафа, ки дар хотимаи ҳамоиш ба суолҳо посух мегуфт, бо ишора ба нуктаҳои интиқодии воъизини қаблӣ дар ҳимояи сиёсати пешгирифтаи ҳукумати феълӣ аз ҷумла чунин гуфт: «Гарчӣ мо пайрави Имоми Аъзам ҳастем, вале тибқи Сарқонуни кишвар, ки бо раъйи кулли мардуми гуногун мазҳаб ва гуногун миллат қабул шудааст, давлати мо ҷумҳурии демократӣ ва ҳуқуқбунёд эълон гардидааст. Ин маънои онро дорад, ки дар чунин кишвар манфиатҳои тамоми ақшори ҷомеъа ҳини ҳукуматдорӣ бояд ба назар гирифта шавад… Мо дар ҷомеаи рӯ ба инкишоф қарор дорем, яъне ҷомеаи транзитӣ. Дар чунин ҷомеъаҳо пеш аз аз ҳама масоили амнияти миллӣ ва суботи ҷомеъа мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода мешаванд…».


Дар музокира инчунин дигар аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ азҷумла, Ҳақназари Ғойибназар, Зубайдуллоҳи Розиқ, Эшони Аллома, эшони Давлатхӯҷаи Аҳмад ва дигарон изҳори ақида намуданд. Дар ҳамоиш Сайид Муҳаммади Хайрхоҳ- сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ва намояндаи сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон оғои Каррубӣ суханронӣ карданд. Намояндагони сафоратхонҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар ин чорабинӣ ҳузур доштанд.


Гурӯҳи наврасони маҳфили фарҳангии ҲНИТ барои ҳозирин бахшида ба соли бузургдошти Имоми Аъзам намоишномаи панду ахлоқиеро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар хотима Муҳиддин Кабирӣ Раиси ҲНИТ бори дигар ҷонибдории ҳизбашро аз ибтикори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон кардани соли 2009 баён дошта аз аъзои ҳизбаш даъват ба амал овард, ки дар амалӣ кардани ин барнома бо ҳукумат дар ҳамкории зич бошанд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi