17:25:56 02-уми Июни 2025 сол

ТАҚОЗОИ КУМИТАИ АМНИЯТИ ТОҶИКИСТОН АЗ МАҚОМОТИ БИШКЕК

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз мақомҳои амниятии Қирғизистон ва Узбакистон тақозо кардааст, то хабари ширкати шаҳрвандони ин кишвар дар нооромихои Қирғизистонро бо далелҳо шарҳ диҳанд. Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар парлумони кишвар ба суоли вакилон посух медод, афзуд, ки дар сурати исбот нашудани ин иттиҳомот бояд ҷониби Қирғизистон тариқи васоити ахбори омма пӯзиш пурсад.

 

Қаблан расонаҳо аз қавли Қувват Байболов, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, иттилоъ доданд, ки гӯиё шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин нооромиҳо ҳам ҷониби узбакҳо ва қирғизҳо дар ҷануби Қирғизистон тирандозӣ мекунанд.

 

Раддияи Қувват Байболов

Аммо дар сӯҳбат бо Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ рӯзи чаҳоршанбе ҷаноби Байболов гуфт, вай ба ягон расонаи хабарӣ чунин иттилое надодааст ва ҳарчанд дар бораи бархе аз фактҳои алоҳидаи ширкати шаҳравндони кишварҳои савум дар даргириҳои ҷануби Қирғизистон сӯҳбатҳое сурат гирифтааст, чунин далелҳо дар даст нест. Раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон вазъи минтақаҳои бо Қирғизистон ҳаммарзии Тоҷикистонро ором номид ва гуфт, ҳеҷ хатаре аз ҷониби Қирғизистон таҳдид намекунад.

 

Мотами миллӢ  дар Қирғизистон

Ҳукумати муваққати Қирғизистон барои поси хотири қурбониёни нооромиҳои рӯзҳои ахир дар ҷануби ин кишвар 16-уми июнро Рӯзи мотам эълон кардааст. Мақомоти расмии Бишкек шумори кушташудагони ин ҳодисаро 170 ва захмиёнро без аз 1700 нафар мегӯянд. Ҳамзамон нооромиҳо дар ҷануби Қирғизистон хотима наёфтааст, вале ҳукумати ин кишвар мегӯяд, вазъият рӯ ба беҳбудист.

 

Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, гуфтааст, нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ бо пуштибонии ихтиёриён тавонистаанд, авзоъ дар ҷануби кишварро таҳти назорат дароранд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар вилояти Ҷалолобод супурдани ихтиёрии силоҳ оғоз шудааст. Ва дар Ӯш тамоми ниҳодҳои давлатӣ дубора фаъол шудаанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2491-2010-06-16-11-10-50.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854