09:54:23 01-уми Июни 2025 сол

НАТОИҶИ ҲАМОИШИ САРОНИ СОЗМОНИ ШОНГҲОЙ ДАР ТОШКАНД

Дар нишасти сарони Созмони Шонгҳой дар Тошканд асосан ду масъала баррасӣ шуда, дар пайванд бо яке - узвияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин иттиҳод - қарори амалӣ ба тасвиб расид ва робита ба дувумӣ - ташаннуҷи вазъ дар Қирғизистон - шиорҳои умумие садо дод.

 

Бино бар шартҳои наве, ки дар Тошканд ба тасвиб расиданд, танҳо кишварҳое метавонанд ба узвият дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой умед банданд, ки дар минтақаи Авруосиё воқеъ гашта, бо ҳамаи аъзои созмон равобити дипломатӣ дошта бошанд. Онҳо бояд аз муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии кишварҳои узв ҳимоят кунанд ва дар зери таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид набуда, бо кишвар ё кишварҳои дигар дар ҳоли ҷанг қарор надошта бошанд.

 

СҲШ дарро ба рӮи Эрон баст...

Ба ин тартиб Эрон, ки рӯзи 9-уми июн бастаи чаҳоруми таҳримҳои зиддаш дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба тасвиб расид, дар ҳоли ҳозир наметавонад узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой шавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки Эрон шаш соли охир дар ин ниҳод кишвари нозир буд ва ду сол пеш расман бо дархости узвият ба сарони он муроҷиат кард.

 

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба нишасти сарон дар Тошканд даъват шуда буд, вале аз ширкат дар он худдорӣ кард.

 

Тоҷикистон тайи ду соли охир аз узвияти Эрон дар созмон пуштибонӣ мекард ва талош кардааст, монеаи марбут ба таҳримҳои Созмони Милал аз санади ниҳоӣ ҳазф гардад. Вале бо хатми нишаст намояндагони Тоҷикистон муносибати хешро ба муқаррароти нави қабули аъзои нав иброз надоштанд.

 

... ва дигар кишварҳоро ба узвият хонд

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар поёни ҷаласа гуфт, кишвараш ба вуруди давлатҳои бузург ба созмон ба шарти мутобиқати онҳо ба муқаррарот мухолиф нест. Медведев афзуд, санади нав баёнгари "таъкид ба дарҳои бози Созмони Шонгҳой аст, то чаҳорчӯби он фаротар равад."

 

Ширкаткунандагони нишаст гуфтанд, то ҳол низоми муайяни пазириши аъзои нав мавҷуд набуд ва акнун эҳтимолан раванди густариши созмон оғоз ёбад. Покистон - яки дигар аз хоҳишмандони узвият дар гурӯҳи Шонгҳой аст, ки ҳанӯз соли 2006 расман ариза додааст.

 

Дар ҳоли ҳозир шаш кишвар - Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон узви созмон буда, Эрон, Муғулистон, Ҳинд ва Покистон кишварҳои нозиранд ва Беларусу Шри Ланка шарикони мавриди муколама.

 

Эъломияи СШҲ дар робита ба вазъи Ӯш

Аз ҳамаи кишварҳои узв дар нишасти Тошканд президентҳо ширкат доштанд ва аз номи Қирғизистон иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷӣ Руслан Қазоқбоев ба ҳозирон дар бораи рӯйдодҳои шаҳри Ӯши ин кишвар гузориш дод. Вай гуфт, "нерӯҳои тахрибагар" ва "аносири ҷиноӣ" талош доранд, ҷануби Қирғизистонро ба оташи як низои байнимиллӣ кашонанд.

 

Президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, ки кишвараш раёсати даврии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро ба зимма гирифт, гуфт, ин созмон бояд ба Қирғизистон дар ҷилавгирӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ кӯмак кунад. Дар эъломияи ниҳоӣ низ сарони Созмони Шонгҳой Қирғизистонро ба қатъи зӯроварӣ ва эҳёи субот аз роҳи гуфтушунид даъват карданд.

 

Пешниҳоди ЭмомалӢ Раҳмон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди фишангҳои вокуниш ба рӯйдодҳои шабеҳи Қирғизистон таъкид кард ва бархе аз ширкаткунандагон ба тавонмандиҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ ишора намуданд. Вале раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев гуфт, паймони мазкур танҳо дар ҳоле метавонад, даст ба амал занад, ки кишвари узв ҳадафи ҳамлаи хориҷӣ қарор бигирад.

 

Ба гуфтаи коршиноси умури минтақа Санавбар Шерматова, иттифоқан дар рӯйдодҳои моҳи апрел дар Ҷалолобод даъватҳои корбасти Паймони амнияти дастаҷамъӣ низ садо дода буданд. Хонуми Шерматова мегӯяд, шояд ба ҳамин сабаб вуқӯъи рӯйдодҳои Ӯш бо нишасти сарони гурӯҳи Шонгҳой ва он ҳам дар Тошканд рост омад. Ва мисли қабл даъватҳои ворид кардани нерӯ ба Қирғизистон дубора муҳим хоҳанд шуд.

 

МавзӮи обу энержӢ матраҳ нашуд

Дар Тошканд раисиҷумҳури Чин Ҳу Ҷинтао пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонӣ, тундгароӣ ва қочоқи маводи мухаддирро аз мушкилоти умдаи Осиёи Марказӣ номид ва ба гуфт, бо назардошти афзоиши омилҳои нооромӣ бояд созишномаҳои таъмини амнияти лӯлаҳои нафту газ ба имзо расанд. Чин ба яке аз истеъмолгарони асосии нафт ва гази минтақа табдил ёфтааст.

 

Ва мизбони нишаст, раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов талош кард, дар ҳеҷ масъалае шиддати лаҳн нишон надиҳад. Дар ҳоле ки коршиносон ба сурати умум ин нишастро як нишасти муқаррарӣ ва гузарон арзёбӣ кардаанд, Каримов метавонад ботинан қаноатманд бошад, ки маҳз дар Тошканд, дари созмон ба рӯи Эрон баста шуд ва ин бор садои Тоҷикистону Қирғизистон бо дифоъ аз тарҳҳои обу энержӣ ба гӯш нарасид.

 

Салими Аюбзод, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2471-2010-06-11-16-10-58.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854