09:29:51 01-уми Июни 2025 сол

ИНТИЗОРИҲОИ МАРДУМ АЗ МУЛОҚОТИ РАҲМОН ВА КАРИМОВ

Ҳалли масъалаи эҷоди монеа аз сӯи Узбакистон дар транзити колоҳо ба Тоҷикистон аз мавзӯи интизориҳои мардуми Тоҷикистон аст, ки имкон дорад дар гуфтугӯҳои дуҷониба миёни Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд матраҳ ва ҳал шавад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз барои ширкат дар иҷлоси сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой вориди Тошканд – пойтахти Узбакистон шуд ва интизор меравад бо ҳамтои узбакаш дар мавриди ихтилофоти назар миёни ду кишвар гуфтугӯ анҷом диҳад.

 

Мавзӯи эҷоди монеа дар транзити колоҳо аз тариқи роҳи оҳан аз сӯи Узбакистон дар чанд моҳи охир идома дорад. Ин монеасозиҳои Узбакистон аз замони имзои санаде миёни Бонки ҷаҳонӣ ва давлати Тоҷикистон дар бораи тарҳрезии барномаи фанниву зистмуҳитӣ ва эъломи тасмими ташкили консорсиюми байнулмилалӣ барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун шурӯъ шуда буд.

 

Ҳайати Тоҷикистон дар раъси муовини нахуствазир дар Тошканд натавонистанд ба ҳалли ин мушкил даст ёбанд. Зеро ба қавли бархе аз коршиносон, талаби Тошканд гуфтугӯ дар сатҳи олӣ буд. Ба ин далел мардуми Тоҷикистон, ки имрӯз қариб дар инзиво қарор доранд, аз мулоқоти раисони ҷумҳури ду кишвар интизориҳои зиёдеро чашмдоранд.

 

Гиреҳи мухолифатҳои Душанбе ва Тошканд

Раҳмон Улмасов, муовини раиси Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ин интизориҳоро воқеияти рӯз медонад. Ба гуфтаи вай, эътирозҳои ахири тоҷикони бурунмарзӣ алайҳи манъи қаторҳои Тоҷикистон ва эътирозҳои ниҳодҳои зистмуҳитии Узбакистон дар муқобили корхонаи Талко ба мухолифати Тошканд ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун гиреҳ хурдааст.

 

Ҷаноби Улмасов мегӯяд, агар мулоқоти дуҷониба ба ҳалли мушкили транзит даст наёбад, бояд муаммоҳои кушоиши гиреҳи мухолифатҳоро кушояд. Вай афзуд, «барои мисол баҳсе, ки дар конфронси байнулмилалии «Об барои ҳаёт» дар Душанбе миёни намояндагони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон ба вуҷуд омад, шаҳодати он аст, ки замони ба гуфтугӯ нишастан сари ин масъала расидааст. Зеро ин масъала аз қаламрави ҳаду кишвар хориҷ шуда, то ба Созмони ҳамкорӣ ва амнияти Аврупо, СММ ва Иттиҳоди Аврупов ва Амрико расидааст».

 

 

Мавқеъгирии Иттиҳоди Аврупо

Ин дар ҳолест, ки Эмрӣ де Монтескю, намояндаи раисиҷумҳури Фаронса, дар ҷараёни дидору гуфтугӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки соири кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мухолифи ҳар навъ муҳосираи иқтисодӣ ҳастанд ва ин иқдоми Узбакистонро намепазиранд. Ҷаноби Монтескю афзуд, Тоҷикистонро зарур аст роҳҳои алтернативии транзитиро бунёд кунад.

 

Дар баҳси конфронси байнулмилалии об намояндаи Узбакистон гуфт, мо ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар сурате мухолиф нахоҳем буд, агар Тоҷикистон тазмини бехатарии садди ин нерӯгоҳ дар сурати зилзиларо бидиҳад ва эътимод аз сӯи экспертизаи байнулмилалӣ ироа шавад.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854