17:28:28 02-уми Июни 2025 сол

НОРИЗОЯТИИ ВАЗОРАТИ ХОРИҶА АЗ МАҚОМОТИ РУСӢ

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон зимни таслими номаи диплумотик ба сафири Русия дар Душанбе, аз ибрози назари бархе аз мақомоти Русия алайҳи Тоҷикистон изҳори норизоиятӣ кардааст. Ба гуфтаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, бархе аз суханрониҳои Владимир Жириновский, муъовини раиси Думои Русия ва Геннадий Онишенко, раиси Идораи назорат бар иҷрои ҳуқуқи масрафкунандагон ва ҳифзи беҳдории Русия "тавтеъаангез" аст.

 

Ин матлаб дар ҷараёни дидори Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 4 июн изҳор шудааст. Номаи расмии вазорати хориҷаро дар ин бора оқои Зарифӣ ба сафири Русия таслим кард.

 

Вале Давлат Назрӣ, сухангӯйи вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи душанбеи 7 июн дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ таъкид кард, ки аз лиҳози қавоиди диплумосӣ унвони ин нома "номаи эътирозӣ" набуда, балки нома ё нота аст. Вай ҳамчунин хабар дод, ки дар ҷараёни ин сӯҳбат вазири хориҷаи Тоҷикистон таваҷҷӯҳи сафири Русияро ба мушкили манъи воридоти меваи хушки Тоҷикистон ба қаламрави ин кишварро ҷалб сохтааст.

 

Таъкид шудааст, ки ин маҳдудият боъиси хисороти ҷиддие ба мардуми Тоҷикистон, ба вижа сокинони вилояти Суғд шудааст. Оқои Зарифӣ муҷаддадан аз сафири Русия даъват кардааст, ки давлати ин кишвар имкони лағви чунин маҳдудиятро баррасӣ кунад.

 

Пештар, Владимир Жириновский, муъовини раиси Думои Русия рӯзи 28 май дар як нишасти матбуъотӣ изҳор дошта буд, ки дурнамои Тоҷикистон ва Қирғизистон "ба унвони кишварҳои мустақил тира аст ва онҳо бояд ба як воҳиди маъмурии Русия табдил шаванд."

 

Аз сӯйи дигар Геннадий Онишенко, ки дар беш аз як моҳи ахир пас аз шуюуъи бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон таҳримҳоеро алайҳи ин кишвар рӯйим даст гирифта буд, дар пайи вуқуъи ҳаводиси табиъӣ ва селобҳо дар Тоҷикистон изҳор доштааст, ки "ин кишварро худо кам-кам танбеҳ додааст”.

 

Давлат Назрӣ аз посух ба ин суол, ки чаро давлати Тоҷикистон ба изҳори назари ин ду мақоми Русия сареъан вокуниш накард, худдорӣ кард. Вале, ба эътиқоди Саймуддин Дӯстов, сиёсатшиноси тоҷик, кундии давлати Тоҷикистон барои вокуниш ба изҳороти мақомоти Русия ба мушкилоти идорӣ бастагӣ дорад.

 

Вай гуфт: “Тасмимгириҳо дар робита ба сиёсати хоричӣ салоҳияти Президент Раҳмон аст ва мушкилоти идорӣ боъиси чунин таъхир шудааст”. Аз сӯйи дигар, оқои Дӯстов мегӯяд, ки давлат дар ин замина “эҳтиёткорӣ" мекунад ва ин амрро бояд ҳамчун "талоши давлат барои ҳифзи истиқлоли Тоҷикистон" арзёбӣ кард.

 

Матбуъоти ҳафтаи гузаштаи Тоҷикистон изҳори назари ахири ин ду мақоми Русия вокуниши тундеро ба дунбол дошт. Коршиносон иддаъо карданд, ки давлати Тоҷикистонро зарур аст, дар мавзӯъи идомаи узвияти худ дар созмонҳое, назири кишварҳои ҳамсуд, созмони ҳамкориҳои Уруосиё ва Созмони паймони амнияти дастиҷамъӣ, ки маъмулан Русия дар онҳо мавқеъи аввалро дорад, таҷдиди назар кунад.

 

Гузашта аз ин, соҳибназарон иддаъо доранд, ки Русия дигар шарики истротежики Тоҷикистон нест ва дар баҳсҳи миёни ин кишвар бо Ӯзбакистон дар мавриди истифода аз захоири об дар Осиёи Марказӣ аз мавзеъи Ӯзбакистон пуштибонӣ мекунад.

 

Онҳо тасмимҳои ахири Русия дар мавриди манъи воридоти меваи хушки Тоҷикистон, боло бурдани мизони аворизи гумрукӣ барои маводди сӯхте, ки ба Тоҷикистон содир мешавад, нишонаҳои фишори Русия ба давлати Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.

 

Ахиран, Андрей Грозин, раиси пажӯҳишгоҳи масоили кишварҳои ҳамсуди Русия дар мусоҳибае бо Би-би-сӣ гуфта буд, ки “аз як сол бад-ин сӯ Тоҷикистон дар феҳрасти шарикони боэътимоди Русия қарор надорад”.

 

Вай ҳамчунин пешгӯӣ карда буд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва бавижа дар Тоҷикистон дар тобистон ва тирамоҳи соли ҷорӣ эҳтимоли ташаннуҷи увзоъ вуҷуд дорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2433-2010-06-07-06-27-50.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854