НОРИЗОЯТИИ ФАЪОЛОНИ АҲЗОБИ СИЁСӢ АЗ РОҲИ ПУЛАКӢ
Намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар устони Суғд нисбат ба тарҳи пулӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ, ки аз сӯйи ширкати "Innovative Road Solutions" (IRS) иҷро мешавад, изҳори норизоятӣ мекунанд. Дар ҷаласаи навбатии машваратии аҳзоби сиёсӣ дар Хуҷанд, ки рӯзи панҷшанбеи 3 июн дар бинои намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯъи "Роҳ ва муъаммоҳои он" баргузор шуд, намояндагони аҳзоби сиёсӣ, як масъули ширкати IRS ва бархе аз мақомоти давлатӣ ширкат варзиданд.
Моҳинисо Ҳорисова, сарвари маркази "Ҷомеъаи шаҳрвандӣ", гуфт, ки маҳфили машваратии ҳизбҳои сиёсӣ ба ин натиҷа расидааст, ки муроҷиъатномае унвонии раиси ҷумҳур ва порлумон дар хусуси бознигарии қонун "Дар бораи роҳ" интишор диҳад. Ба гуфтаи хонум, Ҳорисова аҳзоби сиёсӣ бар ин назаранд, ки вақте ки роҳи олтернотиве дар баробари роҳи Душанбе-Чаноқ вуҷуд надорад, пас ин роҳ набояд пулакӣ карда шавад.
"Пул барои нигаҳдории роҳ"
Ширкаткунандагони ин ҳамоиш аз Мирзоалӣ Мансуров, намояндаи бахши маҳалли ширкати IRS дар устони Суғд суол карданд, ки маблағи ҷамъовардаи ширкат ба куҷо равона мегардад? Вай гуфт, ки "маблағ барои истифода ва нигоҳдории роҳи утумубилгарди Душанбе-Чаноқ сарф мешавад."
Ба суоли он ки то имрӯз аз сӯйи ширкат чӣ миқдор маблағ ҷамъ оварда шудааст, оқои Мансуров гуфт, ки нашри "ин маълумот дар ваколати ман дохил намешавад, балки ба уҳдаи роҳбари молии ширкат аст" ва аз ӯ мешавад дарёфт кард.
Тошмаҳмад Ашӯров, корманди шӯъбаи ҳамлу нақли ҳукумати вилояти Суғд, гуфт, ки то соли 1996 молиёте барои хазинаи роҳ аз ронандагон ситонда мешуд ва ин маблағ барои таъмир, нигаҳдорӣ ва сохтмони таъсисоти марбут ба роҳ масраф мешуд. Вале ин навъи андоз ё молиёт баъдан лағв шудаааст. Оқои Ашӯров афзуд: "Тибқи меъёрҳои имрӯза барои нигаҳдории 1 килуметр роҳ дар як сол 12 ҳазору 100 сомонӣ ё муъодили беш аз 2730 дулор лозим аст."
Вале ба гуфтаи оқои Ашӯров, он маблағҳое, ки аз суйи вазорати молия ба вазорати таробарӣ ҷудо мешаванд, дар як сол барои нигаҳдории 1 килуметр роҳ баробари 860-900 сомонӣ аст, ки хароҷоти нигаҳдории роҳ ва маъоши кормандон низ шомили он мешавад.
Бар замми ин, 80-90 дарсади таҷҳзиот ва фанноварии муассисаҳои нигаҳдории роҳ дар вилояти Суғд кӯҳна ва фарсуда шудаанд. Ба ин тартиб, пулакӣ шудани роҳ навъе ҷойгузин барои молиёти роҳ дар замони Шӯравӣ маҳсуб мешавад.
Коҳиши молиёт барои ронандагони маҳаллӢ
Мирзоалӣ Мансуров, намояндаи бахши маҳаллии ширкати "Innovative Road Solutions" дар устони Суғд, дар ин ҷаласа гуфт, ки ин ширкат барои сокинони деҳаҳои канори роҳи Истаравшан ва Мастчоҳ таърифаҳоро пойин бурдааст.
Ба гуфтаи вай, барои сокинони деҳаҳои канори роҳ, ки дар наздикии бунгоҳҳои пулчинӣ қарор доранд ва аз фосилаи камтари роҳ истифода мекунанд, дар Истаравшан барои 10 килуметр 2 сомонӣ муқаррар шуда ва аз ин имтиёз танҳо сокинони маҳалла ва рустоҳои Сӯфӣ Ориф, Тугус Челак, Калъаи Араб, Уяс, Ӯялӣ, фаб. Мургпарварӣ, шахраки Истаравшан ва Лакат бархурдоранд.
Дар бунгоҳи пулчинии "Чорух" барои сокинони Табошар ва Консой низ маблағи роҳ коҳиш дода шуда ва барои ҳудуди 15 килуметр 3 сомонӣ муқаррар шудааст. Аммо сокинони ноҳияи Мастчоҳ 8 сомонӣ мепардозанд. Таърифаи ин роҳ барои дигарон 10 сомонӣ аст.
Ҳамчунин ширкати IRS пардохти маблағ ба василаи кортҳои электруникиро ба роҳ андохта ва ронандагон метавонанд чунин кортҳоеро низ харидорӣ кунанд. Масъулони ин ширкат мегӯянд, ки пулӣ шудани роҳ дар ҳар ҷомеъае дар оғоз баҳсҳоеро ба миён меорад ва баъдан мардум ба он одат мекунанд.
Ба ин тартиб, ширкати IRS сарфи назар аз тасмимоти Идораи зиддиинҳисории Тоҷикистон то ҳол дар роҳи Истаравшан-Хуҷанд аз ронандагон барои истифода аз роҳ 14 сомонӣ меситонад. Аммо бисёре аз соҳибони худравҳо ва минибусҳо ба хотири напардохтани маблағи гарон дар бунгоҳи пулчинӣ роҳашонро дигар мекунанд ва фосилаеро бо бероҳа ё роҳҳои фарсудаю вайрон тай мекунанд.
Гуфта мешавад бисёре аз ин роҳҳои фарсудаи дохилӣ, ки аз миёни заминҳои кишват мераванд, барои мусофирон хатароте ба ҳамроҳ доранд. Вале ронандагон ба далели гаронии арзиши роҳ ва тамоюл надоштан ба пардохти он аз ин роҳҳо истифода мекунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2415-2010-06-03-18-39-16.html