17:12:58 02-уми Июни 2025 сол

МУОВИНОНИ НАВ БАРОИ АМОНУЛЛО АШӮР

Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон ва президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати ҳукумат тағйироте ба вуҷуд омад. Дар Хадамоти зиддимонополӣ ду муовини нав таъин ва раисони се ноҳияҳо аз вазифа озод шуданд. Қурбонбой Каримов аз курсии раиси ноҳияи Зафаробод ба маснади раиси ноҳияи Фархор мегузарад. Ӯ дар курсии раиси ноҳияи Фархор Шариф Ғаффоровро иваз кард, худи ҷаноби Каримовро дар курсии раиси ноҳияи Зафаробод Ҳамидҷон Боиров иваз намуд.

 

Дар ноҳияи Шӯробод низ ба ҷойи Иброҳим Азизов раиси нав Амирхон Икромов таъин гардид. Раисони ноҳияҳо, бино бар хабари дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, «бо сабаби ба кори дигар гузаштан» аз вазифа озод шудаанд. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин мушовири худ дар масоили иқтисодӣ Одилҷон Ҷабборовро мудири шӯъбаи молияи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ таъин намуд.

 

Ҳамчунин, Назар Одинаев муовини аввали раиси Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон ва Абдусамад Саидмуродов муовини раис дар ин хадамот таъин гардиданд. Раёсати ин хадамот бар дӯши Амонулло Ашӯр аст, ки феълан бо ширкати IRS сари роҳҳои пулакӣ вориди баҳс шудааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2408-2010-06-03-12-42-16.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854