20:12:44 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/21_--01-a-aaaaaamasud_226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/21_--01-a-aaaaaamasud_227.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/21_--01-a-aaaaaamasud_226.jpg'

МАСЪУД ПАРЧАМБАРДОРИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ АСТ

Дирӯз (20.04.2010) дар толори маҷлиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҶТ ва Бунёди «Шаҳид Масъуд» конфронси илмии байналмиллалӣ дар мавзӯи «Нақш ва таҷрибаи Аҳмадшоҳ Масъуд ва «Ҷабҳаи муттаҳид» дар мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм» баргузор гардид.

 Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ Олимов К. О. -директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ ҳусни матлаъ бахшид. Мавсуф хабар дод, ки  Бунёди «Шаҳид Масъуд» китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор»-ро ба ҳуруфи ниёгон баргардон намуда бо сифати баланд ба нашр расондааст. Сипас  доктор Муҳайиддин Меҳдӣ муҳаррири китоби мазкур китобро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. 

Аҳмад Валӣ Масъуд -раиси Бунёди «Шаҳид Масъуд» дар бораи чӣ гуна таҳия ва ба нашр расидани китоби мазкур ҳарф зада, аз хизматҳои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон  дар масъалаи   омӯзиш ва дастраси мардум кардани осори  таърихии илму фарҳанги мардуми форсзабон дар марҳилаи кунунӣ ёдовар шуд. Ӯ инчунин дар бораи мақсаду маром ва корҳоии   то ба имрӯз анҷомдодаи бунёди «Шаҳид Масъуд ҳарф зад. Иштирокчиёни конфронсро Рӯзадоров- намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ  табрику хайра мақдам гуфт.

 Сипас дар конфронс Сардормуҳаммад Раҳмонуғлӣ- вакили Парламенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар мавзӯи «Аҳмадшоҳи Масъуд ва «Ҷабҳаи муттаҳид», Аҳмад Беҳзод- вакили Парламенти ҶИА дар мавзӯи «Масъуд пешвои муборизаи ба муқобили ифротгароӣ ва терроризм баъд аз пирӯзии муҷоҳиддин», Искандаров Қ.-мудири шӯъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих дар мавзӯи «Сафари Аҳмадшоҳи Масъуд ба Аврупо ва аҳамияти он барои муттаҳид сохтани нирӯҳо дар мубориза ба муқобили терроризм», 

Холиқназаров Худойбердӣ- мудири шӯъбаи Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, номзади илмҳои таърих  дар мавзӯи «Нақши Аҳмадшоҳи Масъуд дар раванди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон», доктор Меҳдӣ Муҳайаддин- ходими илмии Академияи Илмҳои ҶИА дар мавзӯи «Вазъи Афғонистон баъд аз сафари таърихии Аҳмадшоҳ Масъуд ба Аврупо», Мерганов Савлатшоҳ-устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология дар мавзӯи «Аҳмадшоҳ Масъуд ва хуруҷи низомиёни Шӯравӣ аз Афғонистон», Дубовитский В.В.- муовини директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих дар мавзӯи «Эҳёи «Ҷабҳаи муттаҳид» ҳамчун натиҷаи фаъолияти ISAF дар солҳои 2001-2011», Шукури Воқиф-таҳлилгари сиёсӣ аз ҶИА  дар мавзӯи «Пойгоҳи мардумии Аҳмадшоҳ Масъуд дар даврони муқовимат», Хӯҷова Мавҷуда- котиби иилмии Институти шарқшиносиӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, номзади илмҳои филология дар мавзӯи «Вазъи занони Афғонистон дар замони ҳукумати «Толибон»,

 Султони Ҳамад-коршиноси мустақил дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Аҳмадшоҳи Масъуд», Саидхӯҷа Ализода-ходими илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ «Симои Аҳмадшоҳи Масъуд дар адабиёти муосири тоҷик» суханронӣ намуданд.

 Дар хотима конфронс қатъномаеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он аз ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки  яке аз хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистонро ба номи ин абармарди таърихи миллати тоҷик номгузорӣ намоянд. Дар ҳамин қатънома омадааст, ки дар Тоҷикистон намояндагии бунёди «Шаҳид Масъуд» таъсис ёфта он барои таҳкиму рушд бахшидани муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Афғонистон мусоидат хоҳад кард.

 «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2159-2010-04-21-03-40-16.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi