17:38:34 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нимаи дуюми рӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2014 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2015 баргузор шуд.

majlisihukumat_12456556.jpgМаҷлиси васеи ҷамъбастӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, дигар мақомоти марказӣ, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул ҷараён гирифт.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, вазири молия Абдусалом Қурбонов, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов шунида шуд.

Зимни ин ҳисоботҳо ва пурсишу посухҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, сарфакорона ба роҳ мондани хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа зоҳир карда шуд. Дар айни ҳол таъкид гардид, ки соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маошу нафақа ва стипендияҳои имсол зиёдшаванда бояд пурра ва саривақт маблағгузорӣ шавад.

Дастур дода шуд, ки корҳо барои муайян ва бекор намудани нафақаҳои бо роҳҳои қалбакӣ таъингардида идома дода шавад. Чунонки зикр гардид, то имрӯз 5600 нафақаи ғайриқонунӣ таъингардида бекор карда шудааст.

Сипас вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, раиси ширкати Барқи Тоҷик Рустам Раҳматзода, роҳбари ширкати Помир энерҷи Далер Ҷумаев, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи энергетика ва Директори ҷамъияти саҳҳомии Нерӯгоҳи барқии обии Роғун Хайрулло Сафаров ҳисобот доданд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар ҳамчунин вазири кишоварзӣҚосим Роҳбар, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷамшед Шодихон, раиси шаҳри ХоруғҚиматгул Алибердиева, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳисобот доданд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, вазифаҳои аввалиндараҷа ва ҳалталаби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2015 мушаххас намуд.

Бори дигар таъкид гардид, ки барои коҳиш додани таъсири омилҳои манфии беруна ба ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони азиз ва таъмини рушди босуботу бонизоми сарзамини аҷдодӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда ва нерӯи бузурги мардуми шарифи кишвар пурсамар истифода бояд бурд.

http://www.president.tj/



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi