13:49:44 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

А.Достиев - сиёсатмадори "шикастабанд" ва умре дар соя

Абдулмаҷид Достиев, аз чеҳраҳои калидӣ ва собиқадори ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, баъди 22 соли кор дар ҳукумати ӯ дар синни 68 бознишаста шуд. Сиёсатмадоре ки ҳеҷ Якум нашуд ва умре дар соя монд, дар сояи "Ҷаноби олӣ".

a.dostiev 659847551122Абдулмаҷид Достиев дар ҳоле дар синни 68 аз симати сафири Тоҷикистон дар Русия рафт ва бознишаста шуд, ки аз насли аввале, ки дар поёни соли 1992 дар пайи пирӯзии нирӯҳои Фронти халқӣ ба қудрат расиданд, танҳо теъдоди ангуштшуморе дар мансабҳои муҳими давлатӣ дар канори Эмомалӣ Раҳмон боқӣ мемонанд. Аз он насл шояд имрӯз танҳо шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва муовини авввали ҳизби ҳокими халқии демократӣ Сафар Сафаровро метавон ном бурд, ки аз соли 1992 ба ин сӯ нуфузи худро дар ҳукумати оқои Раҳмон ҳифз кардаанд.

Зимнан ҳизби халқии демократӣ низ вориси ҳизби халқиест, ки Абдулмаҷид Достиев дар соли 1994 сохт, вале 4 сол пас, дар соли 1998, баъди табдили номи он ба ҳизби халқии демокративу ба таври ғайриинтизор узви ин ҳизб шудани Эмомалӣ Раҳмон, Достиев ин “тифли сиёсӣ”-ашро бо ду дасти адаб ба раҳбари аввали кишвар супурд.

Аммо додани ҳизб гузашти аввалу охири Достиев дар муборизаҳое, ки дар дохили клани ҳоким мегузашт, набуд. Достиев дар солҳои аввали ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз нигоҳи иерархия мақоми дувуми Тоҷикистон буд, вале дар чашми бисёриҳо аз нигоҳи нуфуз ва нақшаш дар таҳаввулоти бахусус сиёсии кишвар ҳатто аз раҳбари якум ҳам пурнуфузтар метофт. Аммо ба тадриҷ мақом ва нуфузи ӯ поён рафтан гирифт ва нафаре, ки дар солҳои аввали ҳукумати Раҳмон бовар мерафт, ки раҳбари ояндаи кишвар ӯст, ҳоло аз мақоми сафир дар Маскав бознишаста мешавад.

Ба фарқ аз мансабдорони дигари баландпояи тоҷик, Достиев аз ҳамон ибтидо ва то охирин рӯзҳои фаъолияташ дар сафорати Маскав хеле мустақил буд, дар баҳсҳо боз буд, аз сӯҳбатҳои рӯбарӯ, аз ҷумла аз сӯҳбатҳои мустақим бо мардум аз тариқи телевизион бок надошт ва дар солҳои 90, то замоне ки “зада” шуд, қариб ҳар ҳафта аз минбари телевизиони давлатӣ бо мардум дар мавзӯоти мухталиф соатҳо сӯҳбат мекард. Баъзе изҳори назарҳои ӯ аз он даврон, мисли “Тоҷикистон ба қабристони пулҳои шӯравӣ табдил ёфтааст” ё “Шер дар нишони давлати мо як пояшро бардошта истодааст. Агар чорпо як пояшро бардорад, зуд аз по меуфтад...”  то ҳол дар ёдҳо мондааст.

Ҳизбе ки сохту ба Раҳмон дод

Ба фарқ аз ёрони дигари Эмомалӣ Раҳмон, Достиев дар майдони сиёсат низ дар солҳои аввал аз ҷумла ба далели нуфузаш бар гурӯҳҳои низомии содиқ ба Фронти халқӣ мустақил монд ва ҳатто ба сохтани ҳизби сиёсиаш ҳам иқдом кард. Он солҳо аз клани Кӯлоб вазири собиқи хоҷагии об Ҳикматуллоҳ Насриддинов ҳам ба таъсиси ҳизби аграрӣ ва яке аз раҳбарони собиқи вазорати умури дохила Султон Қувватов ҳам ба таъсиси Ҳизби тараққиёт азм карда буданд, вале ба фарқ аз онҳо, ҳизбсозӣ барои Достиев паёмади чандон сахте наовард.

Аммо, вақте нуфузи ӯ дар саҳна батадриҷ танг шуду ба мақоми дуюм дар ин арса Муҳаммадсаид Убайдуллоев омад, ҳизби Достиевро ҳам аз дасташ гирифтанд. Таҳлилгарон мегӯянд, инки ӯ эътирозе накард ва ҳизби халқиашро бо ду дасти адаб супурд, ҷони ӯро дар он солҳои пурталотум харид ва дастикам то соли 2007 ӯро ҳамчунон дар ҳамон мақоми баланди муовини аввали раиси порлумон нигоҳ дошт. Албатта, дигар на ҳамчун нафари дуюми баъди Раҳмон.

Умре дар сояи "Ҷаноби олӣ"

Аҳли назар мегӯянд, афроде мисли Достиев метавонистанд, вақте ки гапашон ҳанӯз мегузашт ва Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз онҳо бештар вобаста буд,  бо ҳифзи фазои чандандешӣ дар дохили клани ҳоким ва ҳатто бо нишон додани ҷуръат ва гузоштани номзадиҳояшон дар интихоботҳои президентӣҷилави фурӯравии Раҳмон ба вартаи худкомагӣ ва торафт хонаводагӣ шудани тарзи ҳукумати ӯро бигиранд. Вале Достиев билохира ба чунин риск ҷуръат накард ва  дар ниҳояти амр умре дар соя монд.

Ибтидо сояи якуми Раҳмон буд, баъд - дуюм, баъд - сеюм ва баъд... Ин насли сиёсатмадорон вақте ба худ омаду оқибати корро фаҳмид, ки дигар кор аз кор гузаштаву касеаҳ онҳо дигар намепурсид ва дар Тоҷикистон алакай низоми чунон худкомае бунёд шуда буд, ки созандаҳояшро ҳам батадриҷ ба коми худ фурӯ мебурд. Аз ҷумла ин қаҳрамони моро.

Бархе дар он солҳо дар танг шудани мавқеи Достиев нақши Тошканд ва доираҳои рӯ ба Узбакистонро умда медонистанд. Достиев дар ҳукумати Тоҷикистон бо мавзеъгириҳои ошкори зидди Тошкандаш ва ҳам бо як силсила ашъори миллатпарастонае, ки дар якеаш ҳатто Самарқанду Бухороро “Тоҷикистонам” мегуфт, маъруф буд. Ба ин далел, ӯ як ҳадафи ҳамешагии сангпартоиҳои Тошканд буду талаби барканориаш аз ҷумлаи тақозоҳое буд, ки ба гуфтаи як мансабдори дар гузашта баландпояи Тоҷикистон, қариб ҳамеша дар музокираҳо бо мақомоти тоҷик аз сӯи Узбакистон садо медод.

Ҷанг ва сулҳи Достиев

Аммо яке аз корҳои умдаи сабтшуда дар корномаи солҳои 90-уми Достиев ва шояд муҳимтарин мероси сиёсиаш нақши ӯ дар ҷанг ва сулҳи Тоҷикистон аст. Нооромиҳо дар тобистони соли 1992 дар водии Вахш замоне оғоз ёфт, ки Достиев раҳбарии Бохтар – яке аз ошӯбзадатарин минтақаҳои ин водиро бар дӯш дошт.

Ва табъан аз аввал дар дохил дар қӯраи ин ҷангу сулҳ пухт ва роҳи хунинеро, ки Тоҷикистон то имзои созишномаи сулҳаш дар таърихи 27 июни соли 1997 дар Маскав тай кард, Достиев низ пурра ва қадам ба қадам тай задааст. Ва ҳамон гуна ки фалсафаи ҷанг дар зеҳни ду тарафи даргир ба тадриҷ ба фалсафаи сулҳ иваз шуд, ҳамин тағйиротро Абдулмаҷид Достиев низ таҷриба кардаву аз як "шоҳин"-и ҷанге, ки ба гуфтаи бархе шоҳидони он рӯзҳо, бо ҷангсолорони бадноме, чун Файзалӣ Саидов, Хӯҷа Каримов ё Иззат Кӯганов шишту хез дошт ва дар ёди мардуми гурезаи водии Вахш хотироти мағшуше ҳам боқӣ гузоштааст, то поёни он ҷанги хунин таӯййири куллиеро пушти сар карда, ба яке аз "кабӯтар"-ҳои сулҳ табдил ёфт.

Дар ҳар сурат,  ҷониби дигар низ эътироф мекунад, ки раванди музокироти сулҳ байни давлат ва мухолифин баъди ба симати раиси ҳайати ҳукумат омадани Достиев суръати дигар гирифт. Ва онки дар расми имзои қарордоди сулҳ байни раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар “Президент-отел”-и Маскав дар таърихи 27 июни соли 1997 Достиев низ ҳузур дошту имзои ӯ ҳам дар зери ин қарордод истодааст, ва ҳам ин ки аз номи ҳукумат маҳз ӯро ба муовинати Нурӣ дар Кумиссиюни оштии миллӣ фиристоданд, аз як тараф, натиҷаи мантиқии тағйири фалсафаи ҷанг ба сулҳ аст, ки дар зеҳни Достиев ва миллионҳо тоҷики дигар  дар он солҳо ба вуҷуд омад. Аз тарафи дигар, Абдулмаҷид Достиев аз ҳамон оғоз  ва яке аз коромадтарин аъзои ҳукумати Раҳмон шинохта мешуд ва ба ин далел, ӯро аксар вақт ба арсаҳои мушкил ё бӯҳронӣ мепартофтанд. Ва дар солҳои 90, албатта, арсае мушкилтар аз истиқрори сулҳ дар Тоҷикистони ҷангзада набуд, ки Достиевро онҷо андохтанд.

"Бадарға" ба Маскав

Бисёриҳо эъзоми Достиев ба мақоми сафорат дар Маскав дар соли 2007-ро низ аломати коҳиши боз ҳам бештари нуфузи ӯ дар арса ва ҳатто як навъ “бадарғаи сиёсӣ”-и ин сиёсатмадори мӯътабар мехонданд. Вале тарафдорони давлат мегуфтанд, ки баръакс Достиевро ҳамчун як шахси ботаҷриба ба боз як ҷабҳаи кори сахт фиристодаанд.

Дар воқеъ, ӯ замоне ба Маскав рафт, ки масъалаи ҳимоят аз ҳуқуқи артиши аз як миллион гузаштаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба ҳарду пояш мелангид ва сафорати Тоҷикистон амалан ба як “бизнес-сентр”-е мубаддал шуда буд, ки ходимонаш аз ҳар мушкилу масъалаи омада ба сари ин муҳоҷирон пул мекарданд. Аз тарафи дигар, равобити Тоҷикистону Русия, бахусус баъди амалан ба зӯр рондани ширкати “РусАл”-и Олег Дерипаска, як миллиардери ба Кремл ва ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин хеле наздик, ва дар рӯи коғаз мондани ваъдаи 2 миллиард доллар сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон марҳалаи сахтеро пушти сар мекард.

Идомаи куштори муҳоҷирони тоҷик дар Русия, аз ҷумла бо дасти гурӯҳҳои қавмгаро, идомаи таъқибу фишори пулису мақомоти дигари русӣ болои ин мардум, бӯҳрони халабонҳои руси дар Қӯрғонтеппа дастгиршуда дар соли 2011, баҳси тӯлонии қарордоди пойгоҳи 201, қариб қатъ шудани ҳаракати қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ба Русия дар апрели соли 2013... Ин аст рӯйхати чанд мушкиле ки Достиев дар 7соли сафириаш дар Маскав ба онҳо дасту панҷа нарм кардааст.

Ӯ тавонист дар ҳалли бархе аз ин масоил комёб шавад, бархеи дигар, чун тоза кардани сафорату намояндагиҳои дигари Тоҷикистон аз онҳое, ки танҳо барои пулҷамъкунӣ ин вазифаҳоро аз худ кардаанд, эҳёи фазои беғарази дӯстона дар муносиботи кланҳои ҳокими ду кишвар ва ҳамин тавр, маҳрумиятҳое, ки муҳоҷирони тоҷик ба он рӯбарӯянд, аз масоилест, ки акнун ба ҷойгузини Абдулмаҷид Достиев дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Русия – Имомуддин Сатторов – ва домоди раисиҷумҳур Ашраф Гулов, ки ба мақоми консули Тоҷикистон дар Русия фиристода шудааст, ба мерос мемонад.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз барканориаш Абдулмаҷид Достиев ду дафъа ба бемористони низомии шаҳри Красногорск ба аёдати Шаҳбол Мирзоев рафт. Ин сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар қисми низомӣ маъюб шуда буд, вале дар Тоҷикистон касе аз мақомот табобати ӯро бар ӯҳда нагирифт. Танҳо касе аз мақомоти тоҷик, ки ин аскарбачаи ноумедро навозиш ва ҳатто аз маоши худаш 2000 доллар кумак кард, Достиев буд. Иқдоме ки бори дигар истиқлоли Достиев дар рафтор ва кирдорро таъкид кард. Иқдоме дар воқеъ ҷавонмардона, ки чӣ марду чӣ зан, ҳатто мунтақидони оштинопазираш ба он каф кӯфтанд.

Аз ҷумла раиси созмони ҷавонони тоҷики Русия Иззат Амон, ки аз сафорат зиёд интиқод мекунад, дар поварақи хабари Озодӣ дар ин бора навишт: “Офарин ва аҳсант, ҷаноби сафир. Худованд хайратонро қабул фармояд. Вале дӯстон бояд донанд ки ин маблағ аз ҳисоби шахсии ҷаноби сафир ба Шаҳбол ҳадя шудааст, на аз ҳукумати ҶТ.”

Ҳамин тавр, вақте хабари барканории Достиев нашр шуду касе, зоҳиран аз норозиён, дар шарҳи он навишт, ки “шукр”, ҳаводоре аз Маскав бо номи Фарид ба ин мазмун посухаш дод: “Ин шахс хидмате барои Ватан кардааст, ҳеҷ кас накардааст! Достиев омаду бурдани груз 200 ( мурдаҳоро) бе пул карданд ҳавопаймоҳо, пеши виза байни Русияву Тоҷикистонро ӯ гирифт. Дар таърих ҳаст ки дар сулҳи тоҷикон саҳми Достиев ва Нурӣ асту халос!”

Аммо Рустам низ аз Маскав менависад, ки баръакс дараҳди сафирии Достиев таҷзияи тоҷикон ба созмонҳои мухталиф дар Русия бештар шуд: "Достиев дар Русия тоҷиконро сарҷамъ карда натонист. Баръакс миёни онҳо ихтилоф андохт. Ҳамин буд, ки дар Русия чанд диаспора ташкил шудааст ва яке дигареро эътироф намекунад. Офарин, Достиев!"

Ҳукумат дар ивази рафтани Достиев ба ин "пири кор" тӯҳфаи дар зоҳир баробарвазне кард, чунки дар ҳамон рӯзи барканории падар писари Достиев - Фарҳод Салим - сафири Тоҷиистон дар Амрико таъин шуд. Ва акнун, Абдулмаҷид Достиев - ин яке аз “шикастабанд”-ҳои миёни аз ҷанги бародаркуш шикастаи Тоҷикистон - дар синни 68 бознишаста шуда ва рафт, ки дигар “давлати пирӣ” биронад.

Аммо ба назари бисёриҳо, боз ҳам гумон аст, ки Абдулмаҷид Достиев ҳатто баъди бознишастагӣ дар ҳалқаи фарзандону наберагон ором бигирад ваё мисли Рӯҳи беқарор ва як андоза осии ин сиёсатмадор зоҳиран ӯро ҳамеша таъқиб хоҳад кард ва Достиев ҳам ба зудӣ аз худ дигарбора дарак хоҳад дод - ё бо китоби хотироте, чун “Шикастанҳову бастанҳо”-и ӯ дар бораи таҳаввулоти солҳои 90, ки хеле сару садо ба по карда буд, ё бо шеърҳое, чун “Тоҷикистонам – Самарқанд, Тоҷикистонам – Бухоро”.

Абдулмаҷид Достиев 10 майи соли 1946 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба дунё омада, соли 1974 бахши агрономии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъди чанд сол кор ба ҳайси агроном ба кори ҳизбиву раҳбарӣ гузашта, дар замони Шӯравӣ то ба мақоми раиси ҳукумати ноҳияи Коммунистӣ ва вакили порлумони вақти Тоҷикистон расид. Маҳз дар аҳди Достиев ин ноҳия ба Бохтар табдили ном кард.

Дар пайи пирӯзии нирӯҳои Фронти халқӣ дар ҷангҳои соли 1992 ва раиси Шӯрои олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонов Достиев дар ҳамон иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Хуҷанд муовини аввали Раҳмон дар порлумон интихоб шуд. Ӯ дар интихоботҳои порлумонии солҳои 1995, 2001 ва 2005 низ  вакили  порлумон интихоб шуд ва курсии муовини аввали раиси Шӯрои олӣ ва баъдан Маҷлиси намояндагонро барои худ  ҳифз кард.  Тайи солҳои 1997-2011 ҳамзамон бо муовинати аввали раиси порлумон айни курсии муовини аввали раиси Кумиссиюни оштии миллӣ – ниҳоди муваққати масъули татбиқи созишномаи сулҳи Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

2 майи соли 2007 сафири Тоҷикистон дар Русия ва Украина таъин шуд. Баъди таъсиси сафорати алоҳида дар Киев танҳо Русия дар ихтиёри сафорати ӯ боқӣ монд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi