16:37:24 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Вокуниши Тураҷонзодаҳо ба намоиши Телевизиони Тоҷикистон

Мо бародарон, Тураҷонзодаҳо намоишномаеро, ки дар таърихи 2-3-уми май, дар барномаи «Ахбор» ба такрор аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд, қотиъона маҳкум намуда, онро буҳтони тозае аз силсила буҳтонҳои буқаламун (Хамелеон) алайҳи хонадони хеш меҳисобем.

turajonzodaho 5498789454554

Чаро буҳтони буқаламун? Зеро ба туҳматномаҳои худ ҳар сол ранги тоза ва тамғаи дигаре медиҳанд. Ду сол қабл барои исботи шиъа будани хонадони мо, бо қарори “Шурои Уламо” буҳтонномаи дуруғе дар тамоми нуқоти Ҷумҳурӣ аз тариқи масҷидҳою матбуот паҳн намуда буданд. Имсол бошад, аз тариқи ин барномаи телевизионӣ туҳмати салафи буданро ба унвони хонадони мо Тураҷонзодаҳо эълон карданд.

Зеро ҳама медонанд, ки зидди ҳукумати Башшор Асад, ки аз ҷониби Эрон ҳимоят мешавад, ғолибан салафиҳо меҷанганд. Ва аз Тоҷикистон чуноне, ки аз матбуот мехонем, танҳо салафимаобҳо ба ин “ҷанги муқаддас” рафтаанду мераванд. Пас бо чи мантиқе ин қазияро мардум қабул намоянд, ки Тураҷонзодаҳои “шиъа” муқобили шиъаҳои Сурия, ки аз ҷониби Эрон ҳимоят мешавад, шогирдони худро бифиристад!?

Ду ҷавоне, ки дар намоишнома худро шогирдони мадрасаи шахсии Тураҷонзодаҳо муаррафӣ карданд, ё дуруғи маҳз гуфтанд, ё маҷбурашон намуданд, ки чунин туҳмат намоянд. Зеро мо онҳоро шахсан намешиносем. Шояд онҳо аз мухлисон ва намозгузорони масҷиди мо будаанд ва дар қатори ҳазорон намозгузори дигар дар масҷиди мо намоз хондаанд.

Вале онҳо ҳаргиз, ягон лаҳза, на дар назди мо ва на дар назди фарзандони мо таҳсили илм накардаанд. Мо барои тақвият ва исботи ин гуфта ҳозир ҳастем ба ҳар лафзе, ки бошад савгандӣ шаръӣ бихурем.

Тибқи баёноти ин ду ҷавон, маълум мешавад, ки гуё онҳо соли 2007-2008 дар назди мо таҳсил карда ва ҳамон сол, яъне соли 2008 ба Сурия сафар кардаанд. Ба ҳама маълум аст, ки он солҳо дар Сурия ошубу нооромӣ набуд, ва ҳукумати Тоҷикистон низ барои манъи таҳсили динии ҷавонон дар хориҷи кишвар ва бозхонди онҳо ба кишвар, қарор ва фармоне набароварда буд. Тазоҳурот ва ҷангҳои Сурия баҳори соли 2011 шуруъ шуда ва қарори манъ ва бозхонди донишҷуёни мадрасаҳои динӣ аз хориҷи кишвар соли 2012 бароварда шудааст. Яъне 4 сол баъд аз рафтани онҳо нооромиҳо дар Сурия сар шудааст.

Дар охир нуктаи ҷолибе, ки он ду ҷавон иқрор намуданд ин аст, ки эшонро барои ширкат кардан дар тазоҳурот ва намоишҳо устодони суриягиашон амр ва ташвиқ кардаанд, на Тураҷонзодаҳо.

Аз ин ру аз дастгоҳҳои қудратӣ ва идеологии Тоҷикистон қотеъона тақозо мекунем, ки тавҳину таҳқир, таҳдиду фишорро нисбати хонадони мо бас кунанд. Зеро мо низ мисли дигарон шаҳрвандони комилҳуқуқи ин Ватан ҳастем.

Мо ҳеҷ вақт зидди миллат, давлатамон ва манофеъи он набудем ва нестем. Дуруст аст, ки дар баъзе мавзеъҳои марбут ба масоили исломӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ назари мутафовит ва шояд мухолиф аз дидгоҳи мансабдорон дорем. Аммо доштани назари дигар ё андешаи дигар, магар ҷиноят аст? Не! Балки Конститутсияи кишварамон гуногунандешии шаҳрвандонро замонат додааст. Хоҳиш мекунем, даст аз душманкобию душмансозӣ бардоред.

Эшони Нуриддинҷон

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода

Эшони Маҳмудҷон

05.05.2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi