05:56:28 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30        

Зан ҳам метавонад як давлатро идора кунад?

Мижгона Ҳалимова, «Рӯзгор»

Дар таърихи ҷаҳон бисёр занҳои оқилаву сиёсатмадор маълуманд, ки натанҳо  дар оиладорӣ намуна буданд, балки давлатҳои бузургро ҳам ба хубӣ идора кардаанд. Дур намеравем дар кишвари ҳамсояи мо Қирғизистон Роза Отунбоева, муддати кӯто ҳам бошад, чунон ҳам раҳбарӣ кард, ки баъди аз вазифа рафтанаш мардум то имрӯз зикри хайри ӯро мекунанд.

111 bobonazarova 321122Дар давлатҳои дигари наздику дур аз қабили Покистон, Ҳиндустон, Бангладеш, Британияи Кабир Кореяи Ҷанубӣ ва имрӯз дар Бразилияву Олмон занон роҳбарии давлатҳои бузургеро ба дӯш доранд. Инак, хонуми шуҷоъ ва хирадманди тоҷик Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси маъруфи кишвар, ба ҳайси номзади ягонаи мухолифин талош хоҳад кард, ки дар интихоботи қарибулвуқуъи президентӣ ширкат карда, барои расидан ба ин мансаб мубориза барад. Дар давлатдории Тоҷикистон ин бори аввал аст, ки зан номзадии худро дар интихобот ба мақоми президентӣ мегузорад. Аммо аз чӣ бошад, ки иддае аз мардуми кишвар аз шунидани ин хабар чандон хушҳол нестанд. То ҷое дар рафти суҳбат бо сокинон маълум гашт номзадии занро менталилети тоҷикона қабул надорад. Зеро тибқи таҳлилҳо дар кишвари мо зан нисбати мард заъифтар муаррифӣ шудаасту ӯ наметавонад давлатеро идора кунад.

Пурдили Мирзо як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд: “Шахсан ман қатъиян зидди пешниҳод намудани зан  ба ҳайси номзад дар интихобот ба симмати президентӣ ҳастам. Вале боз ҳам худро бо он қонеъ мекунам, ки шояд мардон ҳама хуб медонанд, ки дар ҳолати пешбарӣ намудани номашон қурбони сиёсат мешаванд. Акнун, ки мухолифон занро пешниҳод карданд, бояд ҳама муттаҳид шаванд! Ва роҳбарони мухолифонро зарур аст, ки  вазъиятро дарк кунанд, ба ҷонибдоронашон фаҳмонанд, то аз бадгӯйӣ алайҳи якдигар даст кашанд!”

Қонуни асосии Тоҷикистон баробарҳуқуқии мардҳо ва занонро дар Тоҷикистон расман эълон кардааст ва чун дигар давлатҳои пешрафта Тоҷикистон низ метавонад номзад ба мақоми президентиро аз ҷумлаи занон пешбарӣ кунад, яъне зан номзадии худро дар ин маъракаи сиёсӣ гузорад.

Сафар Рӯзиев, сокини пойтахт мегӯяд, ки раъйи худро ҳатман ба як номзади зан хоҳад дод: “Бо дарназардошти он ки аксари мардҳо дар Русия қарор доранд, тарбияти кӯдак ва ҳалли бисёре аз масоили ҷомеъа дар Тоҷикистон ба дӯши занон афтодааст. Мехоҳам ба зане раъй диҳам, ки воқеан намояндаи созанда ва бедору боҳуш бошад.”

Дар ҳамин ҳол муқобилони ин пешниҳод мегӯянд, ки зан ҳеҷ вақт наметавонад давлатеро, ба хусус Тоҷикистони моро, роҳбарӣ кунад ва гӯё номзадии зан эътирозҳои зиёдеро ба бор меоварад. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва сиёсатмадор: «Барои пазируфтани зан ба мақоми президентӣ ҳоло дар Тоҷикистон афкори ҷомеа омода нашудааст. Мувофиқи мақсад мебуд, ки ба мақоми президентӣ шахсиятеро пешниҳод намоем, ки мард бошад ва хислати мардона дошта бошад.

Агар зан ҳамчун номзад пешниҳод гардад, гӯё ин ҳамчун падидаи мусбат арзёбӣ мешавад, вале бештар манфиатҳои ҳукуматро инъикос мекунад. Чунки пеш аз ҳама чунин амалро онҳо ҳамчун пешрафти фарҳанги сиёсӣ ва амалӣ шудани сиёсати гендерӣ муаррифӣ менамоянд. Бигузор ҲХДТ занро ҳамчун номзад пешниҳод кунад ё он ҳизбҳое, ки аз ҷониби ҳукумат идора мешаванд»-иброз дошт Ҳакимов.

Ба қонун нигоҳ накарда, имрӯз дар ҷомеаи мо мардсолорӣ вуҷуд дорад ва барои дар ҳаёт амалан ҷорӣ шудани баробарҳуқуқии вақеии зану мард муддати зиёде лозим аст. Зеро бештари мардум бар ин ақидаанд, ки агар зан президент шуд, пас дар ин сурат мардҳо бояд ошпазӣ ва хонадорӣ кунанд? Ин аст, ки имрӯз дар ҳама ҳолат мардон болои занон фишор оварда, ҳатто дар интихоботҳо ба ҷои занон худашон овоз медиҳанд. Ва яке аз мушкилоти аслие, ки боиси пеш рафтани ҳалли масоили марбут ба занон ва духтарон дар Тоҷикистон шудааст, ин иҷро нашудани қонунҳо дар кишвар мебошад.

222 bobonazarova 321122Ба суоли он ки оё зан метавонад аз ӯҳдаи роҳбар шудани як давлат барояд, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ чунин гуфт: “Ҳафтод дарсади интихобкунанда занон ҳастанд. Агар тавонанд, ки аз ин шанс истифода баранд, чаро зан наметавонад раҳбар бошад? Аз ҳама ҷомеаи консервативӣ  ҷомеаи Покистону Бангладеш ҳаст, вале чуноне, ки мебинем роҳбаронашон занон буданд ва ҳастанд. Чаро мо аз ин таҷрибаи ҷаҳонӣ истифода набарем? Ман ақидаам дар ин аст, ки бояд қолабро шиканем ва занро барои номзадӣ пешбарӣ кунем.”

Вале дар ҷомеаи мо ҳастанд нафароне, ки барояшон муҳим нест, ки мард президент мешавад ва ё зан, Кассе, ки набошад, муҳим масоили мавҷудаи кишварро ҳаллу фасл созад.

Барзу Абдураззоқов, коргардони театр мегӯяд, “Чаро зан номзад шуда наметавонистааст?! Дар ҳоле ки як идда аз мардон  омодаи пора кардан ва кандани гулӯи якдигаранд, бигузор  зан раҳбар бошад, ман фақат хурсанд мебудам. Зан сулҳу оромӣ ва тозагиву субот оварда метавонад. Бале, оё марде пайдо мешавад, ки ба сӯи ӯ санг партояд? Роҳи сулҳомез барои кишвари мо дар шароит ва вазъияти феълии он, ин будани зани боистеъдод ва хирадманд, модар дар сари қудрати сиёсист. Фақат зан метавонад ин ғарами бузурги ифлосиро, ки кишвар зери онҳо дамгир шудааст, поксозӣ намояд.”

Коршиносон бар ин ақидаанд, ки имрӯз дар сатҳи давлат дар бораи дифоъ аз ҳуқуқи занон ва баробарии ҳуқуқи онҳо бо мардҳо суханрониҳои зиёде анҷом мешавад, вале ба гуфтаи онҳо, амалан ин ваъдаҳо иҷро намешаванд. Ва барои ҳузури занон дар давлат ва дастёбии онҳо ба мақомҳои баланд, занон дар ин кишвар худашон талошҳои камтаре мекунанд! Аммо ҳарчӣ набошад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қолабшикание ба чашм расид!

МАЪЛУМОТНОМА

Ойниҳол Бобоназарова соли 1948 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омада, соли 1971 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатиро хатм кардааст. То соли 1976 дар аспирантураи Академияи улум кору таҳсил карда, баъди дифоъ аз рисолаи номзадиаш ба ҳайси устод дар риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатӣ ба кор пардохт ва то мақоми декани ин факулта расид. Соли 1990, дар пайи таъсиси ҳизби демократи Шодмон Юсуф ба ин ҳизб пайваст.

Соли 1994, дар пайи ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, тақрибан барои як моҳ боздошт шуд. Аз соли 1996 то 2004 ба сифати мушовири намояндагии САҲА дар масоили ҳуқуқи башар кор кардааст. Аз ҳамон сол то соли 2007 раҳбарии раёсати намояндагии Сандуқи Сорос дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Аз соли 2007 раҳбари созмони ғайридавлатии “Перспектива +”, ки дар ҳоли ҳозир яке аз созмонҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин, ба мақоми муовини додситони кулл пешбарӣ шуд, вале ин мақомро напазируфт. Шавҳараш Ҷунайдулло Ибодов аз ҳуқуқшиносҳои маъруфи тоҷик аст. Духтараш Парвина Ибодова раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет буда, писараш Ҷовид дар Шӯрои адлия кор мекунад. Домоду келинаш низ ҳуқуқшиносанд.Ойниҳол Бобоназарова 4 набера дорад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi