МАРДУМ ВОКУНИШ НИШОН ДОД
Мактуби сарвазири Ӯзбакистон Ш.Мирзиёев, бо мақсади ба гумроҳӣ андохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва халал расонидан ба сохтмони Нерӯгоҳи барқӣ - обии Роғун дар рӯзномаи ҳукуматии Ӯзбакистон «Правда Востока» нашр шуда буд, баръакси чашмдошти таҳиягарони ин мактуби беасос мардуми баору номус ва шарафманди Тоҷикистонро дар атрофи ғояи бунёди ин иншооти тақдирсоз беш аз пештара муттаҳид сохт.
Тавре аз маълумоти пешниҳодкардаи шӯъбаҳои хизматрасонии «Амонатбонк» бармеояд, баъди дар расонаҳои хабарӣ интишор ёфтани мактуби Ш.Мирзиёев шумораи харидорони саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун даҳҳо маротиба зиёд шуд. Чунончӣ, рӯзи 5 феврал танҳо тавассути сохторҳои маҳаллии «Амонатбонк» то соати 16 ба маблағи 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ саҳмияҳо харидорӣ шуданд, ки нисбат ба рӯзи 3 феврал 700 ҳазор ва рӯзи 4 феврал 200 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон хуб дарк намудааст, ки Нерӯгоҳи Роғун ҳаёту мамоти Ватани азизу соҳибистиқлоли мо аст. Аз ин рӯ як гурӯҳ донишҷӯёни факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ саҳмия хариданд, ҳамчунин муаллимони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 10-и ш.Душанбе бо 5100 сомонӣ соҳиби сертификати номии саҳмия шуданд.
Ҳар як фарди босавод ва огоҳ хуб медонад, ки нерӯгоҳи барқӣ-обӣ обро ҳаргиз фурӯ намебарад ва аз кори он ҳаҷми об кам намешавад. Дигар ин ки, дар поёноби НБО - и Роғун нерӯгоҳҳои Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1, Сарбанд ва чанди дигар бо истифода аз оби рӯди Вахш фаъолият мекунанд. Бинобар ҳамин обро дар обанбори Нерӯгоҳи барқи обии Роғун боздошта намешавад, зеро дар ин ҳолат ҳамаи нерӯгоҳҳои зикршуда аз фаъолият бозмемонанд.
Набояд фаромӯш кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин бор аз минбарҳои олии сатҳи байналхалқӣ ва минтақавӣ ошкору равшан баён намуданд: «Мо ҳаргиз ҳамсоягони худро беоб намемонем, зеро ин мухолифи фарҳанги волои тоҷикон ва одоби ҳамсоягӣ хоҳад буд».
Аз ин хотир беҳтар аст, ки Ӯзбакистон ба ҷой монеъ шудан ба пешрафти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягиро пеш бигирад.
Акрам Ҳаитов, АМИТ «Ховар».
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/rogun/1694-mardum-vokunish-nishon-dod.html
-
23.09.2026 20:52
132
Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд
-
19.09.2026 11:53
342
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
-
17.09.2026 21:20
236
Мулоқот ва сарфарозгардонӣ бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея
-
08.05.2026 19:24
723
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
697
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
691
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
03.09.2026 12:24
383
Бонки миллӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба муомилот баровард
-
21.08.2026 11:04
537
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
-
15.08.2026 21:59
414
Форуми рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодии Авруосиё
-
14.07.2026 10:13
579
Устод Пайванд - пайвандгари наслҳо буданд
-
11.07.2026 11:51
637
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1274
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
23.09.2026 02:31
212
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
-
20.09.2026 12:37
171
Ташаббуси Тоҷикистон дар рушди зеҳни сунъии бехатар дар арсаи ҷаҳонӣ
-
19.09.2026 11:50
227
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
-
13.09.2026 22:13
326
Китобхонаи миллии Тоҷикистон: ғунҷоиши то 10 миллион китоб
-
10.09.2026 23:23
619
ИЗҲОРИ СИПОСИ АҲЛИ ЭҶОДИИ «РӮЗГОР» БА ҲАВОДОРОНИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН
-
06.09.2026 19:10
474
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
-
12.09.2026 00:44
622
СӮЗИШИ ҒУРБАТ: ТАЛХИҲО ВА УМЕДҲОИ МУСОФИРӢ
-
31.08.2026 10:24
504
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
-
16.08.2026 14:01
628
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
-
10.09.2026 22:44
475
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
05.09.2026 13:59
453
Таваллуди Паёмбар (с)
-
28.08.2026 22:33
545
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
28.02.2026 22:46
875
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2246
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2403
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.07.2026 12:25
549
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2366
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1434
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21.09.2026 00:41
418
ҶҶ 1998: Триумфи бузурги Фаронса ва таваллуди як афсона
-
20.09.2026 12:34
363
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
-
19.09.2026 11:40
235
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
-
22.09.2026 10:51
224
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Падари шеъри тоҷику форс ва сардафтари адабиёти ҷаҳонӣ
-
22.09.2026 10:48
184
Оё медонед, ки…?
-
21.09.2026 00:46
355
Суқрот - Марде, ки ҷаҳонро андешидан омӯхт










































