02:12:05 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Аз Ҳинду Туркия то Бразилия чӣ мардумро ба хиёбонҳо кашонд?

Рӯзи панҷшанбе садҳо ҳазор нафар дар шаҳрҳои бузурги Бразилия ба гирдиҳамоии зиддиҳукуматӣ баромада буданд.

protest brazil 21062013Дар остонаи баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол ва пас аз наздик шудан ба се ҳафта аз оғози эътирозҳои нахустин дар Бризилия ба афзоиши билети автобус, рӯзи панҷшанбе ҳузури пуршумори муътаризони бразилӣ дар кӯчаҳои бузург боис шуд то Дилма Роуссефф, раиси ҷумҳури ин кишвар сафари худ ба хориҷро лағв кунад.

Эътирозҳо сабаб шуд то мақомоти бразилӣ эълон кунанд, ки қимати билетро афзоиш намедиҳанд, аммо ин пеши роҳпаймоӣ ва ҳузури эътирозгаронро дар хиёбонҳои шаҳрҳои бузурги ин кишвар нагирифт. Эътирозгарон ин рӯзҳо шиорҳое аз ҷумла алайҳи Ҷоми ҷаҳонии футбол сар додаанд ва коррупсия дар дастгоҳҳои давлатиро ба боди интиқод гирифтанд.

Рӯз ва шаби гузашта хиёбонҳои шаҳрҳои бузурги Бразилия бо вуҷуди ақибнишинии давлат аз афзоиши қимати билет, шоҳиди эътирозҳои густурдаи садҳо ҳазор шаҳрвандон буд, ки ба масъалаҳое чун масрафи зиёд барои Ҷоми ҷаҳонӣ эътироз доранд.

Яке аз тазоҳуротгарон ба шабакаи телевизионии CNN гуфтааст, ки сабаби аслии ба кӯча баромадани онҳо, талаб ва хостаҳои зиёди онҳо аст, вале ҷое барои баёни он вуҷуд надорад. Қимати билет яке аз онҳо мебошад.» Ба қавли эътирозгарон, давлат бояд ба соҳаҳои маорифу беҳдошт пули бештар масраф кунад.

Раиси ҷумҳури Бразилия бо ситоиш аз эътирозгарон гуфтааст, ки давлат ба хостаҳои онҳо гӯш медиҳад. Аммо ҳоло ба назар мерасад, ки эътирозгарон қонеъ нашуда ва ба хонаҳои худ барнагаштаанд. Пулис дар баъзе ҳолатҳо барои пароканда кардани тазоҳургарон аз тирҳои пластикӣ ва гази ашковар истифода кардааст.

Нашрияи Christian Science Monitor бо муқоисаи эътирозҳои Бразилия ва ончӣ дар Туркия ва Ҳинд рух додааст, менависанд, кишварҳои демократие, ки бо суръати зиёд рушди иқтисодӣ доранд, бо мавҷе аз эътирозҳои хиёбонӣ рӯбарӯ ҳастанд. Ин нашрия мегӯяд, хости аслии муътаризон дар ҳамаи ин кишварҳо «тармими демократия» аст.

Эътирозҳо дар Ҳинд бо хабари таҷовузи як духтар оғоз шуд ва ба суръат миллионҳо нафарро ба хиёбонҳои ин кишвар овард. Эътирозгарон аз ҷумла хостори беҳбуд бахшидани вазъи зиндагии табақаи миёнаҳол ва амнияти худ буданд.

Дар Туркия таъмири як парк дар атрофи майдони "Тақсим" ба эътирози густурдаи сабаб шуд. Роҳпаймоён ба дунбол аз ҷумла ба исломӣ шудани кишвар ва «истибдод»-и давлати Эрдуғон эътироз карданд. Дар Бразилия низ афзоиши қимати билети автобус сабаби раҳпаймоиҳои хиёбонӣ шуд ва андаке баъд ба эътирозҳои васеъ алайҳи фасоди молӣ дар ин кишвар мубаддал гашт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi