21:01:01 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Маскав як дипломати амрикоиро ихроҷ кард

Як корманди сафорати Амрико дар Маскав, ки ба ҷосусӣ муттаҳам шуда буд, хоки Русияро тарк кард.

josusi-amriko-20052013Телевизиони давлатии Русия рӯзи якшанбе аз хуруҷи корманди сафорати Амрико аз ин кишвар хабар дод, ки шанбеи гузашта ба ҷосусӣ муттаҳам шуда буд. Дар тасовире, ки аз ин шабака пахш шуд, Райан Кристофер Фогл дар ҳоли убур аз қисмати бозрасии фурудгоҳи Маскав дида мешавад.

Русия мегӯяд, ин дипломати амрикоӣ- Райан Кристофер Фогл, мехост як афсари амниятиии Русияро ба ҷосуси CIA ва ё Хадамоти Истихборотии Амрико табдил диҳад. Маскав ӯро «унсури номатлуб» хонда ва хостори хуруҷаш аз Русия шуда буд.

Дар видеое, ки дар бора пахш шуд, муйҳои сохта, як қутбнамо, нақшаи шаҳри Маскав ва хатлаи пур аз пул низ нишон дода шуд, ки ба гузориши телевизиони Русия, ин корманди сафорати Амрико бо худ доштааст. Ба гуфтаи Русия оқои Фогл ба ҳайси котиби сеюми дафтари сиёсии сафорати Амрико дар Маскав кор мекардааст. Сафорати Амрико дар Русия аз шарҳи ин қазия худдорӣ кардааст.

Ба дунболи боздошти ин дипломати амрикоӣ, президенти Русия Владимир Путин гуфт, кӯшиши дипломати амрикоӣ ба хотири истихдоми афсари хадамоти амнияти Русия ба кӯшишҳои беҳбуди равобити миёни ИМА ва Русия кӯмак нахоҳад кард. Рӯзи чоршанбе баъди даъвати сафири Амрико Майкл Макфаул ба вазорати корҳои хориҷии Русия, Дмитрий Песков-сухангӯи президенти Русия дар ин бора ташреҳ дод.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi