13:58:48 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Даргирии нерӯҳои афғон ва покистонӣ дар Нангарҳор

Тибқи гузоришҳо, субҳи рӯзи душанбе бори дигар миёни нерӯҳои афғон ва покистонӣ дар вулусволии Гуштаи вилояти Нангарҳор, даргирӣ оғоз шудааст.

pakistan-voyna-06052013Шуморе аз сокинони маҳалии Гушта дар суҳбат ба мо гуфтанд, ки низомиёни покистонӣ мехостаанд, ки дубора бунёди як дарвоза ва постгоҳи марзӣ дар ин минтақаро оғоз кунанд, ки дар натиҷа миёни нерӯҳои ду ҷониб даргирӣ рух додааст.

Малик Гулаҳмад, яке аз сарони қавмӣ дар ин маҳал гуфтааст, ки садои аслиҳаи сангин ба гӯш мерасад, аммо дар мавриди талафот маълумоти бештар дар даст нест. Аз сӯи дигар Забеҳулло Вакил, узви Шӯрои вилоятии Нангарҳор ин хабарро таъйид кард, аммо ҷузъиёти бештар ироа накардааст.

Даргирӣ миёни нерӯҳои афғон ва покистон дар ин минтақа дар ҳоле дубора оғоз шудааст, ки рӯзи шанбе президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай аз Толибон хост силоҳи худро бар зидди онҳое гардонанд, ки бар муқобили Афғонистон тавтеа ташкил мекунанд.

Рӯзи шанбе Ҳомиди Карзай аз Толибон даъват кард дар як саф бо марзбон Муҳаммадқасим бошанд, ки ҳафтаи равон дар марз бо Покистон дар як бархӯрди шашсоата ба ҳалокат расидааст. Бархӯрд дар назди хатти Дюран, ки дар асри 19 аз сӯи Британия ҳамчун марзи миёни ду кишвар матраҳ шудааст, ба амал омада буд.

Ба гуфти мансабдорони афғон, сарбозони ин кишвар як дарвоза ва посгоҳеро, ки ахиран марзбонони Покистон бунёд намуда буданд, тахриб кардаанд. Ҳар яке аз ҷонибҳо тарафи дигарро масъули ин бархӯрд меномад.

Мақомоти Кобул борҳо аз Покистон талаб кардаанд, ки иншооти марзбониро аз хоки Афғонистон берун кашанд. Покистон хатти Дюранро марзи байналмилалӣ номида, мегӯяд, кораш қонунӣ аст. Аммо Афғонистон доимо исрор меварзад, ки хатти Дюранро эътироф намекунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi