07:47:39 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Бисёриҳо дар Қафқоз аз Тсарнаевҳо ҳимоят мекунанд

Дар ҳоле, ки Ҷавҳар Тсарнаев , яке аз гумонбарони такишҳо дар Бостон ва бародари хурдии Темурлан Тсарнаев, ба гуноҳи худ иқрор шудааст, ҳамватанони онҳо дар Махачқалъа ин қазияро иштибоҳӣ мехонанд.

temerlag-25042013Дар ҳоле, ки Ҷавҳар Тсарнаев, яке аз гумонбарони такишҳои Бостон ва бародари хурдии Темурлан Тсарнаев  ҳангоми боздошт ҷон ба саломат бурдааст ба бозҷӯёни амрико гузориш медиҳад, ҳамватанони онҳо дар Махачқалъа, пойтахти Доғистони Русия ин қазияро иштибоҳӣ мехонанд. Ба манзури бегуноҳии бародарон Тсарнаевҳо, постерҳое дар саросари Махачқалъа насб шудаанд ва муроҷиатҳои онлайнӣ ҳам ба президенти Обама фиристода мешаванд, то ҷараёнро мунсифона қазоват кунад.

Зубайда Тсарнаева, модари Ҷавҳар ва Темурлан Тсарнаевҳо имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ дар Доғистон гуфт, ки пушаймон аст, ки даҳ соли пеш ба Амрико муҳоҷират карданд. “Амрико писаронамро аз ман рабуд”, гуфт Зубайда Тсарнаева.  Ӯ бори дигар такрор кард, ки ба бегуноҳ будани фарзандонаш эътимод дорад.

Гуфта мешавад, ки исми писари бузурги ӯ, Темурлан Тсарнаев якуним сол пеш аз таркишҳои Бостон, бо дархости Хадамоти иктишофии Амрико (ЦРУ) ба бонки иттилоотӣ дар бораи террористҳо ворид шуд. Аммо он замони далели хатарнок будани ӯ дарёфт нашуд. 

 Темурлан Тсарнаеви 26–сола ва бародари 19-солаи ӯҶавҳар ба бомбгузорӣ дар дави марафонии Бостон, ҳафтаи гузашта, ки се танро қурбон ва дастикам 260  нафари дигарро маҷруҳ кардааст, гумонбар дониста мешаванд.

Дар худи қазияи Ҷавҳар баъзе маълумотҳои тоза ошкор шудаанд. Гуфта мешавад, Ҷавҳар Тсарнаев пеш аз он, ки ӯро бо қоидаи Миранда ошно кунанд,  даст доштанаш дар таркишҳои марафони Бостонро эътироф кардааст. Ҳоло суоли аслӣ ин аст, ки додгоҳ эътирофи Тсарнаевро мепазирад ё бо мадракҳои айбдоркунандаҳо, ба мисли туфангча ва қисмати детонатор қаноат мекунад. Қоидаи Миранда талаботи ҳуқуқи дар Иёлоти Муттаҳида аст, ки ҳангоми боздошт ҳуқуқҳои фарди муттаҳамро ба ӯ ёдрас мекунанд ва мегӯянд, ки  боздоштшуда метавонад хомӯши ихтиёр кунад ва бидуни адвокат ба суолҳо ҷавоб надиҳад. Дар робита ба Сарнаев ин тартиб  риоя нашудааст.

Сарнаеви 19-сола ба ходимони  FBI гуфтааст, ки бародараш Темурлани  чанде пеш ӯро дар ҷараёни барномаҳои террористиаш қарор дод ва ӯро иҷрокунандаи ин барномаҳо тайин кард. Ба гуфтаи Ҷавҳар ин интиқоме буд барои амалҳои Амрико дар Ироқ ва Афғонистон. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ин ду бародар маводи ҷиҳодиро аз интернет дастрас мекардаанд ва бо ҳеҷ гуруҳи террористӣ робита надоштаанд.

Ахиран маълумоти дигаре аз доираҳои тафтишот пахш шуд, ки Тсарнаеви хурдӣ ҳангоми боздошт дар заврақ, дар канораҳои шаҳри Бостон, мусаллаҳ набудааст. Ин маълумот изҳороти қаблии пулисро, ки мегуфт, Ҷавҳар ба сӯи онҳо тир кушодааст ва пулис барои безарар кардани ӯ ба сӯяш норинҷаки беҳискунанда партоб кардааст, рад мекунад.

Ҳамзамон сарвари пулиси Ню-Йорк Рой Келли ба шабакаи телевизионии NBC  гуфтааст, ки баъди таркиш, бародарон барои таҷлили амали бомувафақият  озими Ню-Йорк буданд, аммо ба таъқиби пулис дучор шуданд. Келли таъкид кардааст, бародарон ҳеҷ амали террористиро барои Ню-Йорк тарҳрезӣ накарда буданд.

Шабакаи телевизионии CNN тамоми далелҳои аслии то ҳол дастрасро ба ҳам овардааст. CNN мегӯяд, тафтишот муқаррар кардааст, ки бомбаҳои худсохт бо истифода аз дастгоҳе таркиданд, ки умдатан дар бозичаҳо ҷой мешаванд ва тугмаи  контрол дар фосила аз ҷойи таркиш пахш шудааст. Ин фосила ба гуфтаи тафтишот чандон дур набудааст.

Ҷасади Темурлан Тсарнаев ҳоло ҳам дар ихтиёри пизишкҳои додгоҳӣ қарор дорад ва сабаби маргаш то ҳол мушаххас нест. Темурлан дар пайи типрарронӣ бо пулис захмҳои бисёр бардоштааст ва ҳамчунин, тавре матбуот хабар медиҳад, додараш Ҷавҳар низ ҳангоми фирор ӯро бо мошин пахш кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi