16:08:15 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"Косаи сабри Афғонистон лабрез шудааст"

Дар ҳоле, ки танишҳо миёни Кобул ва Исломобод дар ин авохир афзоиш ёфтааст, нишасти сеҷонибаи Амрико, Покистон ва Афғонистон бо мизбонии вазири умури хориҷии Амрико дар Бруссел баргузор мешавад.

pakistan-afghnabistan-23042Як мақоми аршади вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи душанбе гуфт, ки ин гуфтугӯҳо бо даъвати Амрико доир мегардад. Кобул мегӯяд, ки Исломобод дар раванди сулҳ Афғонистон ҳамкорӣ намекунад ва ният дорад, ки Афғонистонро то хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дар поёни соли 2014 , ноором нигаҳ дорад.

Вазири умури хориҷии Амрико гуфтааст, ки раванди интиқол масъулиятҳои амниятӣ ба нерӯҳои афғон, дар ин гирдиҳамои мавриди баҳс қарор мегирад. Ҷон Керрӣ, ба дипломатҳои амрикоӣ дар Бруссел гуфт: "Имсол соли интиқоли масъулиятҳо ва як соли муҳим дар Афғонистон аст". Мақомоти амрикоӣ умедворанд, ки вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ, ки равобити хубе бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дорад, битавонад Афғонистон ва Покистонро дубора ба мизи музокирот биёварад.

Ба дунболи танишҳо дар чанд ҳафтаи ахир дар марзҳои ду кишвар ва таваққуфи талошҳои сулҳ бо Толибон, Аймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи душанбе гуфт, раиси ҷумҳур Карзай ба Бруссел сафар мекунад. Ӯ гуфт, ки косаи сабри Афғонистон лабрез шуда ва ин бор Кобул хостаҳои худ аз Исломободро ба сурати ҷиддӣ матраҳ мекунад.

Муовини вазири умури хориҷии Афғонистон моҳи гузашта гуфта буд, ки Покистон дар раванди барқарории сулҳ дар Афғонистон ҷиддӣ нест ва аз худ розӣ ба назар мерасад ва Афғонистон метавонад раванди сулҳ бо Толибонро бидуни ҳамкории Исломобод худ ба пеш барад. Дар муқобил, вазорати умури хориҷии Покистон гуфт, ки раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай як монеъ дар баробари раванди сулҳ мебошад.

Ҳар чанд намояндагони Толибон дар моҳҳои ахир дар чандин нишаст дар кишварҳои ғарбӣ, ки аъзои Шӯрои олии сулҳи Афғонистон низ дар он ҳузур доштанд, иштирок карданд, вале ҳеҷ пешрафте дар раванди сулҳ ба назар намерасад. Давлати Афғонистон мегӯяд, ки ҳукумати Покистон раҳбарони Толибонро дар шаҳри Кветта паноҳ дода ва аз онҳо барои амалӣ кардани ҳадафҳояш дар Афғонистон, истифода мебарад.

Дар нишасти сеҷонибаи рӯзи чаҳоршанбе дар Бруссел, ки ба мизбонии вазири умури хориҷии Амрико доир мешавад, ба ҷуз Ҳомид Карзай, инчунин вазири дифои Афғонистон генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ низ иштирок мекунад.

Покистонро дар ин нишаст генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ, раҳбари артиши Покистон ва Ҷалил Гелонӣ, як мақомоти баландпояи вазорати умури хориҷии он кишвар, намояндагӣ мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi