07:44:20 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Манбаи аслии таҳдид ба Русия аз марзҳои ҷанубӣ аст"


Гуфт як мақоми Русия ва афзуд, суботу амният дар Русия бидуни ҳузури пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Осиёи Марказ
ӣ, таъмин нахоҳад буд.

gosduma-190413Ин нуқта рӯзи ҷумъа дар ҷараёни тасвиби «Созишномаи ҳузур ва шаротити пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон» дар Думаи давлатӣ садо дод. Дума «Созишномаи ҳузур ва шароити пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон»-ро рӯзи ҷумъа тасвиб кард ва акнун интизор дорад, ки намояндагони мардуми дар порлумони Тоҷикистон низ аз ин амал пайравӣ кунад.

Тавре сомонаи Думаи давлатии Русия рӯзи 19-апрел навишт, матни Созишномаро намояндаи расмии президенти ин кишвар, муовини вазири дифои Русия Николай Панков ба депутатаҳои Дума ироа кардааст. Ба дунболи он, роҷеъ ба нукоти Созишномаи ҳузур ва шароити пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, муовини авали Раиси кумитаи дифои Думаи давлатӣ Виктор Заварзин суханронӣ кардааст.

Ба навиштаи хабаргузории Интерфакс, Виктор Завархин дар ҷараёни ин баҳс Осиёи Миёнаро минтақаи нуфузи Русия ва барои кишвараш пураҳамият хондааст. Ин мақоми русӣ аз қавли коршиносон гуфтааст, ки манбаъи аслии таҳдид ва хатарот ба Русия, аз марзҳои ҷанубии он, мебошанд. Ба гуфтаи ин вакили рус, ҳузури дарозумуддати низомии Русия дар ин марзҳо, яке аз девораҳои муҳими дар муқобили ин таҳдидҳо хоҳад буд.

Ин вакили рус афзудааст, ки бар аҳамияти стратегии Осиёи Миёна на танҳо Русия, балки шарикони ғарбии мо низ таъкид доранд, зеро ин минтақа дорои захоири ғании табиӣ буда, таваҷҷуҳи қудратҳои минтақавӣ ва фароминтақавиро ба худ ҷалб кардааст.

Ба гуфтаи оқои Заварзин, ҳадафи аслии ин қудратҳо, ҳифзи манофеи иқтисодӣ аст, ва онҳо манофеи худро бо пуштибонии нерӯи низомӣ пиёда мекунанд. Оқои Заварзин созишномаи ҳузури пойгоҳҳои низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ва Қирғизистонро дорои аҳамияти муҳими сиёсӣ ва барои амнияти кишвараш ҳаётӣ хондааст.

Дар баҳси тарҳи созишномаи мазкур намояндагони Фраксияи ЛДПР, Единная Россия (Русия Ягона) ва дигар депутатҳои Кумитаҳои Думаи Русия ширкат кардаанд ва роҷеъ ба банду фаслҳои ин санад суол додаанд.

Созишномаи байни Русия ва Тоҷикистонро дар таърихи 4 октябри соли 2012 раисони ҷумҳур Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе имзо карданд. Созишнома бо Қирғизистонро Путин ва Алмосбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон 18 октябр дар канори шаҳри Бишкек имзо карданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi