10:59:02 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 30 31

СОЛЕҲӢ: ПЕШНИҲОДИ АХИРИ АМРИКО БАРОИ МУЗОКИРА БО ГУЗАШТА ФАРҚ МЕКУНАД

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфтааст, ки эъломи омодагии ахири мақомоти Амрико барои музокира бо Эрон "бо гузашта фарқ дорад" ва агар собит шавад, ки онҳо содиқона амал мекунанд, Эрон музокира бо он кишварро баррасӣ хоҳад кард. Ба гузориши расонаҳои Эрон, Алиакбари Солеҳӣ дар як гуфтугӯйи телевизиюнӣ гуфт: "Ин авохир Амрикоиҳо барои гуфтугӯ (бо Эрон) эъломи омодагӣ кардаанд, ки шиддат ва густардагии он бо гузашта фарқ дорад."

/images/stories/2013/03/02_salehi_02032013.jpgВай бо ишора ба изҳороти ахири Оятуллоҳ Хоминаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, дар бораи шароити Эрон барои барқарории робитаи диплумотк бо Амрико гуфт: "Ҳамон тур ки раҳбари инқилоб фармуданд, ҳар замон ин нияти онҳо (мақомоти Амрико) эҳроз (мушаххас) шавад ва содиқона бошад ва қасди такрори рафторҳои пешинро надошта бошанд, мавзӯъро баррасӣ хоҳем кард."

Мақомоти олирутба ва сиёсатмадорони Эрон ҳамвора Оятуллоҳ Хоминаиро танҳо марҷаъи тасмимгир дар бораи музокираи мустақим ва барқарории робита бо Амрико муъаррифӣ кардаанд. Оқои Хоминаӣ рӯзи 27 баҳмани (15 феврал) имсол гуфт, ки ҳадафи аслии давлатмардони Амрикоӣ аз тарҳи пешниҳоди музокира "таблиғ ва ҳаёҳӯ дар бораи таслим шудани миллат ва низоми Эрон" аст.

Бо ин ҳол, ӯ изофа кард: "Низоми исломӣ в миллати Эрон баръакси давлатмардони Амрикоӣ аҳли мантиқ ҳастанд, бино бар ин, агар аз тарафи муқобил ҳарфу рафтори мантиқӣ бибинанд, ба он посухи муносиб медиҳанд."

Омодагӣ барои бурунрафт

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфтааст, ки агар таҳаввули хоссе дар равобити Эрон ва Амрико рух диҳад, "қатъан бо як маҷмӯъа ба номи режими саҳюнистӣ (Исроил) ҳеч коре надорем."

Оқои Солеҳӣ гуфт, ки байни Эрон ва Амрико ба далоили таърихӣ шароити хоссе ба вуҷуд омадааст. Ӯ изофа кард, ки пешинаи таърихии ихтилофоти Эрон бо Амрико ба замони кудетои 28 мурдоди соли 1332 (19 августи 1953), ки ба сарнагунии давлати Муҳаммад Мусаддиқ мунҷар шуд, бозмегардад.

Оқои Солеҳӣ гуфт: "Агар рӯзномаҳои он замонро бихонед, монанди имрӯз, ки энержии ҳастаии моро зери суол мебаранд, бо миллӣ шудани нафти кишвари мо мухолифат мекарданд."

Ӯ бори дигар таъкид кард, ки дастёбӣ ба фанноварии ҳастаӣ ҳаққи Эрон аст ва гуфт: "Мо хориҷ аз ин намехоҳем амал кунем."

Мухолифони фаъъолиятҳои ҳастаии Эрон, аз ҷумла кишварҳои ғарбӣ, мегӯянд, ки барномаи ҳастаии Эрон бо аҳдофе низомӣ дунбол мешавад.

Мақомоти Эрон ҳамвора ин иддаъоро рад карда ва гуфтаанд, ки ин фаъъолиятҳо аҳдофе сулҳомез доранд ва барои таъмини энержӣ ва бартараф кардани ниёзҳо дар бахши дармонӣ ва пизишкӣ дунбол мешаванд.

Музокироти Эрон бо намояндагони ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як", бо ҳузури кишварҳои Чин, Русия, Амрико, Бритониё, Фаронса ва Олмон барои чандин сол ҷараён доштааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар арзёбии худ аз охирин даври гуфтугӯҳо бо намояндагони Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" гуфт: "Тарафайни музокира эҳсос мекунанд, ки омодагӣ барои бурунрафт аз ин мавзӯъ эҷод шудааст."

Дар айни ҳол, ӯ изофа кард: "Дар аввалин мусоҳибаи худ дар 10 сол пеш ҳам гуфтам, ки ба ҳалли мавзӯъ умедворам ва ин масъала ҳал хоҳад шуд."

Ӯ афзуд: "Қатъан парвандаи Эрон ҳамонанди парвандаи Куреи Шимолӣ ё Либӣ нахоҳад буд ва алъон ҳам мегӯям, ки масъала ҳал хоҳад шуд, чаро ки мо ба коре, ки анҷом медиҳем ва ба сулҳомез будани фаъъолиятҳои ҳастаии худ итминон дорем."

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi