02:37:44 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СММ: ҲАВОПАЙМОИ БЕСАРНИШИН - ҚОТИЛИ МАРДУМИ ОСОИШТА?

СММ далелҳои ҳалокати мардуми осоишта бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин дар чанд кишварро тафтиш мекунад.

/images/stories/2013/01/25_bezpilot-2013.jpg

Ба гуфтаи ҳуқуқдони бритониёвӣ ва гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи башар ва муқовимат бо терроризм Бен Эмирсон, ки масъулияти тафтишотро бар ӯҳда дорад, дар меҳвари тафтиш, аз ҷумла, ҳодисаҳои зарбаҳои маргбори ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Покистон, Афғонистон, Фаластин ва Сомаливу Яман хоҳад буд.

Қарор аст рӯи 25 зарбаи мушакӣ аз ҳавопаймоҳои бесарнишин тамаркуз шавад, ки яке аз онҳо дар соли 2011 мунҷар ба ҳалокати тақрибан 40 сокини осоиштаи Покистон шуда буд. Бар пояи хабарҳо, шурӯъ аз соли 2004 ҳавопаймоҳои бесарнишин ба қаламрави Покистон беш аз 400 бор мушак андохтаанд.

Бен Эмирсон рӯзи панҷшанбе дар Лондон ба хабарнигорон гуфт, ки онҳо мавзӯи то куҷо дар чаҳорчӯби қонун будани истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ва зарурати масъулияту пардохти ҷубронпулӣ дар сурати истифодаи ғайриқонунии ин ҳавопаймоҳоро ҳам  тафтиш хоҳад кард. Ӯ хабар дод, ки мақомоти Бритониё барои ҳамкорӣ дар тафтишот розӣ шудаанд ва умедвор аст, ки дар Вошингтон ба онҳо пайравӣ мекунанд.

Дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” Бен Эмирсон изҳор намуд, ки ҳадафи онҳо бештар тафтиши паёмадҳои истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин аст. Ба гуфтаи ӯ, ба назар мерасад, ки ИМА ба хотири посух ба гурӯҳҳои террористӣ аз ҳавопаймоҳои бесарнишин аз ҳама бештар истифода мекунад. Аммо, афзуд ӯ, айни ҳол беш аз 50 кишвар ин ҳавопаймоҳоро дар ихтиёр доранд, ки эҳтимоли истифодаи ҳарчӣ бештари онҳо дар моҳҳову солҳои наздикро бештар месозад.

Ҳамчунин, аз нигоҳи Бен Эмирсон, хатаре мавҷуд аст, ки гурӯҳҳои террористӣ низ ба ин ҳавопаймоҳо дастрасӣ пайдо мекунанд ва аз онҳо ба хотири интиқом истифода мебаранд.

Мавзӯи истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар набарҳо бо гурӯҳҳои ҷангҷӯён солҳои ахир ба баҳси доманадор табдил шудааст. Мансабдорони воломақоми амрикоӣ мегӯянд, ки зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин барои аз байн бурдани раҳбарони гурӯҳҳои террористӣ заруранд. Аммо мухолифини истифодаи ҳавопаймоҳо мегӯянд, ки аз зарбаҳои онҳо бештар мардуми осоишта кушта мешаванд.

Қарор аст, ки натиҷаҳои тафтишот моҳи октябри соли равон дар ихтиёри Маҷмааи умумии СММ гузошта шавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi