12:39:01 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 26
27 28 29 30      

ЭЪТИРОЗИ РУСИЯГИҲО АЛАЙҲИ ҚОНУНИ МАНЪИ ФАРЗАНДХОНӢ

Рӯзи якшанбеи 13-уми январ ҳазорон тан дар маркази шаҳри Маскав алайҳи қонуни манъи фарзандхонии кӯдакони рус аз тарафи шаҳрвандони Амрико, эътироз карданд. Ба гуфтаи мақомоти пулиси Маскав, дар ин ҳамоиш ҳудуди 9500 нафар ширкат кардаанд, дар ҳоле раҳбарони мухолифин иддао доранд, ки шумораи ширкаткунандагон дар ин раҳпаймоӣ беш аз 30 ҳазор тан будааст.

/images/stories/2013/01/13_protest-moscow-2013.jpgЭътирозгарон бо сар додани шиорҳо алайҳи қонуни манъи фарзандхонии кӯдакони рус аз сӯи шаҳрвандони Амрико, аз Думаи давлатӣ тақозо карданд, ки қонуни мазкурро бекор намояд. Ҳамоиш бидуни суханронӣ сурат гирифт ва эътирозгарон ба дунболи поёни он, пароканда шудаанд. Мақомот баргузории тазоҳурот бо ширкати 20 ҳазор танро иҷоза дода буданд ва бо вуҷуди сардии шадид, он баргузор шуд.

Ҳамзамон дар шаҳрҳои дигари Русия низ ҳамоишҳои ҳамсон, вале кӯчактар доир шудаанд. Пулиси шаҳри Санкт-Петербург мегӯяд, дар ҳамоиши ҳамсон дар ин шаҳр ҳудуди 1000 нафар ширкат доштанд, дар ҳоле ташкилунандагони ҳамоиш теъдоди ширкаткунандагонро 2000 нафар мегӯянд. Дар шаҳрҳои Қазон, Екатеринбург, Киров ва дигар шаҳрҳо низ чунин ҳамоишҳо доир шудааст.

​​Маҷлиси болоии парлумони Русия дар даҳаи ахири моҳи декабри соли гузашта ин қонуни зиддунақизро бо иттифоқи оро тасвиб кард. Ин қонуни ҳамчун иқдоми ҷавобӣ ба тасвиби Қонуни Магнитский, ки афроди дахил дар ҳалокати 3 сол пеши вакили мудофеъ Сергей Магнитский  дар боздоштгоҳи Маскавро таҳти таҳримоти Амрико қарор медиҳад, таҳия шудааст.

Думаи давлатӣ - маҷлиси поёнии парлумони Русия қонуни манъи фарзандхониро, ки дар Русия ба номи як тифли руси  4 сол пеш ба иллати бепарвоии волидони нави амрикоияш фавтида Қонуни Дима Яковлев ҳам номаш мебаранд, қаблан тасвиб карда буд. Президенти Русия, Владимир Путин низ рӯзи 28-уми декабри соли 2012 қонуни манъи фарзандхонии кӯдакони рус аз тарафи шаҳрвандони Амрикоро имзо кард.

Акнун 700 ҳазор ятими рус аз имкони пайдо намудани оила дар Амрико маҳрум шудаанд. Тибқи ин дастур ҳатто ятимоне, ки волидайни эҳтимолии амрикоӣ пайдо намуда, мунтазири ҳуҷҷат буданд, аз ин ҳақ маҳрум гардидаанд.

«Озодӣ»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi