20:25:35 22-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РУСИЯ: ЭҲТИМОЛИ ПИРӮЗИИ МУХОЛИФОН ДАР СУРИЯ ВУҶУД ДОРАД

Барои нахустин бор як мақоми баландпояи Русия эътироф кардааст, ки режими Сурия назорати ин кишварро аз даст дода, эҳтимол барканор шавад.

/images/stories/2012/12/14_bashar-asad-141212.jpgРӯзи панҷшанбе муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Богданов эълон кард, ки Маскав барномаи берун баровардани ҳазорҳо шаҳрванди Русия аз Сурияро тарҳрезӣ мекунад. Ба гуфтаи ҷаноби Богданов, пирӯзии ошӯбгарон ба қимати ҳаёти ҳазорҳо шахси бегуноҳ меояд.

Эътирофи нокомии эҳтимолии режими Сурия ва барканоршавии президент Асад хеле муҳим ба назар мерасад, зеро Маскав муттафиқи деринаи режими Асад буда, борҳо ошӯбгаронро ба музокирот бо мақомоти Димашқ даъват кардааст.

Дар давоми 20 моҳи бӯҳрон ва хунрезиҳои Сурия, Русия ҳамроҳ бо Чин аз қабули се қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ дар робита бо ин низоъ ҷилавгирӣ кардааст.

Дар ҳоле, ки Русия тағйири мавқеъ мекунад, рӯзи панҷшанбе дабири кулли паймони НАТО Андерс Фог Расмуссен гуфт, ки режими Сурия дар рӯ ба рӯи фурӯпошӣ қарор дорад. Ӯ гуфт, аз нотавонӣ режими Асад бар муқобили мухолифонаш аз мушакҳои Скад истифода бурдааст:

“Баъзе хабарҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки онҳо мушакҳои навъи Скадро истифода бурдаанд. Истифодаи чунин силоҳи нерӯманд нишон медиҳад, ки режим ба ҳаёти мардуми Сурия эҳтиром намегузорад. Ман ин амали бемулоҳизаро комилан маҳкум мекунам.”

Сурия истифодаи мушакҳои Скад дар муқобили ошӯбгаронро рад кардааст. Рӯзи панҷшанбе як мақоми вазорати корҳои хориҷии Сурия гуфт, ки ин гузориш “овозаи беасос” аст. Ӯ афзудааст, ки ҳадаф аз ин гуна гузоришҳо бадном кардани Сурия мебошад.

Дар хабари дигар аз Сурия гуфта мешавад, ки рӯзи панҷшанбе дар натиҷаи таркиши мошин дар ҷанубу ғарби пойтахти Сурия камаш 16 кас кушта шуданду 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба навиштаи хабаргузории САНА-и Сурия, дар байни қурбониҳо занону кӯдакон низ кам нестанд. Ба қавли ҳамин манбаъ, масъулияти бомбгузорӣ бар дӯши террористон аст.

Назар ба ахбори расида таркиш дар шаҳри Қатана дар истгоҳи мошинҳо, воқеъ дар канори як мактаб ба амал омадааст. Баъзе фаъолони мухолифини Сурия мегӯянд, ки бархӯрдҳо миёни нерӯҳои давлат ва ошӯбгарон ба шаҳри Димашқ наздик мешаванд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi