16:45:35 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КАРИМОВ ГУФТ, УЗБАКИСТОН БО ҲАМСОЯҲОЯШ ҶАНГ НАМЕКУНАД

Раисиҷумҳури Узбакистон гуфтааст, дар ҳеҷ вазъияте бо кишварҳои ҳамсоя вориди даргирии мусаллаҳона нахоҳанд шуд.

/images/stories/2012/12/11_islom-karimov-111212.jpgИслом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, дар як ҷаласаи бахшида ба рӯзи Қонуни асосии кишвараш гуфтааст, онҳо пуштибони "ҳамсоядории хуб"-анд ва мехоҳанд, масоили баҳсбарангези минтақа аз тариқи гуфтугӯ ҳал шавад. Албатта, ин сӯҳбати ҷаноби Каримов чанд рӯзи пеш садо дода, вале тоза ба саҳифаҳои интернетӣ роҳ ёфтааст.

Бино ба қавли расонаҳои Узбакистон, Ислом Каримов  таъкид намудааст, дар шароити кунунии минтақа, ки сӯитафоҳуҳо афзоиш меёбанд, аз сиёсати "ҳамсоядории хуб" ва муколама истифода шавад.

Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Узбакистон моҳи сентябри соли ҷорӣ зимни сафараш дар Қазоқистон ҳушдор дода буд, ки агар кишварҳои болооби Осиёи Миёна, ҳангоми сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ манфиати кишварҳои поёнобро сарфи назар кунанд, ин ба ҷанг хоҳад расонд. Бархе аз коршиносон ин изҳороти Каримовро ҳамчун ҳушдор аз истифодаи силоҳ барои ҳалли баҳсҳои обию энержӣ дарёфта буданд.

Раисиҷумҳури Узбакистон, ки яке аз мухолифони тарҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистон бо садди бештар аз 300-метрӣ аст, гуфта буд, ки тарҳи ин нерӯгоҳ дар замони Шӯравӣ таҳия шудаасту ҳоло замону меъёрҳо тағйир кардаанд ва Душанбе низ бояд онҳоро риоят кунад. Каримов дар мавриди нерӯгоҳи барқи обии "Роғун"- и Тоҷикистон ва "Қамбарота"-и Қирғизистон таъкид намуда буд, ки "мехоҳем, қабл аз он, ки сохтмон оғоз ёбад, қабл аз он ки бо кишварҳои бузург дар бораи бунёди нерӯгоҳ тавофуқ шавад, ташхиси бетарафона гузаронда ба мардуми худ маълумот диҳем, ки фардо бо онҳое, ки дар поёнобанд, чӣ хоҳад шуд."

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi