03:31:46 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАҚОМҲОИ НИЗОМИИ ЭРОН: «АМРИКО ВА ИСРОИЛ ҚОДИР БА ҲАМЛА БА МО НЕСТАНД»

Сартип (генерал-лейтенант) Масъуд Ҷазоирӣ, муъовини ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, дар гуфтугӯ бо шабакаи Алъолам, шабакаи арабзабони Ҷумҳурии Исломӣ, гуфта Амрико ва Исроил тавоноии иқдоми низомӣ алайҳи Эронро надоранд.

/images/stories/2012/12/10_jazayeri_101212.jpgОқои Ҷазоирӣ ҳамчунин гуфтааст, ки ҳамлаи Исроил ба Эрон баробар бо нобудии Исроил хоҳад буд. Ӯ ҳамчунин ба Амрикоиҳо ҳушдор дода "мутаваҷҷеҳ бошанд, ки мо тавони лозим барои иқдомоти падофандиро доро ҳастем."

Дар моҳҳои ахир ва бавижа бо тундтар шудани лаҳни мақомоти исроилӣ дар бораи эҳтимоли рӯёрӯии низомӣ бо Эрон, фармондеҳони низомӣ ва масъулони мухталифи ҳукуматӣ, ба дафаъот бо ишора ба имконоти худ тавоноии тарафи муқобилро зери суол бурда ва нисбат ба унвони ҳамлаи низомии эҳтимолӣ ба Эрон ҳушдор додаанд.

Оқои Ҷазоирӣ дар ҳамин бора гуфта: "Агар чунин иштибоҳ ва хатое аз ин режим сар занад, баробар бо нобудии киёни ин режими ғассоб аст."

Ӯ ҳамчунин гуфта "бо таваҷҷуҳ ба воқеъиятҳои низомии минтақа" натанҳо Исроил аз паси ҳамла ба Эрон барнамеояд, "балки Амрико низ бо ҳама тавонаш дар шароити имрӯз қодир ба иқдоми низомӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон нест."

Муъовини ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфта агарчи Амрико ва Исроил наметавонанд ба Эрон ҳамла кунанд, аммо бо истифода аз расонаҳое, ки дар ихтиёр доранд "вонамуд мекунанд Эрон ҳар лаҳза дар маърази як иқдом ва таҳдиди низомӣ қарор дорад."

ӯи таҷовузгарӣ"

Ӯ ду моҳ пеш аз ин аз "баъзе масъулони" эронӣ, ки ба доман задан ба баҳси эҳтимоли ҳамлаи низомӣ ба Эрон ба тақвияти "ин амалиёти равонии душман" кумак мекунанд, интиқод карда буд.

Оқои Ҷазоирӣ дар гуфтугӯи ахири худ бо шабакаи Алъолам зимни интиқод аз ҳузури низомии Амрико дар Ховари Миёна ва халиҷи Форс аз ин ки маҷомеъи ҷаҳонӣ дар бораи таҳдид ба ҳамлаи низомӣ алайҳи Эрон мавзеъе намегиранд, интиқод кардааст.

Рокети "Фаҷр", ки дар ихтиёри Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ҳамос қарор дорад, таҳдид барои Исроил аст. Ӯ гуфта: "Режимҳо ва кишварҳое ҳастанд, ки сароҳатан эълом мекунанд мехоҳанд ба кишвари дигаре ҳамлаи низомӣ бикунанд" ва пурсида: "Чаро ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар баробари ин хӯи таҷовузгарӣ сукут кардааст."

Сартип Ҷазоирӣ ҳамчунин ҳамлаи ахири Исроил ба Навори Ғаззаро як шикаст барои Исроил арзёбӣ кардааст.

Ӯ дар бораи кумаки Эрон ба гурӯҳҳои фаластинӣ гуфта, ки "Мо ҳар кумаке, ки битавонем нисбат ба мардуми мазлуми Фаластин ва муқовимати минтақа анҷом хоҳем дод", вале афзуда, ки гурӯҳҳои фаластинӣ худ қодир ба тавлид ва таҷҳизи худ" ҳастанд.

Дар муноқишаи ахири Ғазза Ҳамос аз рокети Фаҷр-5, ки тарроҳишуда дар Эрон аст ва бурди бештаре нисбат ба рокетҳои маъмули гурӯҳҳои пайкорҷӯи фаластинӣ дорад, барои ҳамла ба Исроил истифода кард. Албатта гуфта мешавад, ки сохти ин рокетҳо дар худи Ғазза сурат гирифтааст.

Исроил ва бархе қудратҳои ғарбӣ Эронро ба "ҳимоят аз терурисм" муттаҳам мекунанд. Аммо Эрон худро "қурбонии терурисм" мехонад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi