12:43:17 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КЕТРИН ЭШТОН: "НАБОЯД АЗ РАҚИБОНИ СИЁСӢ ҚАСОС ГИРИФТ"

хотири манофеи мардуми кишвари худ ҳамкории наздик дошта бошанд. Кетрин Эштон рӯзи душанбе (26-уми ноябр) ба таври мухтасар аз Гурҷистон боздид кард ва бо президент Михаил Саакашвилӣ ва нахуствазир Бидзина Иванишвилӣ, ки аз нерӯҳои мухолифи сиёсӣ намояндагӣ мекунанд, музокира анҷом дод.

/images/stories/2012/11/27_saakashvili-eshton-271112.jpgӮ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки “мо дар бораи зарурати пайдо кардани роҳҳои хуби ҳамзистии миёни раисиҷумҳуру нахуствазир ва гурӯҳи онҳо, ки ба фикри ман онро дар ҳар забоне ҳамзистӣ мегӯянд, гуфтугӯ кардем, то бовар ҳосил шавад, ки онҳо дар оянда ба нафъи мардуми Гурҷистон кор мекунанд.”

Ин нахустин боздиди Эштон аз Тифлис баъд аз баргузории интихоботи порлумонии моҳи октябр аст, ки эътилофи сисёсии Бидзина Иванишвилиро сари қудрат овард. Хонум Эштон ҳам аз Саакашвилӣ ва ҳам аз Иванишвилӣ хост, ба таври созанда барои раҳбарии хуб бар Гурҷистон ҳамкорӣ кунанд. Дар як эъломияи алоҳида, ки баъд аз музокирот садо дод, Эштон гуфт, “набояд аз рақибони сиёсӣ қасос гирифт”.

Ин изҳороти Эштон баъд аз он садо дод, ки чанд рӯз пеш 12 нафар аз мақомоти раҳбарии вазорати умури дохилии Гурҷистон барои сӯистифода аз мақом муттаҳам эълон шуданд. Эътилофи ҳокими Иванишвилӣ мегӯяд, гумон меравад, мақомоти ҳизби Ҷунбиши Ваҳдати Миллии Саакашвилӣ ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ гуфтугӯҳои телефонии сиёсатмадорони муътабари Гурҷистон, аз ҷумла худи Иванишвилиро қабл аз расиданаш ба мақоми нахуствазирӣ сабт мекардаанд.

Дар аввалҳои моҳи ноябр бар зидди вазири пешини умури дохилӣ, раиси ситоди артиш ва як фармондеҳи бригадаи Гурҷистон парванда боз шуд ва расидагӣ ба он идома дорад. Дар изҳороти Эштон ҳамчунин таъкид шудааст, ки Иттиҳоди Аврупо хостори якпорчагии қаламрави Гурҷистон мебошад. Моҳи августи соли 2008 Гурҷистону Русия барои Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон бо якдигар вориди задухӯрди кӯтоҳмуддат шуданд. Маскав ба зудӣ истиқлолияти ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳро ба расмият шинохт. Вале Гурҷистон ин ду ҷумҳуриро бахше аз қаламрави худ медонад.

Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин гуфт, вай ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Гурҷистон ва қарордоди ҳамкориҳои 27 узви иттиҳодия бо Тифлис, аз ҷумла муқаррароти раводиди шаҳрвандони Гурҷистон бо Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ кардааст. Интизор меравад, ки Кэтрин Эштон аз чаҳор кишвари дигари Осиёи Марказӣ низ боздид кунад. Боздиди вай аз Тоҷикистон барои рӯзи панҷшанбе пешбинӣ шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi