13:28:29 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

СММ АЗ КАРЗАЙ ХОСТ ҲУКМИ ЭЪДОМРО БЕКОР КУНАД

Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз Ҳомид Карзай хостааст, ҳукми эъдом дар Афғонистонро бекор намояд. Навӣ Пиллай, раиси Шӯрои ҳуқуқи башари СММ мегӯяд, аз эъдоми ногаҳонии чаҳордаҳ тан дар чанд рӯзи гузашта дар Афғонистон нигарон аст.

/images/stories/2012/11/23_navi-pillay-231112.jpgХонум Пиллай дар эъломия, ки дар торнамои СММ нашр шудааст, мегӯяд: «Бо таваҷҷӯҳ ба қонунҳои байналмилалӣ ва ҳамчунон тааҳҳудоти Афғонистон, танҳо барои ҷиноятҳои бузург, он ҳам пас аз марҳилаҳои душвори додгоҳӣ, ҳукми эъдом содир мешавад.»

Аммо хонум Пиллай мегӯяд, ки дар мароҳили додгоҳии Афғонистон камбудӣ ва мушкилот вуҷуд дорад, ки ин пурсишҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст.

Тибқи гузоришҳо, пас аз он ки як кумита дар раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳудуди 250 парвандаро баррасӣ кард, раиси ҷумҳури ин кишвар Ҳомид Карзай ҳукми эъдоми чаҳордаҳ танро таъйид намуд. Ба ин тартиб чаҳордаҳ тан рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ дар зиндони Пули Чархии Кобул эъдом шуданд.

Мақомоти афғонӣ мегӯянд, ин афрод барои куштор, таҷовузи ҷинсӣ ва фаъолияҳои зидди амнияти миллӣ, ки ҷароими сангин пиндошта мешаванд, гунаҳкор шинохта шуда буданд.

Дар эъломияи рӯзи панҷшанбеи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ омадааст: «Низоми додгоҳии Афғонистон дар баррасии қазияҳо, умдатан ба эътироф такя мекунад, ки гоҳу ногоҳ ба василаи шиканҷа ҳам эътирофҳо сурат мегирад. Бинобар ҳамин дар қазияи эъдомҳои ахир ҳам чунин нигаронӣ матраҳ аст."

Ба гуфтаи хонум Пиллай, оғози ногаҳонии эъдомҳо дар Афғонистон бо тамоюли поён додан ба ҳукми эъдом дар, ҷаҳон созгор нест. Фақат ду рӯз пеш аз ин эъдомҳо, СММ дар як иқдоми бесобиқа аз 110 кишвари узви ин созмон хоста буд то ҳукми эъдомро аз байн бибаранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi