23:57:06 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДУРНАМОИ РАВОБИТИ ИМА ВА РУСИЯ ДАР АҲДИ ДУВВУМИ ОБАМА

Коршиносони амрикоӣ тахмин мезананд, ки баъди интихоби дубораи Барак Обама, равобити миёни ИМА ва Русия рӯ ба беҳбуд хоҳанд ниҳод.

/images/stories/2012/11/20_putin-obama-201112.jpgДар оғози давраи аввали раҳбарии Обама, Вашингтон сиёсати ба истилоҳ “reset” ё худ бознишондани равобит бо Русияро пеш гирифта буд. Вале баъди бозгашти президент Владимир Путин ба Кремл, рукуде дар равобити Маскаву Вашингтон эҳсос мешавад.

Ахиран шореҳи Радиои Озодӣ Роберт Коалсон аз Ариел Коҳен-сиёсатшинос ва пажӯҳишгари Бунёди Ҳеритаҷи Вашингтон пурсид, ки оё имкони бартараф намудани сардии равобити миёни ду кишвар ҷой дорад?

“Русия масъалаҳоеро дар маркази таваҷҷӯҳаш қарор додааст, ки Маскавро дар ҳоли ихтилоф бо Вашингтон қарор медиҳанд. Аввалан: ин Сурия аст. Онҳо намехоҳанд, ки режими Асад фурӯ пошад. Русия ҳамроҳ бо Чину Эрон имкон ҳалли дипломатии низоъро рад карда, ба режими Сурия силоҳ мефиристад.

Ба ин восита Русия худро ба нокомӣ омода мекунад, зеро режими зери назорати ақаллияти алавӣ нахоҳад тавонист бар зидди аксарияти суннитабори ин кишвар ва кумаки байналмилалие, ки онҳо аз кишварҳои Ховари Миёна шабеҳи Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт ва ғайра дастрас мекунанд, муқовимат намояд. Бахши дуюми ихтилофи Маскав бо Вашингтон сипари зиддимушакӣ аст, ки ИМА дар Аврупо бунёд мекунад.

Сипар бар зидди кишварҳои саркаш ба мисли Эрон буда, феълан бар муқобили Русия нест. Русия силоҳи зиёде дорад, ки метавонад ҳар гуна сипари зиддимушакиро убур намояд. Билохира, фикр мекунам, ки президент Обама дар даври дуюми раҳбариаш ба масъалаҳои дохилӣ таваҷҷӯҳ хоҳад кард. Мо масъалаҳои ҷиддии иқтисодиву молиро бояд ҳал кунем ва президент барои ҳалли масъалаҳои марбут бо Русия вақти зиёд нахоҳад дошт.”

Дар ҳамин ҳол Ариэл Коҳен бовар дорад, ки дар масъалаи Афғонистон ҳамкориҳои Маскаву Вашингтон ҳамоно пурсамар идома хоҳанд дошт. Ба қавли пажӯҳишгари амрикоӣ, Русия манфиатдори ҳифзи ҳузураш дар Осиёи Марказӣ буда, бар илова транзити муҳимоти низомии паймони НАТО ба Маскав суди молӣ ҳам хоҳад овард.

Коҳен меафзояд: “Русия аз нуқтаи назари сиёсиву ҷуғрофиёӣ манфиатдор аст, ки аз вуруди Толибон ба Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ кунад. Маскав режимҳои Қирғизистону Тоҷикистон ва то ҳадде Туркманистонро иттифоқчии худ мешуморад. Ба ҳар ҳол Русия намехоҳад Толибон ва ё сипаҳсолорон, ки одатан дар муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир даст доранд, кишварҳои Осиёи Марказиро зери назорат гирифта ба манфиатҳои Русия дар ин минтақа зарба зананд. Мехоҳам таъкид кунам, ки ин ҳарф ба сипаҳсолороне, рабт дорад, ки зери назорати Маскав нестанд. Аммо аз нуқтаи назари манфиатҳо, Русия манфитадор аст, ки транзити ҳавопаймоҳо молу коло, муҳимот ва фурӯши маводи сӯхт ба нерӯҳои амрикоӣ миллионҳо доллар фоида меорад.”

Шореҳи амрикоӣ бо таассуф ишора мекунад, ки баъзе дастандаркорони Русия фикр мекунанд, ки барои ваҳдат ва рушди кишвар як душмани беруна лозим аст ва чунин душман бояд Амрико бошад. Ба ақидаи Коҳен, чунин ақидаи даврони Ҷанги сард ба асари 21 рост намеояд ва имкон намедиҳад, ки Русия бар зидди фасод, ақибмонии иқтисодӣ, ифротгароии динӣ ва дигар вабоҳои замон воқеан қиём кунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi