15:55:22 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

СNN: "ОБАМА ПИРӮЗИ ИНТИХОБОТ АСТ"

Тибқи пешбиниҳо Барак Обама барои чаҳор соли дигар президенти ИМА интихоб шудааст. Шабакаҳои телевизионии Амрико мегӯянд, Барак Обама, рақибаш аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, Митт Ромниро шикаст дода ва бори дуввум раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида интихоб шудааст.

/images/stories/2012/11/07_barak-obama-071112.jpgБар тибқи пешбиниҳо Барак Обама, дар аёлати Оҳайо, ки аёлати калаванда ба ҳисоб меравад, аксарияти раъйҳоро ба даст оварда ва аз 270 раъйи зарурӣ маҷлисҳои интихобӣ ҳам ба раъйи бештар соҳиб шудааст. Бар асоси пешбиниҳо ва натиҷаҳои муқаддамотӣ, Барак Обама дар аксари аёлатҳои калаванда ба мисли Оҳайо, Айова, Мичиган, Ню Ҳемпшир, Пенсилвания ва Висконсин пирӯз шудааст.

Ҳамчунин пешбинӣ мешавад, ки Барак Обама, раъйи аксариятро дар аёлатҳои Ню Йорк, Массачусетс, Калифорния, Орегон ва Вашингтону Ҳаваӣ зодгоҳи худи Обама пирӯз мешавад. Бино ба ҳамин пешбиниҳо Митт Ромн дар аёлати Мичиган, ки падараш онҷо губернатор буд, шикаст хӯрдааст.

Ҳамзамон шабакаҳои телевизионии ИМА пешбинӣ мекунанд, ки ҳизби ҷумҳурихоҳ назорати Маҷлиси Намояндагон-маҷлиси поёнии Конргесси ИМА дар дасташ ҳифз хоҳад кард. Рӯзи сешанбе райъдиҳандагони амрикоӣ 435 узви Маҷлиси Намояндагонро интихоб карданд. Ҳамин тавр шабакаҳои телевизионӣ пешбинӣ мекунанд, ки Сенат-маҷлиси болоии Конгресси ИМА дар ихтиёри ҳизби демократ боқӣ мемонад. Рӯзи сешанбе раъйдиҳандагон 33 узви нави Сенатро, ки умуман аз 100 курсӣ иборат аст, интихоб карданд. Феълан 51 узви Сенат намояндаи ҳизби демократ мебошанд. Аз миёни 435 вакили Маҷлиси Намояндагон бошад, 242 нафар узви ҳизби ҷумҳурихоҳ мебошанд.

Барак Обама (Barack H. Obama) президенти 44-уми ИМА мебошад. Ӯ соли 1961 дар аёлати Ҳавайӣ ба дунё омадааст. Падараш аз Кения ва модараш аз аёлати Канзас будаанд. Дар хурдсолӣ Обама муддате дар Индонезия истиқомат кардааст. Дар он ҷо модараш ба ҳайси инсоншинос (антрополог) ифои вазифа мекард. Баъди хатми коллеҷ дар Калифорния ва Нюйорк Обама Чикаго кӯч баста, вазифаи ташкилотии иҷтимоӣ дар маҳаллаҳои мардуми камбизоатро бар дӯш доштааст.

Баъдан Обама дар факултаи ҳуқуқи донишгоҳи Ҳарвард таҳсил намудаааст. Ҳангоми таҳсил ӯ аввалин раиси амрикоии африқоитабори маҷаллаи Ҳарвард Лоу Ревю (Harvard Law Review), ки яке аз машҳуртарин маҷаллаҳои ҳуқуқии ИМА ба шумор меравад, интихоб шуд. Соли 1997 Обама ба кори ҷамъиятӣ баргашта, дар интихоботи Сенати аёлати Иллинойс дастболо шуд.

Обама се дафъа узви Сенати аёлати Иллинойс интихоб шуда, ҳамзамон дар Донишгоҳи Чикаго аз фанни ҳуқуқ дарс медод. Бар илова дар ҳамин давра Обама ҳамчун вакили мудофиаи ҳуқуқи шаҳрвандӣ кор кардааст. Соли 2004-ум Обама узви Сенати ИМА аз аёлати Иллинойс интихоб шуд. Моҳи ноябри соли 2008-ум баъди пирӯзӣ дар интихоботи президентии ИМА Обама аз курсии сенатори ИМА истеъфо дод.

Соли 2009-ум Обама “ба хотири кӯшишҳои фавқулода дар таҳкими дипломатияи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ миёни мардум” ба гирифтани ҷоизаи Сулҳи Нобел муваффақ шудааст. Ҳамсари ӯ Мишел Обама вакили мудофиа ва ҳомии беҳдошти кӯдакон аст. Барак ва Мишел Обама ду духтар доранд: Малия 13-сола асту Саша 10-сола.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi