22:12:55 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РӮЗИ ИНТИХОБОТИ ИМА, РАҚОБАТИ РОМНӢ ВА ОБАМА БАРОИ КОХИ САФЕД

Имрӯз мардуми Амрико ба хотири интихоби раиси ҷумҳури нави кишвар, ба пойи сандуқҳои раъй мераванд. Дар интихобот, ки соати cе ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад, мардум аз миёни Барак Обама, раиси ҷумҳури феълӣ ва Митт Ромни рақиби ӯ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ якеро барои чаҳор сол ба Кохи Сафед мефиристанд.

/images/stories/2012/11/06_vote-here-061112.jpgБино ба назархоҳиҳо, ҳарду номзад тақрибан шанси баробари пирӯзӣ доранд, аммо тарафдорони Барак Обама дар баъзе аз аёлатҳои Амрико андаке бештар будаанд. Низоми интихоботии Амрико аз дигар низомҳо фарқ мекунанд ва барои пирӯз шудан, шарт нест, ки як номзад раъйи аксарияти мардумро ба даст биёрад, балки яке аз номзадҳо бояд раъйи аксарияти сокинони иёлатҳои алоҳидаро соҳиб шавад ва дастикам раъйи 270 ҳавзаи интихоботиро аз саросари Амрико ба даст биёрад.

Нақши аёлатҳое ба мисли Флорида, Оҳайо, Вирҷиния ва Колорадо дар интихобот зиёд аст, ки соҳиб шудан ба райъи бештари мардум дар инҷо номзадеро ба пирӯзӣ хоҳад расонд. Дар аёлатҳое ба мисли Мичиган, Пенсилвания ва Ню Мехико, фосилаи ҳарду номзад тақрибан баробар аст, вале зоҳиран дар рӯзҳои ахири маъракаҳои тарғиботӣ, Барак Обама, дили раъйдиҳандагони бештарро нисбат ба худ гармтар кардааст. Аммо дар аёлати Каролинаи Шимолӣ ва Аризона, мардуми бештаре майл доштаанд, ки Митт Ромниро раиси ҷумҳур бубинанд.

Стивен Робертс, профессори улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон дар бораи аҳамияти раъйи баъзе аз аёлати калидӣ барои интихобот ба мо гуфт:

“Натиҷаҳои интихобот ба раъйи ҳафт ё ҳашт аёлат вобаст аст. Ин аёлатҳо ба мисли Оҳайо, Вирҷиния ва Колорадо ва чандтои дигар аз дер боз яке аз маҳакҳои аслии сиёсати Амрико ҳастанд. Ду чиз дар ин иёлоти калаванда ба нафъи Барак Обама аст. Аввал аз назари демографӣ. Дар ин ҷойҳо, мардуми испониётабор ба Барак Обама раъй хоҳанд дод ва ғолибан ӯро дар чанде аз ин иёлот пешсаф хоҳанд кард бахусус дар Колорадо ва Невада. Дуввум ин ки иқтисоди ин иёлоти калаванда, назар ба бақияи кишвар беҳтар аст, бахусус дар Оҳайо, ки коргарони арсаи автомобилсозиаш маҳз ба шарофати сиёсати Барак Обама, ҳанӯз кор мекунанд. Аз ду чиз Обама бурд мекунад."

Бино ба назархоҳиҳо, бахт ба рӯи Митт Ромни дар аввали моҳи октябр баъди нахустин мубоҳисаи рӯ ба рӯи телевизионӣ бо Барак Обама хандида буд, вале ба гуфтаи Стивен Робертс, дар рӯзҳои ахири маъракаи тарғиботӣ ва тӯфони вайронгари Сенди, толеъаш баландӣ накард. Дигар чиз, омори хушҳолкунанда доир ба иқтисоди Амрико буд, ки шанси Барак Обамаро бештар кард.

Стивен Робертс мегуяд: “Дар остонаи интихобот, назархоҳиҳо баёнгари он аст, фосилаи зиёде дар байни ду номзад нест. Аммо ду чиз ба нафъи Обама аст. Аввал ин ки иқтисоди Амрико беҳтар шудаст. Бар асоси омори тоза 170 ҳазор ҷойи кории нав офарида шудааст ва тақозо низ боло меравад. Дуввум ин ки тӯфон, қисми зиёде аз маҳалҳои шарқии соҳилии Амрикоро вайрон кард ва Барак Обама нишон дод, ки ӯ фармондеҳи воқеъӣ аст ва корашро медонад. Ӯ бо губернаторҳо, аз ҷумла губернаторҳои бонуфузи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ мулоқот кард, ки дар гузашта Обамаро танқид мекарданд, вале ҳоло ӯро ба ҳайси раҳбари кордон меситоянд. “

Ҳамзамон бо интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико, раъйдиҳандагон дар Иёлоти Муттаҳида 33 вакил аз иёлоти худро ба сенат, палатаи болоӣ ва тамоми 435 вакили конгресс, палатаи поёнии порлумони Амрикоро интихоб мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi