17:30:36 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АМРИКО БО САФАРИ ЭРДУҒОН БА НАВОРИ ҒАЗЗА МУХОЛИФАТ КАРД

Иёлоти Муттаҳида сафари Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, ба Навори Ғаззаро ба манфиат надонистааст. Иёлоти Муттаҳида зимни мухолифат бо сафари Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, ба Навори Ғазза гуфт, ин иқдом боиси ба хатар афтодани сулҳу амният дар минтақа мешавад.

/images/stories/2012/11/04_firistodai-amriko-041112.jpgБа гузориши "Синхуа", Виктория Нуланд, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, дар нишасти хабарие гуфтааст, "мо мухолифи тавофуқ бо Ҳаммос ҳастем. Чунин боздидҳо барои пешбурди ҳадафи сулҳ ва барқарории амният дар минтақа ба фоида нест."

Вай илова карда, ки "ба ҷои ин, мо ҳама мехоҳем, барои наздик кардани тарафҳои даргир нақше созанда ифо кунанд." Навори Ғазза аз соли 2007 ва дар пайи боло гирифтани ихтилофоти миёни ду ҷунбиш - Фатҳу Ҳаммос таҳти контрол ё назорати нерӯҳои Ҳаммос омадааст, дар ҳоле ки Ташкилоти худгардони Фаластин ба раҳбарии Маҳмуд Аббос контроли сарзаминҳои Каронаи Бохтариро бар ӯҳда дорад.

Вокуниши манфии Амрико ба хабари сафари қарибулвуқӯи Раҷаб Таййиб Эрдуғон соате пас аз он мунташир шуд, ки ин мақоми турк ҳангоми бозгашт аз Берлин, пойтахти Олмон, гуфт, базудӣ аз Ғазза боздид мекунад. Ба гузориши як нашрияи туркӣ, ҷаноби Эрдуғон сафари амири Қатар ба Ғаззаро, ки ба тозагӣ анҷом гирифт, таҳсин карда ва гуфтааст, мехост телефонӣ амири Қатарро табрик бигӯяд, аммо таътилоти Иди Қурбон ин корро ба таъхир андохтааст.

Дар охирҳои моҳи октябр амири Қатар бо ҳамроҳи ҳамсари худ дар раъси ҳайати бузург аз марзи Миср ба Ғазза сафар кард ва Исмоил Ҳания, нахуствзаири Ҳаммос, аз ӯ истиқбол гирифт.

Нахуствазири Туркия гуфт, ӯ ҳатто як бор низ ба Маҳмуд Аббос, рақиби аслии Ҳаммос ва раисиҷумҳури Ташкилоти худгардони Фаластин, пешниҳод додааст, ки бо ҳам аз Ғазза тбоздид кунанд ва ин пешниҳод бо истиқболи гарми ӯ рӯбарӯ шудааст.

Бо ин ҳол, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико бо ишора ба барномаи сафари Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба Навори Ғазза гуфт, Вашингтон дар ин замина бо Туркия гуфтугӯ хоҳад дошт. Виктория Нуланд ҳамчунин гурӯҳи Ҳаммосро "омили бесуботӣ" дар минтақа унвон кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi