06:53:48 06-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ИМА ДАР ҶАНГИ АФҒОНИСТОН 2 000 САРБОЗАШРО АЗ ДАСТ ДОДААСТ

Артиши Иёлоти Муттаҳида аз оғози ҷанги 11-сола дар Афғонистон то кунун 2 ҳазор сарбози худро талаф додааст. Мақомоти Амрико мегӯянд, бо қатли як сарбози ин кишвар аз тарафи як маъмури амниятии афғон, теъдоди сарбозони кушташудаи амрикоӣ дар ҷанги 11-сола ба 2 ҳазор нафар расид.

/images/stories/2012/09/30_amrico-300912.jpgЯк мақоми амрикоӣ таъйид кард, ки ин сарбозро шоми шанбе (29-уми сентябр) дар вилояти Вардак куштаанд. Пештар аз ин, Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон эълом кард, ки дар як тирандозӣ як сарбози хориҷӣ ва паймонкори НАТО кушта шуда, талафот дар миёни сарбозони афғон низ будааст. Ҷузъиёти дигари ҳодисаро ошкор накарданд, вале гуфтанд, таҳқиқ дар ин замина идома дорад.

Аммо Шаҳидулло Шаҳид, сухангӯи ҳукумати вилояти Вардак, гуфт, зоҳиран тирандозӣ ба иллати “сӯитафоҳум” байни ду тараф сурат гирифтааст. Ӯ афзуд, "дар ноҳияи Саидобод дар вилояти Вардак бинобар баъзе сӯитафоҳум миёни сарбозони Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ва Артиши Миллии Афғонистон тирандозӣ сурат гирифтааст. Талафот ҳаст, вале сабаби сӯитафоҳум, тирандозӣ ва теъдоди дақиқи қурбониён ҳанӯз маълум нест. Ҳарду тараф масъаларо таҳқиқ мекунанд."

Ҳодиса дар назди як постгоҳи артиши Афғонистон дар наздикии пойгоҳи муштараки нерӯҳои амрикоиву афғон ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи баъзе дигар аз мақомоти Афғонистон, дар тирандозӣ ду сарбози афғон кушта шудаанд. Аз оғози соли ҷорӣ то кунун дар ҳамлаҳои маъмурони амниятии Афғонистон бо муттаҳидони ғарбиашон 52 сарбози хориҷӣ кушта шудаанд.

Баъд аз авҷ гирифтани ингуна ҳамлаҳо, ду ҳафта пеш Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон гуфтанд, ки амалиёти муштарак бо нерӯҳои афғонро камтар мекунанд. Аммо рӯзи панҷшанбе Леон Паннета, вазири дифои Амрико, гуфт, аксари нерӯҳои ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон чунин амалиётро аз сар гирифтаанд.

Ҷон Аллен, фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон дар сӯҳбате бо телевизиони CBS-и Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ҳамлаҳои сарбозони афғон ба нерӯҳои ғарбӣ ӯро ба хашм овардааст. Ӯ дар ин мусоҳиба гуфтааст, онҳо омодаанд барои мубориза алайҳи ифротгароён дар Афғонистон ҷонфидоӣ кунанд, аммо на ба ин шакл. Толибон пайваста масъулияти ҳамлаҳои дохилӣ ба нерӯҳои хориҷиро бар дӯш гирифта ва гуфтаанд, ин ҳамлаҳо кори дасти аъзои онҳост, ки ба сафи артиши Афғонистон роҳ ёфтаанд.

Қарор аст, то соли 2014-ум нерӯҳои ҷангии хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд, аммо қисме аз онҳо барои тарбияву тамрини сарбозони афғон хоҳанд монд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi