22:00:28 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БАҲСИ "СУРИЯИ БАЪД АЗ РЕЖИМИ АСАД" ДАР ТУРКИЯ

Бӯҳрони Сурия дар меҳвари музокироти Ҳилларӣ Клинтон бо ҳамтои туркаш - Аҳмад Довудоғлу қарор гирифт.

/images/stories/2012/08/12_hilary-klinton-120812.jpgҲилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида баъд аз мулоқот изҳор намуд, ки Вошингтону Анқара мехоҳанд амалиёти қаблан тарҳрезишудаи кӯмак ба ошӯбгарон дар Сурияро густариш диҳанд. Ӯ афзуд, аз ҷумла, мавзӯи ташкили ҳарими ҳавоии барои парвози ҳавопаймоҳо мамнӯъ дар қаламрави таҳти назорати ошӯбгарони суриягӣ баррасӣ мешавад.

“Вазифаи стратегии Иёлоти Муттаҳида ва Туркия – хатми хушунат дар Сурия ва наздиктар кардани суқути режими Башор Асад аст”,-гуфт раҳбари идораи сиёсати берунии Амрико. Ҳилларӣ Клинтон таъкид намуд, Сурия набояд паноҳгоҳе барои мусаллаҳони ҷудоихоҳи курди мустақар дар Туркия гардад.

Аҳмад Довудоғлу, дар навбати худ, аз ҷомеаи байнулмилалӣ даъват кард, дар ҳалли бӯҳрони башарӣ дар шаҳрҳои Сурия, ки мавриди бомбаборону гулулаборони нерӯҳои вафодор ба Башор Асад қарор гирифтаанд, фаъолтар саҳм бигиранд.

Бар пояи хабарҳо, хонум Клинтон бо намояндагони мухолифини Димишқ, ки дар Туркия ба сар мебаранд, мулоқот меорояд ва дар он масоили марбут ба омодагиҳо ба ташкили “ҳукумати давраи гузариш” дар Сурия дар сурати сарнагунии режими Башор Асадро баҳсу баррасӣ мешавад.

Аммо дар ҳоле ки кишварҳои абарқудрати олам – Амрикову ҳампаймонҳояш аз як сӯ ва Русияву Чин аз сӯи дигар дар мавриди ҳалли қазияи Сурия дар мавқеъҳои оштинопазир қарор доранд, роҳҳали дигаре барои хатми хушунат дар ин кишвари арабӣ боқӣ мондааст?

Алиризо Нуризода, таҳлилгари масоили Ховари Миёна, мегӯяд, “роҳҳале, ки фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи кишварҳои араб Кофӣ Аннон ба дунболаш буд, ба бунбаст ворид шудааст ва ба ҷое нахоҳад расид”. Ӯ меафзояд, сафари хонум Клинтон ба Туркия дар ҳоле сурат мегирад, ки аз як сӯ, Анқара аз пуштибонҳои мухолифини Сурия маҳсуб мешавад ва аз сӯи дигар, туркҳо аз тасмими Димишқ барои паноҳгоҳ додани Ҳизби коргари Курдистон дар қаламрави Сурия сахт нороҳатанд.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, дар вазъи феълӣ Русия каму беш мавқеи худро дар баробари Сурия иваз мекунад. “Маломате, ки аз ҷаҳони араб ба сари русҳо борид, онҳоро ногаҳон ба худ овард ва диданд, ки бо ҳимоят аз режими Башор Асад тамоми ҷаҳони арабро аз даст хоҳанд дод”,-мегӯяд Алиризо Нуризода.

Аз ин рӯ, рӯзҳои наздик метавон интизор буд, ки Маскав дар мавриди қазияи Сурия таҷдиди назар кунад. Тағйири мавзеи Чин ҳам дар баробари Сурия аз эҳтимол дур нест, зеро Пекин дар ин кишвари арабӣ фақат аҳдофи иқтисодӣ дорад. “Агар кишварҳои ғарбӣ ба Чин кафолат диҳанд, ки тағйири ҳукумат дар Димишқ ба тарҳҳояш дар ин кишвар латма намезанад, мавқеи худро тағйир хоҳад дод”,-мутмаин аст мусоҳиби мо. Аммо, меафзояд ӯ, гумон аст, Эрон мавзеъгирии худро дар мавриди Сурия, андаке ҳам бошад, тағйир диҳад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi