14:56:03 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЭЪЛОМИ НАТОИҶИ ИНТИХОБОТИ МАҶЛИСИ ЭРОН ДАР ҲАМАИ ҲАВЗАҲО БА ҶУЗ ТЕҲРОН

Вазорати кишвари Эрон дар ду иттилоъияи ҷудогона асомии мунтахабони марҳилаи дувуми интихоботи нуҳумин давраи маҷлиси Эронро, ки "ҳоизи аксарияти нисбии" оро шудаанд, эълом кардааст. Натоиҷи ғайриниҳоии интихоботи маҷлис дар Теҳрон низ эълом шудааст. Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии вазорати кишвар, намояндагони 32 ҳавзаи интихобияи Эрон, ки даври дувуми интихоботи маҷлиси Эрон дар онҳо баргузор шуда буд, мушаххас шудаанд.

/images/stories/2012/05/05_iran_election_5.5.12.jpgВазорати кишвар ҳамчунин эълом кардааст, ки дар ҳавзаи интихобияи Теҳрон, Исломшаҳр, Рай ва Шамиронот, то соъати 8-и субҳи рӯзи шанбеи 16 урдибиҳишт (5 май) Бежани Навбова, Исмоъил Кавсарӣ, Аҳмади Таваккулӣ, Алии Мутаҳҳарӣ, Маҳмуди Набавиён, Муҳаммадризо Боҳунар, Меҳдии Ҳошимӣ, Алиасғари Зореъӣ, Алиризо Зоконӣ ва Зуҳра Тайибзода Нурӣ 10 нафаре ҳастанд, ки бештарин ороро касб кардаанд.

Бар асоси эъломи Вазорати кишвари Эрон, Иброҳими Корхона ба унвони намояндаи Ҳамадон, Мустафо Афзалифард ба унвони намояндаи Ардабил, Намин, Нир ва Саръайн, Маҷид Мансурии Бедаконӣ ба унвони намояндаи Ленҷон ва Алимуҳаммади Аҳмадӣ ба унвони намояндаи Деҳлурон, Дарашаҳр ва Ободон ба маҷлиси Эрон роҳ ёфтаанд.

Дар Исфаҳон Ҳамидризо Фӯлодгар, дар Шероз Ҳусейни Зуланвор, дар Машҳад ва Калот Ҷавод Каримии Қудусӣ ва Муҳаммад Ҳусайни Ҳусайнзодаи Баҳрайнӣ ба маҷлиси нуҳум роҳ ёфтаанд. Ғуломъалӣ Ҷаъфарзодаи Эминободӣ ва Ҷаббори Кӯчакинажод намояндагони Рашт ва Мирҳодӣ Қарасаиди Румиёнӣ, Ризо Раҳмонӣ ва Муҳаммад Исмоъили Саъидӣ намояндагони Табрез дар маҷлиси нуҳуми Эрон хоҳанд буд.

Муҳаммад Саъиди Ансорӣ ва Ҳусайни Деҳдаштӣ ҳам тавонистаанд дар ҳавзаи интихобияи Ободон бештарин ороро ба даст оваранд. Натоиҷи дувумин давраи интихоботи маҷлиси Эрон нишон медиҳад, ки Муҳаммадбоқири Шариъатӣ дар Баҳбаҳон, Аббос Попизодаи Полангон дар Дизфул, Носир Солеҳинасаб дар Дашти Озодагон ва Ҳавиза, Аббос Қоидраҳмат дар Дуруд ва Азно ва Ҳуҷҷатуллоҳи Дарвешпур дар Иза ва Боғималик бештарин ороро ба даст овардаанд.

Бино бар ин гузориш, дар Зобул, Зеҳак ва Ҳирманд Ҳалима Олӣ ба маҷлиси нуҳум роҳ ёфтааст. Маҳмуди Шукрӣ ба унвони намояндаи Таволиш, Ризвоншаҳр ва Мосул, Иброҳими Оқомуҳаммадӣ ба унвони намояндаи Хуррамобод ва Давра, Аббоси Солеҳӣ ба унвони намояндаи Тафреш, Оштиён ва Фароҳон ва Аҳмади Ориёинажод ба унвони намояндаи Малоир ба маҷлиси нуҳум роҳ ёфтаанд.

Пеш аз ин, ҳамзамон бо поён ёфтани раъйгирӣ марҳилаи дувуми интихоботи маҷлис дар рӯзи ҷумъаи 15 урдибиҳишт (4 май) Савлат Муртазавӣ, раиси ситоди интихоботи кишвар, гуфта буд, ки натоиҷи шумориши оро дар муддати 24 соъат эълом хоҳад шуд. Ӯ ибрози умедворӣ карда буд, ки натоиҷи ниҳоии тамоми ҳавзаҳои интихобия то поёни рӯзи шанбе мушаххас ва эълом шавад.

Марҳилаи дувуми нуҳумин давраи интихоботи маҷлиси Эрон барои баргузидани 65 намоянда аз субҳи рӯзи ҷумъа дар 14 ҳазору 323 шӯъбаи ахзи раъй дар 33 ҳавзаи интихобияи Эрон баргузор шуд. Ба гузориши хабаргузории "Меҳр", дар ин давр аз интихобот 60 ҳазор нозири Шӯрои Нигаҳбон ва 10 ҳазор намояндаи кондидҳо бар раванди баргузории он назорат кардаанд, ки наздик ба ниме аз онҳо намояндагони номзадҳо дар шуъаби ахзи раъйи шаҳри Теҳрон будаанд.

Аз маҷмӯъи 30 намояндаи Теҳрон дар маҷлиси Эрон фақат таклифи 5 намоянда дар даври аввали интихобот рӯшан шуд ва 25 намояндаи дигар дар ин ҳавзаи интихобия ба иллати ба ҳадди нисоб нарасидани оро дар марҳилаи аввал дар рақобатҳои даври дувуми раъйгирӣ ширкат карданд. Баъд аз поёни интихобот ва эъломи натоиҷ аз сӯйи вазорати кишвар ба унвони муҷрии баргузории интихобот, Шӯрои Нигаҳбон бояд ба унвони нозир натоиҷи интихоботро таъйид кунад.
Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi