04:06:06 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СПАД: ХАВФ АЗ ЯКДИГАР

Муҳаққиқи рус перомуни аҳамияти стротегӣ доштани пойгоҳи нави Русия, ҳамчунин, эҳтимолияти интихоби геополитикии Ӯзбекистон ба манфиати ИМА андеша меронад.

Якуми август дар саммити СПАД (Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ) дар Бишкек қарор перомуни дар моҳи ноябри соли равон дар Қирғизистон кушода шудани пойгоҳи нави низомии Русия эълон гардид. Таъкид бояд кард, ки он пойгоҳи дуюми Русия дар ин мамлакат хоҳад буд. Аллакай дар шаҳри Кант иншооти низомие мавҷуд аст, ки дар он 400 нафар низомӣ ва ҳайати шахсии собиқ артиши-5-ум, ҳамчунин тайёраҳои қиркунандаи СУ-25 ва чархболҳои боркаши МИ-8 ҷой гирифтаанд.

Пойгоҳи низомӣ дар ҷануби мамлакат-шаҳри Боткент ҷойгир шуда, баталёни сарбозони рус ва маркази тамрину таълимиро барои ҳам сарбозони рус ва ҳам қирғиз дар бар мегирад. Хулоса кардан мумкин аст, ки ҳадаф аз бунёди пойгоҳи нави низомӣ дар Қирғизистон устувории на танҳо ин мамлакат, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказист.

Барои ҳама аҷиб намуд (вале танҳо дар назари аввал), ки ин иқдомро яке аз мамлакатҳои аъзои СПАД-Ӯзбекистон сахт муқобил баромад. Намояндаи Вазорати умури хориҷаи Ӯзбекистон дар изҳороти расмӣ чунин таъкид намудааст: «Амалӣ намудани ин гуна лоиҳаҳо метавонад раванди ҳарбикунонии минтақаро тезонида, вазъро дар минтақа ба таври ҷиддӣ ноором намояд ва ҳар гуна зуҳуроти миллатгароёнаро боис гардад».

Сабабҳои ин гуна рафтори Тошкандро муайян намуда, ҳолати ба вуҷудомадаро таҳлил кардан зарур аст. Гап сари он аст, ки худи созмони СПАД айни ҳол вазъи хеле мураккабро аз сар мегузаронад, ки дар роҳи инкишофи он наметавонад тақдирсоз гардад. Масъала чунин аст: оё СПАД ҳамчун созмони амалкунандаи робитаҳои минималии ҳарбиву техникӣ ва ҳамоҳангсози нерӯҳои мусаллаҳи мамлакатҳои аъзо боқӣ мемонад ё ба блоки комили низомӣ табдил меёбад, ки агар бо НАТО рақобат намуда натавонад ҳам, лоақал монеае мегардад дар роҳи паҳншавии он дар Осиёи Марказӣ.

Масалан, пешниҳоди Русияро дар мулоқоти моҳи декабри соли гузаштаи СПАД дар шаҳри Боровое (Қазоқистон) оид ба ташкил намудани Нерӯҳои дастаҷамъии Зудамал (НДЗ), ки « дар сатҳи нерӯҳои монанди НАТО самаранок хоҳад буд», аз ҳамин нуқтаи назар қабул кардан зарур аст. Ӯзбекистон дар он мулоқот аз иштирок дар муҳокимаи пешниҳоди мазкур худдорӣ карда буд. Президенти ФР Медведев дар саммит изҳор дошт: 

«Меандешем, ки имкони он вуҷуд дорад, ки шарикони ба зери ин ҳуҷҷатҳо имзонагузоштаамон дертар имзоҳояшонро мегузоранд. Мо барои андеша ва таҳлили вазъият ба онҳо вақт медиҳем. Ман Ӯзбекистонро дар назар дорам, ки шубҳаи зид дорад, вале эҳтимолияти имзо намуданашро зери ин ҳуҷҷатҳо инкор нанамудааст».

Хилофи интизориҳои Русия 23 июн Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон изҳороте нашр намуда, ки дар он гуфта шудааст: «Мамлакат зарурати ташкили Нерӯҳои Дастаҷамъии Зудамалро танҳо дар ҳамон сурат эътироф мекунад, ки он барои баргардонидани ҳуҷуми беруна истифода бурда шавад, на барои дахолат ба зиддиятҳои кӯҳнашуда дар ҳудуди ИДМ». «НДЗ набояд ба воситаи дахолат кардан ба зиддиятҳои мамлакати аъзои СПАД ва тамоми ИДМ табдил ёбад». Ҳамин тариқ канораҷӯии ин мамлакати аз нуқтаи назари геополитикӣ калидии Осиёи Марказӣ аз СПАД мушоҳида гардид.

Барои фаҳмидани он ки ин нахустин кажравӣ дар сиёсати Тошканд нест, зарур аст, ки таърихи на он қадар тӯлонии ИМД ва муносибатҳои Русияву Ӯзбекистонро ба хотир орем. Кӯшиши аввалини Ӯзбекистон барои даст кашидан аз ҳамкории стратегӣ бо Русия ва рӯ овардан ба Ғарб ба соли 1999 мувофиқ меояд. Маҳз дар ҳамин сол Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов оид ба баромадан аз ҳайати Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ изҳорот дода, «муколамаҳои васеъ»-ро бо Иёлоти Муттаҳида оғоз намуд. 

Дар худи ҳамин сол ӯ бо созмони имрӯз қариб ба фаромӯшӣ рафтаи ГУАМ (Гурҷистон, Украина, Озарбойҷон, Молдова) аъзо гардид, ки пасон созмон унвони ГУУАМ-ро гирифт. Амрикоиён ният доштанд, ГУУАМ-ро ба блоки иқтисодиву низомии тамоюли зиддирусиягидошта табдил диҳанд, вале созмон умри дароз надид. Ва ба ҳам наздикшавии Ӯзбекистону Амрико соли 2001-вақте ҷиҳати кӯмак ба ҳайати низомии Амрико пойгоҳи низомиро дар Хонобод ба ИМА, ки дар Афғонистон «амалиёти зиддитеррористӣ» мебурд, пешниҳод кард, ба нуқтаи кулминатсиониаш расид. 

Ҳамин тариқ, ин мамлакат зери сояи низомиву стратегии НАТО қарор гирифт. Вале «ошиқӣ»-и Тошканд бо ИМА ва НАТО тӯл накашид. Ҳукумати Ӯзбекистон аз амрикоиён на танҳо замонати амнияташро гирифтан мехост, балки ба кӯмак ҷиддии иқтисодии ИМА низ умедвор буд. Ва масъалаи дуюм барои Ӯзбекистон ниҳоят муҳим аст, зеро иқтисодиёти кишвар вазъи хароб дошта, рӯз то рӯз вазъият душвортар мегардад. 

Вале хилофи интизориҳо Тошканд барои истифодаи пойгоҳи низомӣ наздики 350 миллион доллар гирифт, ки ин маблағ барои Ӯзбекистон ниҳоят ночиз аст. Сардии ҳақиқӣ дар муносибатҳои Ӯзбекистону Амрико танҳо баҳори соли 2005-пас аз ҳодисаҳои маълум дар Андиҷон ба вуҷуд омад. Бераҳмона фурӯ нишондани нооромиҳо ва таъқиби намояндагони оппозитсион дар ин шаҳри калонтарини водии Фарғона аз ҷониби Ҳукумати Ӯзбекистон аз ҷониби маъмурияти Буш сахт маҳкум гардид. 

Ҳатто дар боби омодагӣ ба «инқилоби ранга» дар Ӯзбекистон овозаҳо пайдо гардиданд. Ба андешаи мо, воқеият каме дигаргун буд. Сабаби ошӯб дар Андиҷон мушкилоти амиқи дохилӣ буданд. Дар он айём Вашингтон ҳаргиз ҳокимияти Каримовро сарнагун кардан намехост, зеро ин амал вазъиятро боз нооромтар менамуд. Аммо аз ҳақиқат дур нест, ки ИМА аз вазъи нооромии бавуҷудомада истифода бурда, мехост ба ҳайси ҳакам баромад намояд, режими Тошкандро суст гардонад ва водор созад, ки ба суханонаш гӯш андозад. Чунин муносибат ба сиёсати «ҳимояи ҳуқуқ»-е, ки ИМА пеш гирифтааст, хос аст. Зеро ҳам ҳукумат ва ҳам оппозитсион аз зархаридони худи ИМА ташкил карда мешаванд.

Аммо бар хилофи интизориҳо Амрико роҳбарияти Ӯзбекистон на танҳо назди ИМА сар нафароварда минбаъд ба гузашт кардан розӣ нашуд, балки баръакс, аз Хонобод берун намудани пойгоҳи низомии ИМА-ро эълом дошт, бо Русия наздиктар шуд, узвияташро дар СПАД барқарор кард. Ва инак, мо дар як давраи кӯтоҳи пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ гардиши сеюмро дар сиёсати Ӯзбекистон мушоҳида менамоем.

Сабаби чунин дигаргуниҳо дар сиёсати Ӯзбекистон чист?

Алҳол дар Тошканд овозаҳо зиёданд, ки президенти Амрико Обама бо Ислом Каримов, ки то имрӯз (аз с.2005) ИМА-ро як давлати зиддидемократӣ медонист, вохӯрданист. Дар бораи мӯътадил гаштани муносибатҳои Ӯзбекистону Амрико низ овозаҳо паҳн мегарданд, ки беасос нест. Зеро агар Буш ба бадӣ ном бароварда муносибатҳои ИМА-ро на танҳо бо рақибон, балки бо тарафдоронаш низ тезутунд намуда бошад, 

Обама то ҳанӯз танҳо бо як кор машғул буд. Ба ҳамсояҳои дуру наздик паёмҳои дӯстона мефиристод ва рамзи сулҳ-шохаи зайтун дар даст сафарҳо мекард. Дар Осиё Обама якбора се мамлакат-Ҳиндустон, Хитой ва Покистонро шарикони стратегии худ эълон дошт ва барои ӯ аҳамияте надорад, ки ин давлатҳо дар минтақа мақсадҳои стратегии худро доранд, борҳо аз ҳам ранҷидаанд ва ҳар яке вазъятро ба таври худ мебинад. 

Сиёсати нави маъмурияти Амрико ба он нигаронида шудааст, ки минбаъд Амрико тарафдорони доимӣ нахоҳад дошт, танҳо манфиатҳо доимӣ хоҳанд шуд. Шарикони худашро ИМА дар масофаи муайян нигоҳ дошта, вобаста ба вазъият ин ё он мамлакатро ҳамчун «бародари калонӣ» ёрӣ мерасонад. Ӯзбекистон бошад, мехоҳад ду мақсадашро амалӣ созад: кафолате дошта бошад, ки Амрико бо истифода аз усули «инқилоби ранга» ё сенарияи дигар низоми Тошкандро тағйир доданӣ намешавад ва ҳамчунин статуси мамлакати калидиро дар Осиёи Марказӣ ба даст орад.

Воқеан, Ӯзбекистон дар минтақа мақоми хоса дорад. Аввалан, аз рӯи ҷойгиршавӣ он мамлакати марказист ва аҳолияш низ аз ҳама зиёдтар аст. Сониян, потенсиали саноатии он новобаста ба харобшавии идомадошта ҳанӯз ҳам нисбат ба ҳамсояҳояш Тоҷикистону Туркманистон ва Қирғизистон бузургтар аст. Ва сеюм, дар ҳудуди мамлакатҳои ҷудогона миқдори зиёди намояндагони миллати ӯзбек ва қабилаву қавмиятҳое умр ба сар мебаранд, ки ба ӯзбекҳо наздиканду дар нақшаҳои сиёсати хориҷии Тошканд истифода шуданашон мумкин аст. 

Кисмати зиёди аҳолии музофотҳои шимолу ғарбии Афғонистонро ӯзбекҳо ташкил менамоянд. Қисми асосии аҳолии вилояти Суғди Тоҷикистон низ ӯзбекҳо ва қабилаҳои ба онҳо наздики тоҷикон мебошанд. Фоизи ӯзбекҳо дар ду вилояти Қирғизистон-Ӯш ва Ҷалолобод, ки ба ҳайати водии Фароға дохил мешаванд, низ зиёд аст. 

Хотиррасон менамоем, ки соли 1990 дар Ӯш задухӯрдҳои хунини байниқабилавӣ ба вуҷуд омада буданд. Аҷаб аст, ки пойгоҳи низомии Русия дар Боткент-маҳали аҳолинишини ҳудуди вилояти Ӯш ҷойгир хоҳад шуд. Яке аз сабабҳои асосии ин гуна қарори Ҳукумати Қирғизистон аз хавфи он аст, ки мабодо рӯзе «ҳамсояи бузург ва тавоно» бо даъвои ҳудудӣ ин заминҳоро ба ҳудуди Ӯзбекистон ҳамроҳ намояд.

Ба ҳар ҳол, Тошканд имрӯз худро ҳамчун пойтахти давлати абарқудрати минтақа муаррифӣ карданист ва барои он фарқе надорад, ки ин мақомро Амрико эътироф менамояд ё Русия. Ҳоло бошад ҳам Русия ва ҳам ИМА Қазоқистонро мамлакати рақами 1-и минтақа мешуморанд, ки тавонотар аст, захираҳои табии ғанитарро соҳиб аст ва сиёсати хориҷии худро хеле моҳирона ба роҳ мондааст. 

Обама пешниҳодҳои Ӯзбекистонро қабул мекарда бошад ё не, вақт нишон медиҳад. Барои Русия бошад, дар шароити кунунӣ зарур аст, ки робитаҳояшро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ на танҳо дар соҳаҳои сиёсату низомӣ, балки иқтисодӣ низ густариш диҳад. Азхудкунии захираҳои обу энергетика, сохтмони роҳҳои нақлиётӣ, ки Аврупо ва Федератсияи Русияро бо соҳилҳои уқёнуси Ҳинд пайвандад (амалисозии ин нақша бидуни дахолати фаъолонаи Русия ба вазъи Афғонистон ғайриимкон аст-албатта, на ба хотири дастгирии НАТО), лоиҳаҳои кишоварзӣ ин аст рӯйхати нопурраи он нақшаҳое, ки Маскав метавонад дар минтақа анҷом диҳад. 

Вақтҳои охир тамоюлҳои мусбат дар ин самт мушоҳида мешаванд. Русия ба Қирғизистон ба маблағи 1 миллиард доллар қарз ҷудо намуд. Президент Медведев ҳангоми сафари охирини худ ба Тоҷикистон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи НБО-и Сангтӯда, ки бо кӯмаки Русия бунёд гардида, дар бораи дар минтақа амалӣ намудани нақшаҳое низ, ки аз рӯи ҳаҷму андоза ба бунёди нерӯгоҳ баробаранд, сухан ронд. 

Муҳим он аст, ки ин суханон мисли об рӯи рег нарезанд ва нақшаҳо оид ба инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ аз ҷониби соҳибмансабони ғаразноку кӯтоҳназари вазоратҳои мо зери пой наафтанд. Аз муваффиқияти онҳо ҳам фардои СПАД ва ҳам СҲШ-ву ҳам Русия дар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ вобаста хоҳад буд.
  
Александр Кузнетсов, «РКБ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi