17:23:27 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПУТИН: РУСИЯ БА АРТИШИ ҚАВӢ НИЁЗ ДОРАД

Ду ҳафта пеш аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия Владимир Путин, нахуствазири ин кишвар, ки аз номзадҳои асосии интихобот аст, аз навсозии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ҳимоят кардааст. Ӯ дар мақолае дар рӯзномаи "Российская газета" навишт: "Мо набояд бо заъфи худ касеро таҳрик кунем."

vladimir_putinБисёриҳо муътақиданд, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба таърихи 4 март оқои Путин пирӯз хоҳад шуд. Тазоҳуроти густардае ба тарафдорӣ ва алайҳи бозгашти эҳтимолии ӯ ба қудрат баргузор шудааст. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия рӯзи душанбеи 20 март дар талоше барои коҳиши эътирозот бо раҳбарони ҷунбиши мухолифон мулоқот кардааст.

Ин нахустин мулоқот аз ин навъ пас аз пирӯзии ҳизби Русияи Муттаҳид, ҳизби тарафдори оқои Путин дар интихоботи порлумонии моҳи декабр аст. Ин интихобот бо иддаъоҳое мабнӣ бар тақаллуби густарда ҳамроҳ будааст.

Агарчи дар бораи масоили матруҳа дар ин мулоқот аз суи Кремлин иттилоъе мунташир нашуда, аммо Сергей Удалтсов, яке аз чеҳраҳои калидии мухолифон дар Твитари худ навиштааст онҳо дар мавриди ислоҳоти сиёсӣ баҳс хоҳанд кард ва бргузории интихоботи озодро тақозо мекунанд.

Ин мулоқот ба дунболи интишори гузоришҳо дар бораи вуқуъи кашмакаш миёни фаъъолони мухолифон ва тарафдорони оқои Путин дар муқобили сохтмони шаҳрдории Маскав субҳи рӯзи душанбе баргузор мешавад. Ҳар ду ҷониби ин ҷанҷол талош доштанд ба шаҳрдорӣ тақозо дар бораи баргузории тазоҳурот дар рӯзи 5 март, як рӯз баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳуриро ироа диҳанд.

Рӯзи якшанбе садҳо ронанда дар Маскав наворҳои сафедро ба эҳтизоз дароварданд ва ба ҳаво бодкунакҳо сар доданд, ки ҳар ду рамзи ҷунбиши мухолифат буданд. Рӯзи шанбе ҳаракати ронандаҳо ба тарафдорӣ аз оқои Путин баргузор шуд.

Дар матлаби рӯзи душанбе дар рӯзномаи "Российская газета" Владимир Путин, аз номзадҳои асосии интихобот гуфт Русия дар назар дорад тайи даҳ соли оянда ба андозаи 772 миллиёрд дулор дар бахши низомӣ сарф кунад. Ин маболиғ аз ҷумла барои сохтани 400 мушаки болистики байниқораӣ, беш аз 600 ҳавопаймои низомӣ, зердарёиҳои атумӣ ва системи дифоъи мушакии S-400 истифода хоҳад шуд.

Оқои Путин гуфт Русия ҳаргиз аз тавоноии билқувваи истротежики боздорандаи худ мунсариф нахоҳад шуд ва бояд барои сӣ ило панҷоҳ соли дигар барномаи роҳбурдӣ дошта бошад. Ӯ афзуд Маскав ба барномаи истиқрори сипари дифоъи мушакии НОТУ дар Урупо посухи "муассир ва ғайримутақорин" хоҳад дод.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi