17:45:09 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲУШДОРИ ВАЗИРИ ХОРИҶАИ БРИТОНИЁ АЗ "ҶАНГИ САРДИ НАВ" АЗ СӮЙИ ЭРОН

Вилём Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё, ҳушдор додааст, ки баландпарвозиҳои ҳастаии Эрон метавонад Ховари Миёнаро ба сӯйи "як ҷанги сарди ҷадид" савқ диҳад. Оқои Ҳейг дар гуфтугӯ бо рӯзномаи "Телегроф" гуфт: "Агар Эрон таслиҳоти ҳастаӣ тавлид кунад, дигар кишварҳо дар саросари Ховари Миёна мехоҳанд, ки кори мушобеҳе бикунанд."

william_hagueКишварҳои ғарбӣ ҳамвора Эронро муттаҳам мекунанд, ки дар фаъъолиятҳои ҳастаии худ аҳдофе низомиро дунбол мекунад, вале Эрон таъкид дорад, ки барномаи ҳастаии ин кишвар бо аҳдофи сулҳҷӯёна ва барои корбурдҳои ғайринизомӣ дунбол мешавад.

Оқои Ҳейг дар мусоҳиба бо "Телегроф" гуфтааст, ки "як бӯҳрон дар ҳоли шаклгирӣ аст." Ӯ изофа кард: "(Эрон) ба таври возеҳе барномаи таслиҳоти ҳастаии худро идома медиҳад."

Вазири умури хориҷаи Бритониё гуфт: "Агар онҳо тавони тавлиди таслиҳоти ҳастаиро ба даст оваранд, ба назари ман, дигар кишварҳо дар саросари Ховари Миёна хоҳанд хост, то ба таслиҳоти ҳастаӣ даст ёбанд."

Ӯ гуфт: "Дар натиҷа, мумкин аст хатарноктарин даври иқдомоти (кишварҳо) барои таксири ҳастаӣ бо тамоми паёмадҳое, ки дар эҷоди бесаботӣ дорад, дар Ховари Миёна оғоз шавад."

Оқои Ҳейг изофа кардааст, ки чунин шароите "хатари бурузи як ҷанги сарди ҷадид" дар Ховари Миёнаро ба дунбол дорад, бидуни он ки тамоми "меконисмҳои амниятии" зарурӣ фароҳам бошад."

Ӯ гуфт: "ин шароит метавонад як фоҷеъа дар умури ҷаҳонӣ бошад."

Рузи ҷумъаи 18 феврал Амрико ва Иттиҳодияи Урупо нисбат ба имкони оғози дубораи музокироти ҳастаӣ бо Эрон ибрози умедворӣ карданд. Гузориш шудааст, ки Саъид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, дар номае ба Котрин Эштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, омодагии худро барои идомаи гуфтугуҳои ҳастаӣ бо гуруҳи 5+1 эълом кардааст.

Ҳилорӣ Клинтун, вазири умури хориҷаи Амрико, гуфтааст, ки номаи Эрон ба Амрико ва муттаҳидонаш "ҳамон (посухе) буд, ки мо мунтазираш будем." Музокироти Эрон бо гурӯҳи 5+1 бар сари фаъъолиятҳои ҳастаии ин кишвар аз наздик ба як сол пеш мутаваққиф шудааст.

Гурӯҳи 5+1 бо ҳузури намояндагоне аз кишварҳои Амрико, Бритониё, Фаронса, Олмон, Русия ва Чин ташкил шудааст. Дар моҳҳои ахир бо таҳримҳои ҷадиди Иттиҳодияи Урупо ва Амрико алайҳи Эрон, фишори кишварҳои ғарбӣ барои таваққуфи фаъъолиятҳои ҳастаии ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Дар айни ҳол, вазири умури хориҷаи Бритониё бо таъкид бар ин ки Бритониё аз иқдоми низомӣ алайҳи Эрон ҳимоят намекунад, ба "Телегроф" гуфт: "Мо аз истротежии дугона, (яъне) эъмоли таҳримҳо аз як сӯ ва фишор барои музокира аз сӯйи дигар, ҳимоят мекунем."

Ӯ гуфт "тамоми гузинаҳо бояд рӯйи миз бошад", вале ҳамлаи низомӣ метавонад "осори манфии қобили таваҷҷуҳе" дошта бошад."

Ӯ гуфт: "Дар шароити кунунӣ мо аз идеи ҳамлаи низомии ҳеч кас ба Эрон ҳимоят намекунем."

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi