02:09:59 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БЕРДИМУҲАММЕДОВ ИНТИХОБОТИ ТУРКМАНИСТОНРО БО 97% ОРО БУРД

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳури Туркманистон бо касби 97 дарсади кулли оро барои давраи ҷадид, раиси ҷумҳурӣ интихоб шуд. Вай дар ин интихобот, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, бо ҳафт номзади дигар рақобати намоишӣ дошт.

turkmenistan presidentСозмони Амният ва Ҳамкории Урупо, ки қаблан аз адами ислоҳоти демукротик дар ин кишвар ибрози норизоятӣ карда буд, нозирони худро ба ин интихобот нафиристод. Туркманистон, ки ҷамъияти 5.5 милюннафариаш аксаран мусулмон аст, яке аз кишварҳои саркубшудатарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Хабаргузории AFP гузориш кардааст, ки муҷрии телевизюни давлатии Туркманистон субҳи рӯзи якшанбе гуфтааст: “Интихобот нишонгари бебозгашт будани раванди демукросӣ дар кишвар аст.”

Муҷрӣ афзудааст: “Мардум аз вазифаи муҳимми худ дар баробари Ватан огоҳ буда ва фарди шоистатаринро аз миёни ҳашт номзад ба раёсати ҷумҳурии Туркманистон интихоб хоҳанд кард.”

Ҳарчанд ба гуфтаи коршиносон, касе интихоби оқои Бердимуҳаммедовро ба давраи тозаи раёсати ҷумҳурӣ баъид намедонист. Ҳафт номзади дигар ба ин симмат дар ҷараёни таблиғоти интихоботии худ Қурбонгули Бердимуҳамедовро ситоиш мекарданд. Гуфта мешавад, дар марокизи раъйгирӣ ҳунармандон бо пӯшиши миллӣ дар васфи ӯ овозхонӣ мекарданд ва барои раъйдиҳандагон маводди ғизоӣ ва кодуҳо тавзеъ мешуд.

Пас аз ин ки оқои Бердимуҳаммедов дар соли 2007, баъди марги Сапармурат Ниёзов раиси ҷумҳури Туркманистон интихоб шуда буд, вай ваъда дода буд, ки ислоҳоти сиёсӣ анҷом хоҳад дод. Бино ба гузоришҳо кеши шахсияти Сапармурат Ниёзов аҷибу ғариб буд. Барои мисол моҳҳои сол ба муносибати аъзои хонаводаи ӯ номгузорӣ шуда буданд, дар саросари кишвар муҷассамаҳои тиллоии ӯ бунёд шуданд ва китоби вай дар бораи таърих, дар барномаи ҳатмии таълимии мактабҳои ҳамагонӣ ворид шуда буд.

Райҳон Дмитрӣ, гузоришгари Би-би-сӣ дар Қазоқистон, кишвари ҳамсояи Туркманистон мегӯяд, ки аз панҷ соли ҳукумати Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба назар мерасад, ки ӯ аз пешвои қаблии худ фарқи зиёде надоштааст. Вай мегӯяд, аксҳои ӯ дар ҳамаи ҷо пайдост ва ӯ чандин китоб дар бораи пизишкӣ ва асбҳои туркманӣ навиштааст ва яке аз ягонҳои низомии Туркманистон ба номи падари Бердимуҳаммедов номгузорӣ шудааст.

Гузоришгари мо меафзояд, ки оқои Бердимуҳаммедов ба монанди президенти собиқ милюнҳо дулор пули ҷамъиятиро барои иҷрои тарҳҳои бузурги сохтмонӣ, ки ҷомеъа ба онҳо камтар ниёз дорад, масалан хутелҳои хушгузаронии мармарӣ дар соҳили Дарёи Хазар масраф мекунад. Зимнан Туркманистон аз назари мизони захираи гози табиъӣ дар ҷаҳон ҷойи чаҳорумро касб мекунад ва бо Чин муомилаҳои милюрддулорӣ имзо кардааст.

Иттиҳодияи Урупо низ алоқаманд аст, гози Туркманистонро харидорӣ кунад. Вале гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз Иттиҳодияи Урупо барои ин, ки мехоҳад бо яке аз реҷимҳои саркубгари ҷаҳон тиҷорат дошта бошад, интиқод мекунанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi