22:53:13 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

НАТО: "ҚАСДИ ҲАМЛА БА ЭРОНРО НАДОРЕМ"

НАТО мегӯяд, қасд надорад, дар рӯёрӯӣ бо барномаи ҳастаии Эрон, вориди даргирии низомӣ шавад. Ин дар ҳоле аст, ки расонаҳои Исроил гузориш медиҳанд, ки ҳузури низомии Амрико дар минтақаи халиҷи Форс ба шиддат афзоиш ёфтааст.

НАТОБа гузориши хабаргузории «Интерфакс»-и Русия, Ҷемс Аппатурай, намояндаи вижаи НАТО барои Қафқоз ва Осиёи Миёна, рӯзи ҷумъа дар донишгоҳи Боку дар посух ба як пурсиш дар хусуси дахолат кардан ё накардани НАТО дар маъракаи иқдоми низомӣ алайҳи Эрон таъкид кард, ки масъалаи ҳастаии Эрон дар дастури кори НАТО қарор надорад ва ин масъала дар маҳофили дигаре метавонад матраҳ шавад. Вай бо таъкиди ин нуқта, ки паймони НАТО ҳамчунон ба фишорҳои дипломатӣ ва иқтисодӣ пофишорӣ дорад, ин иқдомҳоро таъсирбахш донист ва афзуд, ки интизор меравад ин фишорҳо шиддат бигиранд.

Ба иловаи таҳримҳои шадиди Ғарб алайҳи Эрон, вақтҳои ахир бархе мақомҳои исроилӣ мавзӯи эҳтимоли ҳамлаи низомии Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эронро дар сурати шикасти таҳримҳои байналмилалӣ матраҳ карданд. Бо ин ҳол Фаронса, Русия, Амрико ва бархе ҳампаймонони Исроил нисбат ба оқибатҳои ногувори ҳамлаи низомӣ ҳушдор додаанд ва Эрон низ борҳо эълом кардааст, ки дар сурати ҳар гуна ҳамла ба хоки ин кишвар, даст ба ҳамлаи ҷавобӣ хоҳад зад.

Ҷеймс Аппатурай рӯзи ҷумъа таъкид кард, ки тамоми ҷаҳон, аз ҷумла аъзои НАТО хостори пойбандии Эрон ба ӯҳдадориҳои байлалмилалиаш дар баробари энержии ҳастаӣ ҳастанд ва мехоҳанд боварӣ ҳосил кунанд, ки фаъолиятҳои ҳастаии Эрон комилан сулҳомез аст. Вай афзуд, ки ҳамкорӣ накардани Эрон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, нигарониҳоеро эҷод кардааст ва афзуд, ки агар Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад, тамоми минтақа суботи худро аз даст медиҳад.

Ғарб ба ин бовар аст, ки барномаи ҳастаии Эрон дорои ҳадафҳои низомӣ аст ва қасд дорад бо ворид кардани таҳримҳои сахт, фаъолиятҳои ҳастаии Эронро боз дорад. Бо ин ҳол, Эрон ҳамеша бо таъкид ба сулҳомез будани барномаи ҳастаияш, дастёбӣ ба энержии ҳастаиро ҳаққи худ дониста таъкид кардааст, ки ин фаъолиятҳоро қатъ нахоҳад кард.

Рӯзи шанбе раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, Теҳрон то чанд рӯзи дигар тарҳҳои муҳими ҳастаияшро муаррифӣ хоҳад кард. Аҳмадинажод гуфт, “дар рӯзҳои наздик мо шоҳиди ифтитоҳ ва баҳрабардорӣ аз  барномаҳои ҷадиди ҳастаӣ дар Эрон хоҳем шуд.”

Маҳмуди Аҳмадинажод, ки дар як раҳпаймоӣ ба муносибати солгарди 33-юми инқилоби исломии Эрон сӯҳбат мекард, аз ҷузъиёти тарҳҳои ҷадиде, ки эълом хоҳанд шуд, чизе нагуфт. Аммо изҳороти ӯ  ҳатман боиси афзоиши таниши Эрон бо кишварҳое хоҳад шуд, ки Ҷумҳурии исломиро ба таъқиби барномаи таслиҳоти ҳастаӣ айбдор мекунанд.

Дар расми таҷлил аз солгарди инқилоби исломӣ дар майдони Озодии Теҳрон як нусхаи ҳавопаймои бесарнишини Амрикоро ҳам ба намоиш гузошта буданд. Эрон ин ҳавопайморо моҳи декабр дар наздикии марзаш бо Афғонистон суқут дода буд.

«Озодӣ»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi