02:13:47 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ОЛАМЕ ДАР МОТАМИ "МУРҒИ НАҒМАХОН" УИТНӢ ҲЮСТОН

Овозхони маъруфи амрикоӣ Уитнӣ Ҳюстон дар синни 48 дар Лос-Анҷелес ба дунё падруд гуфт. Уитнӣ Ҳюстон дар солҳои 80 ва 90 бо таронаҳое, чун  "How Will I Know," Saving All My Love"  ва "I Will Always Love You", ва ҳам бо иҷрои нақши асосӣ дар филми “Муҳофиз”  шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кард, вале мӯътодӣ ба маводи мухаддир ӯро аз ин арши шӯҳрат пойин овард ва дар солҳои охир бештар аз мушкилоти шахсии ӯ сӯҳбат мешуд, то аз таронаҳои нави Уитнӣ.

Иллати марги Уитнӣ Ҳюстон, ки зӯҳри шанбе дар ҳуҷрааш дар меҳмонсарои “Beverly Hilton” иттифоқ уфтод, ҳанӯз рӯшан нест. Аммо пулис мегӯяд, дар ин қазия “ягон нишонаи ошкори қасди ҷиноӣ” нест. Аммо ба муҷарради шунидани хабари марги овозхон, ҳаводорони Уитнӣ Ҳюстон дар даври “Beverly Hilton” ҷамъ шуда, ба рӯшан кардани шамъҳову хондани таронаҳои ӯ пардохтанд.

Монет Митчелл, яке аз шефтаҳои ҳунари Ҳюстон аст, ки мегӯяд, бо рафтани ӯ улгуе нотакрор аз саҳна рафт: “Рафтани ӯ  дилҳоро хароб кард. Ӯ яке аз бузургтарин хонандагони тамоми давру замонҳост. Ман аз овони тифлиам таронаҳои ӯро гӯш мекардам. Бовар намеояд, ки ӯ  дигар нест. Ман барои ӯву хонаводааш дуо хоҳам кард.”

Марги Уитнӣ Ҳюстон болои расми тақдими ҷоизаҳои  “Grammy”, ки рӯзи якшанбе дар Лос-Анҷелес мегузарад, низ соя хоҳад андохт. Интизор мерафт, ки ӯ низ дар ин маросим ширкат кунад. Мудири “Grammy” Нейл Портнов Ҳюстонро “яке аз бузургтарин овозхонҳои дунё” баршумурд, ки дар рушди мусиқии сӣ соли охир нақши фавқулодда доштааст. Ҳомии ҳуқуқ Рев Ал Шарптон гуфт, “ҷаҳон бояд сукут ихтиёр карда, ба ёди ин мурғи нағмахони пуристеъдод дасти дуо кушояд.”  Мария Керей дар Twitter навишт, ки Уитнӣ Ҳюстон “ ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо нахоҳад рафт, чунки ӯ яке аз бузургтарин садоҳоест, ки дар сайёраи мо арзи ҳастӣ кардаанд.”

Модари Уитнӣ Ҳюстон дар калисо тарона мехонд. Уитнӣ соли 1963 дар аёлати Ню-Ҷерсӣ ба дунё омада, роҳаш ба дунёи ҳунарро аз хондани таронаҳои мазҳабӣ ва соул оғоз кард. Ибтидо дар калисо тарона мехонд ва сипас дар шабистонҳои Ню-Йорк. Дар солҳои 80 ва 90 шӯҳрати ӯ ба авҷи аъло расид, вале мӯътодӣ дар ниҳоят корашро кард ва ҷаззобияти садои Уитнӣ Ҳюстонро аз байн бурд. Аз Ҳюстон дар баробари таронаҳои олияш як духтар –Кристина низ ба ёдгор монд, ки меваи издивоҷи дар соли 2007 қатъшудаи ӯ бо Боббӣ Браун аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi